Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

19.09.2012 17:45, шаҳри Хоруғ

Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!

Дар доираи сафари навбатии кории худ мо тасмим гирифтем, ки имрӯз бо ширкати роҳбарону фаъолон, инчунин аҳли ҷамоатчигии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатии доир ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят қабулшуда, инчунин ҳолати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди устувори тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳар як гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти давлатӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

То имрӯз ба хотири ободии шаҳру навоҳии вилоят ва беҳбудии рӯзгори сокинони он ҳамаи чораҳои мушаххас андешида шуда, иқдомҳои неку созанда дар ин самт минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат, аз ҷумла сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз мақсадҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, маблағгузориҳои давлатӣ дар ин ҷода торафт зиёд гардида истодаанд.

Агар дар давоми солҳои 1992 – 2000-ум аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тараққиёти вилоят ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин рақам ба шарофати сулҳу субот ва оромии саросарии кишварамон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ аз соли 2001-ум то имрӯз 4 миллиарду 646 миллион сомониро ташкил кардааст, ки он асосан ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷети вилоят равона карда шудааст.

Дар ин давра дар вилоят аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо дарназардошти лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ки аз ҷониби Ҳукумат татбиқ гардидаанд, зиёда аз 950 иншооти хурду бузург ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон бо ин, аз соли 1992 то ба имрӯз аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ танҳо барои тараққиёти шаҳри Хоруғ 253 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети шаҳр равона гардидааст.

Танҳо дар давоми даҳ соли охир тавассути вазорату идораҳо ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ 120 иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи беш аз 175 миллион сомонӣ, сохта ба истифода дода шудааст, ки 151 миллион сомонии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад.

Аз ҷумла, танҳо тавассути Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат аз соли 2007 сар карда, сохтмону азнавсозии 11 иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Хоруғ, аз ҷумла бинои гимназияи Президентӣ барои 640 ҷой ва хобгоҳи он, хобгоҳ барои донишҷуёну устодони Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, азнавсозии беморхонаи марказӣ, толори варзишӣ, Кохи ҷавонон, азнавсозии театри ба номи Меҳрубон Назаров, варзишгоҳи марказии шаҳр, биноҳои прокуратураи вилоятӣ, Раёсати корҳои дохилӣ, Кумитаи вилоятии андоз, филиали бонкҳо, азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо, инчунин сохтмони хонаи истиқоматӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз аксари иншооти мазкур мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Агар дар зарфи 21 соли истиқлолият даромадҳои дохилии буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамагӣ 127 миллион сомониро ташкил карда бошанд, пас дар ин давра ба вилоят аз ҳисоби субвенсия 472 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Яъне маблағҳои субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ нисбат ба даромадҳои буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 3,7 баробар зиёд мебошанд.Умуман, дар ин давра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пӯшонидани хароҷоти буҷети вилоят ва пардохти нафақа ба маблағи 772 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо гардидааст.

Ҳамасола дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорони хурду миёна ба манбаъҳои молиявӣ афзун гардида, аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ дар 5 соли охир ба маблағи умумии қариб 465 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд. Имрӯз қарздиҳии хурд омили асосии рушди соҳибкории инфиродӣ гардида, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат карда истодааст.

Дар вилояти Суғд соли ҷорӣ бунёди 100 корхонаи нави истеҳсолӣ ва ташкили беш аз 6000 ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз қисми зиёди онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд.

Ҳарчанд дар давоми солҳои истиқлолият шумораи ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо дар вилоят аз 8 то ба 37 адад зиёд шуда бошад ҳам, вале мо хуб медонем, ки шароити пешниҳоди қарзҳо ва миқдори захираҳои қарзӣ ҳоло ҳам кифоя намебошад.

Бинобар ин, ман доим таъкид менамоям, ки қарздиҳии хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат тадриҷан афзоиш дода шавад.

Аз ин рӯ, ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ тавсия дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи бештар дастгирӣ кардани субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагии мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар баробари ин, дар самти таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят то имрӯз 14 лоиҳаи муштараки инвеститсионии Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 550 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло боз 9 лоиҳа бо арзиши 670 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки онҳо барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, бунёди нерӯгоҳҳо ва рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, азхудкунии замин, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии он, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона карда шудааст.
Инчунин дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳо» барои барқарор кардани шабакаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ беш аз 18 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардида истодаанд.

Дар маҷмӯъ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳаҷми маблағҳои азхудкардашуда ба сари ҳар як нафар аҳолии вилоят беш аз 1800 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар миқёси мамлакат мебошад.

Дар баробари ба даст омадани ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар ҳамаи самтҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат амалӣ шуда истодаанд. Махсусан, садҳо километр роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, ки садсолаҳо ҷони мардуми кишварро ба хатар мегузоштанд, тахту ҳамвор ва бунёд карда шудаанд. Таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Мурғоб-Кулма, Шкев –Зиғар, Шоҳон – Зиғар ва амалишавии робитаи доимии нақлиётии вилоят бо маркази мамлакат аз ҷумлаи корҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, бо истифода аз кӯмаки беруна Ҳукумат тавассути ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар 7 соли охир дар вилоят зиёда аз 244 миллион сомонӣ маблағро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ҷалб кардааст.

Инчунин дар давраи солҳои 2000-2011 ва нимсолаи аввали соли 2012 ба вилоят ба маблағи умумии қариб 200 миллион сомонӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ ворид гардидааст.

Бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои вилоят Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳои ватаниву хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ ва амалисозии Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои солҳои 2011-2015 чораҳои муассирро амалӣ намоянд.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар тӯли солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфта, ҳоло 13 корхона ва 27 сехҳои хурди саноатӣ фаъолият доранд. Агар соли 1991 корхонаҳои саноатии вилоят ба миқдори 21 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда бошанд, пас дар соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,6 баробар афзоиш ёфта, ба 55 миллион сомонӣ расидааст.

Вале дар самти рушди истеҳсолот ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар вилоят имконияту захираҳо ҳанӯз хеле зиёданд.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо вазорату идораҳои мамлакат вазифадоранд, ки дар самти рушди соҳибкории истеҳсолӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Масалан, тибқи маълумот дар соли хониши 2011-2012 шумораи хонандагони мактабҳои умумии вилоят 41 ҳазор нафарро ташкил кардааст. Ҳоло худатон тасаввур кунед, ки агар дӯхтани либоси мактабӣ барои 41 ҳазор хонанда дар худи вилоят ба роҳ монда шавад, чӣ қадар ҷойи корӣ ва даромади аҳолӣ афзоиш ёфта, ба буҷети маҳаллӣ чӣ қадар даромад мешавад.

Ҳамзамон бо ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор доир ба ҳалли масъалаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» чораҷӯӣ намоянд.

