Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Украина Виктор Ющенко

22.02.2008 15:00, Русия

Субҳи рӯзи 22 феврал Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Украина Виктор Ющенко мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба роҳбари давлати Украина барои таъҷилан ба кӯмаки кишвари мо баҳри бартарафсозии вазъи ногувори энергетикӣ рӯ оварданаш арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Виктор Ющенко дар навбати худ изҳор дошт, ки вобаста ба эҳтиёҷоти имрӯзаи Тоҷикистон Украина омода аст, ба зудӣ кӯмаки зарурии башардӯстона ирсол намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ баҳри рушди робитаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди нахи пахта ва меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ва ҳамчунин дар соҳаҳои туризм, фарҳанг ва илму маориф зоҳир гардид.

Ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ ва афзоиш додани мубодилаи молу маҳсулоти ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520