Зеро мавқеи ҷойгиршавии минтақа ва роҳи мошингарди Хоруғ – Кулма имкон медиҳад, ки тавассути сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ воридоти технологияҳо аз хориҷи мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва таъмини бозори дохилӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монда шавад.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар давраи то соли 2015» барои таъмиру таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо, корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ, инчунин барои рушди соҳаи заргариву коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ба маблағи зиёда аз 21 миллион сомонӣ сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари маблағҳои сармоягузорӣ ва ташкили иқтидорҳои нави истеҳсоливу коркард чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 ширкати хориҷӣ ва 3 ширкати ватанӣ дар 9 кон корҳои омӯзишиву геологиро ба роҳ мондаанд, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ танҳо дар 6 кон қариб 32 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Саридораи геология танҳо дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ корҳои иктишофию геологӣ иҷро гардида, минбаъд низ дар ин самт афзоиши маблағгузориҳои буҷетиву сармоягузории хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳудуди вилоят барои рушди саноати маъдан имкониятҳои фаровон мавҷуданд. Ҳоло барои ҷустуҷӯ ва истихроҷи 7 кон дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа ва Мурғоб барои фаъолияти ширкатҳои дохилӣ ва хориҷӣ 57 иҷозатнома дода шуда, то имрӯз бештар аз 42 конҳои мухталиф, аз ҷумла конҳои тиллову нуқра, лаълу лазурит, инчунин 50 намуди сангҳои қиматбаҳо муайян карда шудааст.

Бинобар ин, бо дарназардошти зарурати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ Саридораи геология вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати вусъатбахшии корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ дар вилоят ва бо истифода аз сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди сарватҳои табиӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд.

Ҳамзамон, барои рушди соҳаи саноати вилоят тибқи “Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013” бунёди 30 корхона бо фарогирии 700 нафар шаҳрвандон дар назар аст.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.

Ҳукумати мамлакат ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамаи имконияту воситаҳоро сафарбар намудааст. Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон дар вилоят ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ 33 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки иқтидори умумиашон 31,8 мегаваттро ташкил медиҳад.

Ҳоло сохтмони боз 3 нерӯгоҳ бо маблағи умумии 58 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла корҳои лоиҳакашӣ ва азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии «Мурғоб» шурӯъ гардида, инчунин сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар водии Язғулом ва боз як нерӯгоҳи барқи обӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ мавриди амал қарор доранд, ки тибқи нақша то охири сол бояд ба истифода супорида шаванд.

Дар баробари ин, Ҳукумати кишвар бо мақсади дастрасии бештари аҳолӣ бо нерӯи барқ, аз ҷумла ба оилаҳои камбизоати маҳалҳое, ки аз шабакаҳои барқӣ дар масофаи дур воқеъ гардидаанд, тавассути мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо 1800 адад дастгоҳҳои нерӯи барқи офтобиро ба таври ройгон тақсим намуд.

Агар ҳар як оиларо шашнафарӣ ҳисоб кунем, ин миқдор дастгоҳҳо эҳтиёҷоти қариб 11 ҳазор нафар сокинони вилоятро бо барқ таъмин мекунад.

Бояд гуфт, ки ҳоло ба истиснои ноҳияи Мурғоб сокинони ҳамаи ноҳияҳои вилоят дар чор фасли сол аз 20 то 24 соат бо қувваи барқ таъмин мебошанд.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 «Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» дар вилоят дар се марҳала сохтмони боз 16 адад нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар назар аст.

Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати энергетика ва саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои барномаи мазкур мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Тибқи шартномаи консессионӣ рушди соҳаи энергетикаи вилоят ба зиммаи Ҷамъияти саҳҳомии «Помирэнерҷӣ» вогузор гардида, ҷиҳати рушди соҳаи энергетикаи вилоят маблағҳои инвеститсионӣ ҷалб ва истифода шуда истодаанд.

Аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузории муштарак бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба маблағи умумии 39 миллион доллари амрикоӣ ё қариб 200 миллион сомонӣ барои рушди бахши знергетика амалӣ шуда истодаанд.

Аз ин рӯ, Ширкати «Помирэнерҷӣ» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати омодагии системаи энергетикии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон чораҷӯӣ намоянд.

Илова бар ин, ба Ҷамъияти «Помирэнерҷӣ» зарур аст, ки асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳи барқи обии Себзорро дар ноҳияи Роштқалъа ҳарчи зудтар ба итмом расонида, ҷиҳати таҳияи асосноккунии техникиву иқтисодии нерӯгоҳи Санобод бо иқтидори лоиҳавии 125 мегаватт чораҷӯӣ намояд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ҷиҳати омодагии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва аҳолии вилоят ба мавсими тирамоҳу зимистон, аз ҷумла кашонидан ва захира кардани ҳаҷми зарурии молҳои озуқавориву маводи сӯзишворӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Таъкид месозам, ки дар навбати аввал бояд аҳолӣ ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ ба зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дошта бошанд.

Дӯстони азиз!

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят соли 2011-ум 451 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2000-ум 370 миллион сомонӣ ё худ 5,6 баробар зиёд аст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳа дар вилоят танҳо дар 6 соли охир дар доираи барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла рушди соҳаи қутоспарварӣ, тухмипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғдорӣ ва ғайра беш аз 5 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, инчунин 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10,5 миллион сомонӣ мавриди амал қарор дорад.

Илова бар ин, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути бонкҳо барои рушди соҳибкорӣ, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ 15 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон майдони заминҳои кишт 9 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва истифодаи дурусту самараноки он яке аз омилҳои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ мебошад.

Бо иқдоми Ҳукумати мамлакат давоми солҳои 2003-2012 дар вилоят беш аз 1000 гектар заминҳо обёрӣ карда шудаанд, ки дар натиҷаи ин иқдом беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил ёфта, сатҳи зиндагии садҳо оила хеле беҳтар гардид.

Дар баробари ин, бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ тибқи супориши Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар барои таъмини шаҳрвандони вилоят бо манзили истиқоматӣ 3500 гектар замин тақсим карда шудааст. Танҳо дар 3 соли охир тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат барои таъмини шаҳрвандони эҳтиёҷманд ба манзили истиқоматӣ 400 гектар замин ҷудо гардидааст.

Агар дар 70 соли давраи шӯравӣ ҳамагӣ 1200 гектар барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим шуда бошад, пас дар зарфи 21 соли истиқлолият 3500 гектар замин барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст, ки ин ҷиҳати беҳтарсозии шароити манзили 35 ҳазор оила, пеш аз ҳама оилаҳои ҷавон имконият медиҳад. Бояд гуфт, ки имрӯз эҳтиёҷоти аҳолии вилоят ба қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ асосан қонеъ гардонида шудааст.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда, инчунин азхуд кардани заминҳои нав мебошад.

Бо ин мақсад ҳамасола дар вилоят бо ҳисоби миёна беш аз 115 гектар заминҳои нав азхуд карда шуда, тибқи барномаи нави қабулшуда дар давоми солҳои 2012 -2020 азхудкунии боз 830 гектар замини нав ба нақша гирифта шудааст.

Таҳлили азхудкунии заминҳои нав дар 10 соли охир нишон медиҳад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 198 нафар аҳолӣ як гектар, дар вилояти Суғд ба 2280 нафар ва дар вилояти Хатлон ба 2590 нафар як гектар рост меояд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об моҳи августи соли ҷорӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилоят 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, аллакай корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардидаанд.

Тибқи фармоиши Ҳукумати мамлакат аз 31 августи соли равон ҷиҳати харидорӣ намудани техникаи зарурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бунёди боғҳои нав, зиёд кардани кишти картошка, рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, моҳидорӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ ва махсусан қутоспарварӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он маҳсуб мешаванд.

Илова бар ин, ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва таъмини рушди нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ дар вилоят зарур аст, ки:

- Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати таъмини аҳолии вилоят бо картошка ва сабзавоти истеҳсоли худӣ, сохтмони корхонаҳои хурди коркарди мева ва истеҳсоли ғаллаю картошкаи тухмӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ва Ишкошим чораҳои мушаххас андешанд;

- Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти чорво ҷиҳати рушди соҳаи чорводорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чораҳои зарурӣ андешида, бо дарназардошти шароити мусоид ба ташкил намудани хоҷагиҳои қутоспарварӣ дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд;

- Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати роҳ надодан ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои маҳалҳои аҳолинишин дар минтақаҳои аз лиҳози экологӣ хавфнок ва одилона тақсим намудани заминҳои ҷудогардида ба оилаҳои воқеан эҳтиёҷманд чораҳо андешад;

- вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Панҷшанбеободи ноҳияи Ванҷ, инчунин дар дигар ноҳияҳо, паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар мавзеъҳои Дашти Пиш, Тем ва Поршнёви ноҳияи Шуғнон, омодасозии лоиҳаи бо оби полезӣ таъмин кардани маркази ноҳияи Мурғоб ва барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чораҳои иловагӣ андешад. Ин иқдом имконият медиҳад, ки боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ зиёд карда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар муддати бистуяк соли соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободониву бунёдкориро самти муҳими сиёсати худ ҳисобида, таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди пулҳои ҳам дохиливу ҳам байнисарҳадиро бо сатҳу сифати байналмилалӣ ба анҷом расонидааст.

Айни замон дар самти таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди вилоят чандин лоиҳаҳо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб, қитъаи Шоҳон - Зиғар, марҳалаи 3” ва лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон” ба маблағи умумии 560 миллион сомонӣ босуръат идома дошта, лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгарди Лаби Ҷар - Тавилдара – Қалъаи Хумб” мавриди чораҷӯӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2000-ум Ҳукумати мамлакат аввалин лоиҳаи сармоягузориро дар соҳаи роҳсозӣ маҳз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз бунёди 33 километр роҳи мошингарди Мурғоб-Кулма бо арзиши беш аз 67 миллион сомонӣ оғоз карда буд.

Ҳамзамон бо ин, дар замони истиқлолият барои нигоҳдории роҳҳои мошингарди истифодаи умум ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дар вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 63 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Дар ин ҷода, Вазорати нақлиёт, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ба соҳаи мазкур ҷудошуда чораҷӯӣ намоянд.

Чунонки ҳамаи ҳозирини мӯҳтарам ва мардуми вилоят хуб дар ёд доранд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то охири солҳои 90-уми асри гузашта танҳо як роҳи рафтуомад бо маркази кишвар дошт, ки он ҳам дар як сол ҳамагӣ панҷ-шаш моҳ кушода буд. Маҳз ба хотири аз байн бурдани ин мушкилоти мардум мо татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоягузориро оғоз кардем ва ман ҳанӯз соли 2000-ум изҳор дошта будам, ки мо Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил медиҳем. Тавре ки имрӯз мебинед, тавассути қаламрави вилоят роҳҳои муосири байналмилалӣ мегузаранд, чор пули мошингарди замонавӣ вилоятро ба кишварҳои ҳамсоя мепайвандад ва чандин бозорҳои наздисарҳадӣ фаъолият мекунанд.

Яъне ҳоло мардуми вилоят аз мушкилоти рафтуомад ба дигар минтақаҳо пурра раҳоӣ ёфтаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар замони сохти гузашта аҳолии вилоят аз тамошои барномаҳои телевизиони Тоҷикистон умуман маҳрум буд. Ба шарофати истиқлолият ва тадриҷан амалӣ шудани сиёсати созандаи Ҳукумат 31 декабри соли 1996 пахши барномаҳои телевизиони мамлакат дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид ва ҳоло аҳолии вилоят аз тамошои барномаҳои ҳар чор шабакаи телевизиони марказӣ бархурдоранд.

Дӯстони азиз!

Дар доираи татбиқи афзалиятҳое, ки Ҳукумати мамлакат муайян намудааст, маблағгузории соҳаи маориф дар вилоят сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Агар соли 1995 барои муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз буҷети давлатӣ ҳамагӣ дар ҳаҷми 73 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2005 ин нишондиҳанда зиёда аз 13 миллион сомониро ташкил додааст.

Соли ҷорӣ барои рушди соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳаҷми 55 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1995 беш аз 77 баробар ва нисбат ба соли 2005 қариб чоруним баробар зиёд мебошад.

Андозаи миёнаи хароҷоти буҷети давлатӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба вилоятҳои Суғду Хатлон хеле зиёд мебошад. Масалан, агар барои вилоятҳои мазкур 500 сомонӣ барои як нафар ҷудо шуда бошад, пас барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин нишондиҳанда 1130 сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як синфхона 12 нафар хонанда рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар мактабҳои миёнаи умумии вилоятҳои Хатлону Суғд 2 баробар ва дар мактабҳои миёнаи умумии шаҳри Душанбе қариб 2,5 баробар зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба 8 нафар хонанда як омӯзгор рост меояд, ҳол он ки дар вилояти Суғд ба 14 нафар, дар вилояти Хатлон ба 21 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 19 нафар хонанда як омӯзгор рост меояд.

Толибилмони муассисаҳои таълимии вилоят бо китобҳои дарсӣ ҳамасола қариб 90 фоиз таъмин карда мешаванд.

Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 172 фоиз таъмин гардидааст, ҳол он ки дар кишвар нишондиҳандаи миёнаи иҷрои барномаи мазкур 83 фоизро ташкил медиҳад.

Агар дар миқёси ҷумҳурӣ ба 18 нафар хонанда як адад компютер рост ояд, пас дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 8 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар вилоятҳои кишвар 2,2 баробар зиёд аст. Чанд рӯз пештар, яъне дар арафаи 21 - солагии истиқлолияти давлатӣ тибқи амри Президенти мамлакат ба мактабҳои вилоят боз 80 компютер ва 13 принтер тақсим карда шуд.

Дар даҳ соли охир ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи Президентӣ 1000 ҷой, аз ҷумла 430 ҷой барои писарон ва 570 ҷой барои духтарон ҷудо гардидааст. То имрӯз аз ин теъдод 230 нафар, аз ҷумла 137 нафар духтарон ва 93 нафар писарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро хатм намуда, тибқи роҳхат барои кор ба вилоят фиристода шудаанд.

Дар муқоиса бо дигар минтақаҳои кишвар ин нишондиҳандаи баландтарини фарогирӣ ба таҳсил тибқи квотаи Президентӣ мебошад, зеро соли равон барои вилояти Хатлон 453 ҷой ва барои вилояти Суғд 301 ҷой ҷудо гардид, ки ин рақамҳо нисбат ба шумораи аҳолӣ дар муқоиса бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 баробар кам мебошанд ва солҳои қаблӣ низ чунин ҳолат мавҷуд буд.

Дар зарфи солҳои истиқлолият аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 22 ҳазор нафар донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳсил намудаанд. Ҳоло бошад 2600 нафар донишҷӯён аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муассисаҳои олии касбии мамлакат таҳсил менамоянд. Ғайр аз ин, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ зиёда аз сеюним ҳазор ҷавонписарону ҷавондухтарони вилоят таҳсил доранд.

Дар даҳ соли охир барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 532 нафар ҷавонон фиристода шудаанд, ки ин дар муқоиса бо шумораи аҳолӣ нисбат ба вилояти Хатлон 3 баробар зиёд мебошад.

Хотирнишон мекунам, ки таҳсили донишҷӯён дар хориҷи кишвар ройгон буда, онҳо бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд.

Дар давоми солҳои 1991-2011 дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони 109 бинои мактаб барои зиёда аз 27 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии беш аз 124 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Тибқи нақша соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 иншооти соҳаи маориф барои зиёда аз 1600 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.

Илова бар ин, ба нақшаи соли 2013 сохтмони якчанд мактаби нав дар деҳаҳои Птуп ва Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим, Навободи ноҳияи Шуғнон, Ванқалъаи ноҳияи Роштқалъа ва деҳаи Радучи ноҳияи Рӯшон ворид карда шудааст.

Таҳлили рақамҳои дар боло овардашуда нишон медиҳад, ки сохтмони бинои нави мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ ва ҷойҳои нишасти хонандагон вобаста ба шумораи аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 баробар зиёд мебошад.

Ҳукумати кишвар ҷиҳати сохтмони мактаб - интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки барои 640 ҷой пешбинӣ гардидааст, аз ҳисоби буҷет қариб 24 миллион сомонӣ ҷудо намуд, ки дирӯз ба истифода супорида шуд. Таҳлилҳо ва нишондиҳандаҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз дигар манотиқи кишвар маблағгузорӣ гардида, Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин соҳа то ба имрӯз тамоми имконоти худро истифода намудааст.

Лекин ҳодисаҳои номатлубе, ки дар дар шаҳри Хоруғ ба вуқӯъ пайвастанд, собит намуданд, ки тарбияи хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтиромгузорӣ ба сохти конститутсионӣ ва риояи қонунҳои ҷорӣ дар мактабҳои алоҳида, хусусан дар шаҳри Хоруғ дар сатҳи паст қарор дорад.

Риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳудуди шаҳр аз мадди назари мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа комилан дур мондааст. Маҳз ҳамин омилҳо боиси он гаштаанд, ки унсурҳои олами ҷиноӣ ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба мафкураи ноболиғону ҷавонон таъсир расонанд, онҳоро ба сафҳои худ ҷалб кунанд ё ба истеъмолкунандагони маводи мухаддир, ки худашон интиқолдиҳанда ва паҳнкунандаи он мебошанд, табдил диҳанд.

Аз ин лиҳоз, аҳли маориф, падару модарон, зиёиён ва шахсони обрӯманди шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо бо масъулияти баланд ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд.

Ҳамдиёрони азиз!

Дар замони истиқлолияти кишвар дар соҳаи тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани инфрасохтори соҳа, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ, таҷҳизоту молҳои тиббӣ ва сохтмони иншооти тандурустӣ иқдомоти назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Бо мақсади рушди соҳаи тандурустии вилоят аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар маҷмӯъ қариб 160 миллион сомонӣ, аз ҷумла 75 миллион сомонӣ маблағи кӯмакҳои башардӯстона сарф гардида, барои пурзӯр намудани нерӯи кадрӣ 9 миллион сомонӣ, иҷрои корҳои сохтмону барқарорсозӣ 31 миллион ва таҷҳизоти тиббӣ 12 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар натиҷаи иқдомҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат буҷети соҳаи тандурустии вилоят аз 40 ҳазор сомонии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба 25 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи зиёда аз 200 миллион сомонӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дастрас карда шудаанд.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби Фонди глобалӣ ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ сохтмони намояндагии ду маркази ҷумҳуриявии соҳаи тандурустӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳудуди вилоят бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи зиёда аз 25 миллион сомонӣ корҳои сохтмону таъмири иншооти тандурустӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла марказҳои саломатӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ванҷ ва дар деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим ба маблағи умумии як миллион сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудаанд.

Ҳамчунин соли 2010 маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ, ки бар асари заминларзаи 5-уми январи соли 2010 пурра хароб гардида буд, ба маблағи қариб 3,5 миллион сомонӣ сохта, бо таҷҳизоту лавозимоти тиббии муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Илова бар ин, соли 2006 дар шаҳри Хоруғ беморхонаи касалиҳои дил бо сарфи маблағи беш аз 2,5 миллион сомонӣ ва маркази саломатӣ дар деҳаи Хосаи ноҳияи Шуғнон сохта ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуд.

Аз соли 2013 сар карда, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда сохтмони марказу бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва маркази назорати санитариву эпидемиологӣ дар ноҳияи Дарвоз ба нақшаи корҳои сохтмонии Вазорати тандурустӣ ворид карда шудаанд.

Инчунин барои сохтмони беморхонаи вилоятии бемориҳои сил аз ҷониби Хазинаи глобалӣ беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки сохтмони он дар аввали соли 2011 оғоз шуда, то имрӯз 60 фоизи маблағи ҷудогардида азхуд карда шудааст.

Ғайр аз ин, соли 2011 барои беморхонаи вилоятии бемориҳои дил дар шаҳри Хоруғ дастгоҳҳои замонавӣ харидорӣ карда шуда, бинои беморхонаи наркологӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Сохтмони таваллудхонаи замонавӣ дар шаҳри Хоруғ идома дорад ва он бояд дар давоми соли ҷорӣ ба истифода супорида шавад.

Ҳамин тавр, Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустии вилоят ҳамасола таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, маблағгузории онро сол то сол зиёд менамояд.

Имсол ба соҳаи тандурустии вилоят қариб 30 миллион сомонӣ равона карда мешавад, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 700 баробар зиёд мебошад.

Дар баробари ин, ба хотири вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар вилоят Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, Агентии сохтмон ва меъморӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати пурра азхуд кардани маблағҳои барои сохтмони иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ пешбинишуда ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дӯстони азиз!

Соли 2011 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат мо вазифа гузошта будем, ки дар давоми се сол музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоиро то ду баробар зиёд намоем ва тавре ки шумо медонед, мо ин вазифаро пеш аз мӯҳлат, яъне дар давоми ду сол амалӣ кардем.

Аз ҷумла марҳалаи дуюми зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ амалӣ гардида, зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ба андозаи 60 фоиз, соҳаи фарҳанг 50 фоиз, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 30 фоиз, инчунин стипендияҳои давлатии донишҷуёну аспирантон 50 фоиз зиёд карда шуд.

Музди меҳнати ҳадди ақал бошад, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дуюним баробар баланд бардошта шуд.

Ҳамзамон бо ин, сокинони тамоми ноҳияҳои вилоят аз пардохти иловапулӣ ба музди меҳнат ва нафақа бо истифода аз коэффитсиентҳои ноҳияҳои баландкӯҳ бархурдоранд.

Дар асоси коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва баландкӯҳ ба музди меҳнати умумии кормандон дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз 20 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рӯшон, Шуғнон 35 фоиз, Ишкошим ва Роштқалъа 40 фоиз аз андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисоб ва дар ноҳияи Мурғоб бошад, 50 фоиз аз музди меҳнат иловапулӣ дода мешавад.

Даромадҳои пулӣ. Тибқи маълумоти оморӣ аз соли 2000-ум инҷониб дар мамлакат сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардида, даромадҳои аҳолии кишвар дар соли 2011-ум нисбат ба соли 2000-ум беш аз 16 баробар афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромадҳои пулии аҳолӣ аз 305 миллион сомонӣ дар соли 2009 то ба 363 миллион сомонӣ дар соли 2011 зиёд шудааст. Яъне танҳо дар се соли охир даромадҳои пулии аҳолии вилоят 58 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст. Даромадҳои умумии аҳолии вилоят бошад, дар соли 2011 ба 656 миллион баробар гардидааст.

Сатҳи камбизоатӣ. Сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 81 фоизи соли 1999-ум то 42 фоиз дар соли 2011 кам карда шуд.

Пасандозҳо. Ҳамасола маблағи пасандозҳои аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор дар бонкҳои кишвар афзоиш ёфта, танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 30 миллион сомонӣ дар соли 2005 то ба 90 миллион сомонӣ дар соли 2011 зиёд гардидааст. Ин нишондиҳанда дар вилоят дар 7 моҳи соли ҷорӣ беш аз 109 миллион сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра пасандозҳои аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 20 миллион сомонӣ то ба 65 миллион сомонӣ ё худ 3,2 баробар зиёд шудааст. Дар 7 моҳи соли ҷорӣ бошад, пасандозҳои аҳолии вилоят ба 76 миллион сомонӣ расидааст.

Теъдоди телефонҳо. Дар тамоми давраи шӯравӣ дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 12 ҳазору 200 телефони хонагӣ мавҷуд буд. Ҳоло бошад муштариёни телефонҳои хонагӣ ва бесим дар вилоят 17 ҳазор ва муштариёни алоқаи мобилӣ 162 ҳазор мебошанд.

Яъне қариб 90 фоизи аҳолии вилоят бо алоқаи телефонӣ таъмин аст. Агар хароҷоти як телефонро дар як моҳ ба ҳисоби миёна 50 сомонӣ ҳисоб кунем, сокинони вилоят дар як моҳ нӯҳ миллион сомонӣ ё қариб ду миллион долларро танҳо барои алоқа сарф мекунанд.

Теъдоди автомошинаҳо. Мувофиқи маълумоти омории Вазорати корҳои дохилӣ шумораи умумии воситаҳои нақлиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 70 соли замони шӯравӣ тақрибан 2,5 ҳазор буда, ҳоло қариб 9 ҳазор, аз ҷумла автомошинаҳои сабукрави шахсӣ 8 ҳазору 300 ададро ташкил медиҳанд.

Таъмин намудани сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлат қарор дорад. Дар даҳ соли охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 52 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Танҳо дар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилоят 2500 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуда, инчунин 510 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ сафарбар гардидаанд. Аммо нишондиҳандаҳои мазкур то ҳол моро қаноатманд карда наметавонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сафи бекорони расман ба қайд гирифташударо асосан ҷавонон ташкил медиҳанд ва миёни онҳо ҷавонони маълумотдор низ хеле зиёданд.

Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ аз вилоят зиёда аз 17 ҳазор нафарро ташкил додааст, аз ҷумла аз шаҳри Хоруғ ду ҳазору 300 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Бинобар ин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти давлатӣ зарур аст, ки бо ҷалби ҳамаи захираҳои мавҷуда, аз ҷумла имкониятҳои соҳибкорон доир ба ҳалли масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин кардани аҳолии бекор ва дар навбати аввал ҷавонон чораҳои қатъӣ андешанд.

Давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро андешида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамаи имкониятҳоро сафарбар месозад.

Ҳамдиёрони азиз!

Мо бояд рӯирост гӯем, ки дар ҷомеаи мо то ҳанӯз баъзе камбудиву норасоиҳо ҷой доранд. Яке аз ин камбудиҳо сатҳи ҷинояткорӣ ва таъсири манфии он ба ҷомеа ва фаъолияти начандон самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.

Аввалан, ҳар як шахс тибқи талаботи Конститутсия ва арзишҳои умумиэътирофшуда вазифадор аст қонунро риоя ва эҳтиром намояд. Баъдан, ҳар як шахси гунаҳкор барои риоя накардани қонун ҳатман бояд ҷавоб гӯяд ва дар ҳолати содир намудани ҷиноят ба ҳеҷ кас набояд ягон истисно ҷой дошта бошад.

Яъне ҳар шахс бояд барои ҷинояти содирнамудааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Мутаассифона, ин принсип дар вилоят, хусусан дар шаҳри Хоруғ на ҳама вақт пурра иҷро мешавад, ки чунин ҳолат ба вазъи ҷинояткорӣ таъсир мерасонад.

Масалан, дар чоруним соли охир дар вилоят 23 ҷинояти одамкушӣ, 7 ҷинояти таҷовуз ба номус, 4 ҷинояти дуздӣ ё хариду фурӯши духтарон ва 92 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 12 ҳолати одамкушӣ, 2 таҷовуз ба номус, 3 хариду фурӯши духтарон ва 38 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Ҳол он ки таърихи пешини Бадахшон баъзе чунин ҷиноятҳоро умуман ёд надошт.

Таҳлили рақамҳо ва ҳолати воқеии ҷинояткорӣ дар вилоят нишон медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сабабҳои гуногун ва таҳти таъсири омилҳои мухталиф на ҳамеша ваколатҳои дар асоси қонун ба зиммаи онҳо гузошташударо иҷро кардаанд.

Аксари шумо дар хотир доред, ки дар давоми солҳои охир биноҳои мақомоти милитсия, амният, прокуратура, суд, ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва кормандони онҳо чандин маротиба мавриди ҳуҷум ва лату кӯби гурӯҳҳои ҷинояткор қарор гирифтаанд.

Аз соли 1993 тавассути қабули қонун ҷиноятҳои ин гурӯҳҳо 15 маротиба авф ва онҳо аз ҷазо озод карда шуданд. Бори охирин соли 2008 баъди тафтиши ҳолати лату кӯби прокурори вилоят ва кормандони прокуратура бо дарназардошти ҳамаи паҳлуҳои масъала гуноҳи ин гурӯҳҳои ҷинояткор бахшида шуд.

Лекин гурӯҳҳои ҷинояткори шаҳри Хоруғ аз ин хулосаи лозимӣ набароварда, ваъдахилофӣ намуданд ва бо роҳи ғайриқонунӣ боз силоҳу муҳимоти зиёде ба даст оварда, бо ҷалби ҷавонони бетаҷриба гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор таъсис доданд ва ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз қабили одамкушӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, қочоқ ва гаравгонгириро содир намуда, тавассути муқобилият намудан ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ бо пуштибонӣ ва дастгирӣ намудани ҷинояткорон машғул шуданд.

Масалан, моҳи июли соли 2010 гурӯҳҳои мазкур имкон надоданд, ки Амунбеков Ф. дастгир ва ҳабс карда шуда, ҷиноятҳои сӯиқасд ба одамкушӣ ва ғайриқонунӣ ба даст овардан ва истифода намудани яроқи оташфишон аз ҷониби ӯ ошкор карда шаванд.

Ё ин ки моҳи июни соли 2011 гурӯҳи ҷавонони шаҳри Хоруғ иборат аз 45 нафар бо роҳбарии Садоншоев Э. ҳамчун нишони эътироз ба ҳукми суди вилоят нисбат ба Раҳимхудоев К., ки барои одамкушӣ маҳкум шуда буд, ба бинои суди вилоят ҳуҷум карда, таҷҳизот ва дару тирезаи онро шикастанд, 4 нафар роҳбарон ва судяҳои суди вилоят, прокурорҳои вилоят, шаҳри Хоруғ ва 4 нафар кормандони онҳоро лату кӯб намуда, ба онҳо зарари ҷисмонӣ расониданд.

Бо дастгирии гурӯҳҳои ҷинояткори шаҳр имконияти дастгир ва ҳабс кардани шахсони ин ҷиноятро содиркарда нашуд. Тафтишот ва мурофиаи судӣ холисона гузаронида шуда, аз 45 нафар 25 нафар муайян ва гуноҳи 9 нафар исбот карда шуд. Суд бо дарназардошти ҳолати воқеии кор ва синну соли ҷавони онҳо ба 7 нафар санади авфро татбиқ намуда, танҳо 2 нафар роҳбарон ва саркардаҳои онҳоро ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум намуд. Лекин онҳо ба чунин ҳукми одилона ва талаботи қонун беэътиноӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намуда, аз иҷрои ҳукм саркашӣ намуданд.

Тибқи нишондоди дастгиршуда Адҳамов Шералӣ-истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, ки барои содир намудани 4 куштор, мунтазам машғул будан бо қочоқи маводи мухаддир ва яроқи оташфишон ба миқдори махсусан калон, мусоидат ба гурӯҳҳои террористӣ ва умуман бо 18 ҷиноят дар кофтуков қарор дошт, охири моҳи августи соли 2010 ба шаҳри Хоруғ ба хонаи Имомназаров И. бо мақсади пинҳон шудан меравад. Ӯ Имомназаровро ҳамчун яке аз шахсиятҳои шинохтаи олами ҷиноӣ эътироф мекунад ва зиёда аз як моҳ дар хонаи ӯ ва минбаъд якуним сол дар шаҳри Хоруғ таҳти пуштибонӣ ва сарпарастии ӯ пинҳон шуда, зиндагӣ кардааст.

Ин тамоюли хатарнок тадриҷан ба нуқтае расид, ки сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят генерал-майор Назаров Абдулло, яъне намояндаи қонунии ҳокимияти давлатӣ, ки барои ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои ин гурӯҳҳо мубориза мебурд, ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.

Инчунин бо пуштибонӣ ва дастгирии фаъолонаи ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят халалдор гардида, бисёр ҷиноятҳои нангин, аз қабили одамкушӣ, гаравгонгирӣ, хариду фурӯши одамон ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, сангҳои қиматбаҳо ва монанди инҳо дар вилоят ошкор ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Масалан, чор ҳодисаи хариду фурӯши занҳо ва духтарони ноболиғ дар вилоят ҷой дорад, ки бо таъсири гурӯҳҳои зикршуда то ба ҳол ошкор нагардида, се нафари онҳо, аз ҷумла ду духтари ноболиғи солҳои таваллуди 1994 ва 1995 то имрӯз бедарак мебошанд.

Имрӯзҳо сару садоҳо дар хусуси боз ҳам авф намудани ин гурӯҳҳои ҷинояткор садо дода истодаанд. Тибқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда авф бо қабули қонуни махсус, танҳо баъди тафтиши ҷиноят, ошкор ва муайян шудани гунаҳкорон ва исбот шудани гуноҳи онҳо, бахшиши ҷазо бошад, аз ҷониби Президенти мамлакат танҳо баъди ҳукми суд нисбат ба шахси маҳкумшуда татбиқ карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият дар бораи иштирокашон дар иттиҳоди ҷиноятӣ омада, хабар медиҳанд ва шахсоне, ки ихтиёрӣ яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ бадастовардашударо месупоранд, омада ба гуноҳи худ иқрор шуда, самимона пушаймон мешаванд ва дар пешгирӣ кардан ва ошкор намудани ҷиноятҳо бо мақомот фаъолона ҳамкорӣ менамоянд, аз рӯи ҳамин ҷиноятҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Таҳлили ҳолати воқеии ҷинояткорӣ ва воқеаҳои вақтҳои охир гувоҳӣ медиҳанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва хусусан шаҳри Хоруғ фаъолияти худро доир ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар сатҳи лозимӣ таъмин накарда истодаанд.

Аз ин рӯ, қатъиян таъкид месозам, ки онҳо ба муросокорӣ ва беэътиноие, ки баъзан мушоҳида мегардад, хотима бахшида, ба савганди касбии худ дар ҳама ҳолат содиқ бошанд ва тафтишотро аз рӯи ҳодисаҳои рӯзҳои охир рӯйдода холисона то ба охир расонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қаламрави вилоят, хусусан дар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон қочоқи маводи мухаддир ва вазъи нашъамандӣ ҳамоно мураккаб боқӣ мемонад.

Дар тӯли солҳои 2005-2011 шумораи дастгиршудагон вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилоят мунтазам афзудааст. Агар дар солҳои 2000-2005 ҳамагӣ 49 нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳудуди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дастгир шуда бошанд, пас ин шумора дар солҳои 2006-2011 ба 143 нафар расидааст ё ба андозаи 3 баробар афзудааст.

Дар баробари ин, вазъи нашъамандӣ дар вилоят ташвишовар боқӣ монда, шумораи беморони нашъаманд нисбат ба 100 ҳазор аҳолӣ ба 442 нафар баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда аз сатҳи умумимиллӣ панҷ баробар ва дар муқоиса бо вилоятҳои Суғду Хатлон даҳ баробар зиёд мебошад. Дар вилоят соли 2001 агар 147 нафар шахсони гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шуда бошанд, пас ин рақам айни замон ба 1000 нафар расидааст, ки 494 нафар ё қариб 50 фоизи он ба шаҳри Хоруғ рост меояд ва мутаассифона, 6 нафари онҳо занон мебошанд. Аз соли 1997 то имрӯз бошад зиёда аз 220 нафар аз бемории нашъамандӣ вафот кардаанд, ки ин фоҷиаи бузург ва зарба ба генофонди миллат мебошад.

Афзоиши миқдори истифодабарандагони маводи мухаддир аз дастрасии бемонеаи он гувоҳӣ медиҳад ва мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин тамоюли хатарнок тадбирҳои ҷиддӣ ва бетаъхир андешанд.

Дар миқёси вилоят аз соли 1994 то ҳоло зиёда аз 5 ҳазор мил силоҳи гуногуни оташфишон, аз ҷумла аз аввали соли ҷорӣ 386 мил ва танҳо дар ду моҳи охир 247 мил силоҳ ва 20 ҳазор дона муҳимоти ҷангӣ, инчунин 145 килограм маводи тарканда гирифта шудааст.

Аз соли 2000-ум то имрӯз дар миқёси вилоят шаш тоннаву 83 килограмм ва дар чоруним соли охир танҳо як тоннаву 100 килограмм маводи мухаддир, ки 56 килограмми он героин мебошад, мусодира шудааст. Ҳол он ки дар ин чоруним сол дар минтақаҳои дигари кишвар танҳо дар 9 ҳолат сокинони шаҳри Хоруғ, ки бо интиқоли маводи мухаддир ба дигар минтақаҳо машғул буданд, дастгир шуда, аз онҳо як тоннаву 220 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 145 килограмм героин мусодира карда шудааст.

Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки қаламрави вилоят ба дарвозаи қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир, силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо табдил ёфтааст, ки ин амалҳои нангин дар навбати худ яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ба шумор меравад.

Дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла Чин, Эрон ва баъзе кишварҳои дигар барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷазои қатл пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти чунин вазъ ва бо истифода аз фурсат ба тамоми мардуми шарифи Бадахшон муроҷиат мекунам, ки дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, хариду фурӯши одамон, сангҳои қиматбаҳо ва дигар ҷинояткориҳои муташаккилона худро дар канор нагиранд ва кӯмаки хешро аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дареғ надоранд. Зеро мо танҳо бо ҳамин роҳ ва дар якҷоягӣ метавонем фарзандони худро аз гирифторӣ ба дарди бедавои нашъамандӣ ва эҳтимолияти даст задан ба ҷиноят эмин нигоҳ дорем.

Теъдоди зиёди ҷавонони нашъаманд ва миқдори калони силоҳу муҳимоти дар шаҳри Хоруғ дар муддати як моҳи охир ба мақомот супоридашуда ҳар яки моро водор месозад, ки дар роҳи мубориза бо ин падидаҳои нангин бетарафӣ зоҳир накунем. Зеро беэътиноӣ ба ин масъалаи ниҳоят муҳим нишонаи он аст, ки мо дидаву дониста, фарзандони худро ҷониби марг ё пушти панҷараи маҳбас гусел мекунем.

Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки фарзандонамонро таълиму тарбияи дуруст диҳем, то ки онҳо дар оянда ифтихори волидайну миллат бошанд ва ҳисси вафодориву садоқатро ба Ватани худ ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозанд.

Ман зимни вохӯриҳо бо мардуми тамоми минтақаҳо ҳамеша таъкид менамоям, ки мо бояд зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳем ва манфиатҳои умумимиллиамонро қурбони манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ ва бегонапарастон нагардонем.

Ҳодисаҳои шаҳри Хоруғ ҳамаи моро ҳушдор медиҳанд, ки ба тарбияи хештаншиносиву ватандӯстии насли наврас беш аз пеш эътибор дода, ин масъулияти бузургро дар заминаи садоқат ба Ватану ҷоннисории падарони бузургамон таҳким бахшем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки гузаштагони мо дар душвортарин лаҳзаҳо ба Ватан содиқона хизмат намуда, бо саҳми худ дар пешрафти он ва беҳбудии рӯзгори мардум барои мо намунаи ибратанд.

Аз ҷумла Бадахшон чун диёри фарҳангофари кишвари азизамон дар оғӯши худ шахсиятҳои мӯътабареро тарбия карда, ба камол расонидааст, ки онҳо дар пешрафти сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиб дошта, бо меҳнати шоёну содиқонаи худ дар назди Ватану миллат эҳтироми бузург доранд.

Мехоҳам хизматҳои воқеан таърихии яке аз ин фарзандони фарзонаи миллат Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемурро, ки дар ҳақиқат барои мо дарси ибрат мебошад, махсус қайд намоям.

Ин абармарди намоёни миллат аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллати тоҷик ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми қудрату донишашро баҳри рушду нумуи иқтисодиёт, илму фарҳанг, маориф, поягузорӣ ва сохтмони давлати миллии тоҷикон равона сохтааст.

Мубориза ба хотири пойдор намудани ҳақиқату адолат дар масъалаи муайян сохтани тақдири таърихии халқи тоҷик ва тақсимоти милливу ҳудудӣ дар ибтидои солҳои 20 –уми асри гузашта тезу тунд мегардид.

Бадхоҳони миллат дар он замон мавҷудияти миллати тоҷикро инкор менамуданд ва ба ҳар роҳу восита барои соҳиби давлат шудани мо монеаҳои зиёд эҷод мекарданд.

Дар чунин даврони пуртазод сиёсатмадори фидоӣ Шириншоҳ Шоҳтемур барои дифои манфиатҳои миллии мардум иқдоми ҷавонмардонаро анҷом додааст. Маҳз ӯ ва ҳамсафонаш бар зидди ин ақидаҳои иғвогарона баромада, ҳуқуқи таърихии тоҷиконро барои таъсиси давлати миллӣ далерона ҳимоя кардааст.

Шириншоҳ Шоҳтемур дар умри кӯтоҳи худ тавонист дар таърихи миллат саҳифаҳои дурахшонеро сабт намояд. Хизматҳои беназири ӯро ба назар гирифта, Ҳукумати мамлакат баъди 70 соли фаромӯшӣ ин фарзанди ҷонфидои миллатро бо унвони олии кишвар – Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза кори осон нест.
Аз ин рӯ, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, ки дар оянда номбардори миллати бошарафи тоҷик бошанд.

Ҳозирини арҷманд!

Ҳар дафъаи омаданам ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз истиқболи гарму самимонаи мардуми шаҳру ноҳияҳои он сарфароз мегардам. Меҳмоннавозиву хайрхоҳӣ ва покдиливу покназарии бадахшониён ба ҳама маълум аст.

Ҳамчунин маълум аст, ки мардуми Бадахшон чун тамоми миллати тоҷик дар ҳамаи давру замонҳо ҷонибдори сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ будаанд ва ин хислати неку пурқиматро имрӯз низ эҳтиром мекунанд.

Бинобар ин, аз ҳодисаи нохуше, ки чанде қабл дар шаҳри Хоруғ бо таҳрики гурӯҳҳои ҷиноятпеша рух дод, на фақат сокинони Бадахшон, балки тамоми мардуми Тоҷикистон дар ҳолати ташвишу нигаронӣ қарор доштанд.

Зеро мардуми Тоҷикистон, ки дар охири асри гузашта дучори ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ гардида буданд, оқибатҳои ҷонсӯзи муқовимати мусаллаҳонаро хуб медонанд.

Ба Хоруғ ворид гардидани воҳидҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳз ба хотири таъмини волоияти қонун ва безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор буд, ки куштори генерал Назаров Абдуллоро содир карда буданд ва мехостанд бо истифодаи силоҳи ғайриқонунӣ бадастовардаи худ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ дахолат ва монеа эҷод карда, суботу оромии ҷомеаро халалдор созанд.

Маҳз ба сабаби саркашии дастаҳои ҷинояткор ва муқовимати мусаллаҳонаи онҳо дар шаҳри Хоруғ нооромӣ ба вуҷуд омад.
Ҳар кадоми шумо хуб медонед, ки дар кулли кишварҳои ҷаҳон давлат бо тамоми қувваю восита бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҷинояткории муташаккилона мубориза мебарад, то ин ки амнияти давлат ва оромии ҷомеаро таъмин намояд. Ин яке аз вазифаҳои умдатарини ҳар як давлату ҳукумат аст.

Мо минбаъд низ бар зидди ҳама гуна зуҳуроти қонуншиканӣ, дар навбати аввал терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷинояткориҳои муташаккилона муборизаи беамон хоҳем бурд.

Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ дар амалӣ намудани нақшаҳои Ҳукумати кишвар ба хотири рушди босуботи Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бори дигар, таъкид менамоям, ки ба мо пеш аз ҳама, сулҳу субот ва тинҷиву амонӣ зарур аст. Мо бояд сулҳу суботро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, аз ҳодисаҳои фоҷиавии сарзада хулосаҳои зарурӣ барорем ва тамоми тадбирҳоро андешем, то ин ки чунин зуҳуроти номатлуб дигар ҳаргиз такрор наёбанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Башарият айни замон дар марҳалаи бисёр пуртазод ва пур аз моҷаро қарор дорад. Агар аз як ҷониб, гармшавии иқлими сайёра сабаби ба амал омадани офатҳои табиӣ ва дар ин замина хароб гардидани иқтисоди як қатор кишварҳо шуда бошад, аз ҷониби дигар, зуҳуроти хатарноки муосир, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ боиси халалдор шудани амнияти минтақаҳо ва давлатҳо гардидааст.

Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем.

Вобаста ба ин, Вазорати мудофиа ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин бо истифода аз тамоми имкониятҳо доир ба ҳарчи бештар мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ, бунёди иншооти сарҳадӣ ва ташкили дидбонгоҳҳои нав, инчунин таъмини пурраи сарҳадбонон бо маводу амволи зарурӣ чораҳои ҷиддии иловагӣ андешанд.

Мо ҳеҷ гоҳ набояд ба тақдири миллату давлат бетараф бошем. Зеро бетарафӣ боиси фаъол шудани нерӯҳои беруна ва бадхоҳони миллату давлатамон мегардад. Воқеаҳои дар шаҳри Хоруғ рухдода нишон доданд, ки на танҳо дар дохили кишварамон, балки берун аз хоки он гурӯҳҳо ва афроди алоҳидае ҳастанд, ки манфиатдори ноором шудани вазъият дар Тоҷикистон мебошанд.

Хушбахтона, ақли солим, таҳаммул ва дарки оқибатҳои ин падидаи номатлуб мардуми солору сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро водор намуд, ки нисбат ба тақдири ояндаи миллату давлат бетараф набошанд.

Имрӯз ман ба ҳамаи онҳое, ки ҷиҳати мӯътадил гардонидани вазъияти баамаломада саҳми ватандӯстонаи худро дареғ надоштанд, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям.

Ман ҳамаи сафарҳои худ, аз ҷумла сафари аввалини худро ба вилоят хуб дар ёд дорам ва мехоҳам хотирнишон созам, ки аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданам то имрӯз бо мардуми вилоят муносибати падарона дорам.

Умуман сафари имрӯзаи ман ба вилоят аз моҳи феврали соли 1993 сафари панҷоҳу якум аст. Ҳанӯз моҳи майи соли 1995, аниқтараш 25 майи соли 1995 Волоҳазрат Оғохони IV – ро аввалин бор ба вилоят оварда будам.

Ман ба азму иродаи қавии мардуми меҳнатқарину сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавонмардони бонангу номус, падару модарони хирадманду рӯзгордида ва зиёиёни ватандӯсти вилоят итминони комил дорам ва умедворам, ки хурду бузурги вилоят дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми ватанпарваронаи худро мегузоранд.

Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо - сокинони иззатманду матиниродаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба муносибати 80-солагии таъсиси шаҳри Хоруғ самимона табрик гуфта, барои истиқболи гарму қадрдонии самимиатон изҳори сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳату рӯзгори обод ва барори кор орзу менамоям.

Доимо мисли қуллаҳои баланди Бадахшон сарбаланду сарфароз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520