Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

10.03.2011 00:00, Покистон

Аз 7 то 10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор дошт.
Бояд таъкид дошт, ки Тоҷикистону Покистонро умумиятҳои амиқи таърихию фарҳангӣ ва имконоти фарохи ҳамкории гуногунҷанба ба ҳам мепайванданд. Эҳтирому самимияти баланди роҳбарият ва мардуми Покистон ба Тоҷикистон ва Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба хоки ин сарзамин фурўд омадан аён буд.

Дар фурўдгоҳи шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукўҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд. Ба истиқболи меҳмони олимақом садои 21 шиллики тўпхонаҳо дар фазои шаҳри Исломобод танинандоз гардид.

Маросими давлатии истиқболи меҳмони олимақом дар қасри Президенти Покистон - «Айвони Садр» баргузор гардид.

Барои истиқболи давлатӣ дар саҳни қаср горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф кашиданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Сарвазири кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ истиқбол гирифта, ба болои минбар даъват намуданд.

Сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо дод. Пас аз иҷрои сурудҳои миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни гузаштан аз назди Горди фахрӣ ҷониби Парчами давлатии Покистон арзи эҳтиром намуд.

Маросими давлатии истиқбол бо шиносоии сарони ду давлат бо ҳайатҳои расмии кишварҳои ҳамдигар ба поён расид.

Масоили таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи дўстӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ сипас дар музокироти расмии онҳо бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуд.

Аз сатҳи муносибот ва ҳамкории дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои амният ва тиҷорат изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Муколамаи пайвастаи сиёсӣ, аз ҷумла мулоқоти мунтазами роҳбарияти ду кишвар, омили муҳим дар ин раванд арзёбӣ гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар соли 2010 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар нисбат ба соли 2009 сеюним маротиба ва рафтуомади шаҳрвандони Покистон ба Тоҷикистон 3 баробар афзун шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба оғози марҳилаи нави муносиботи дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар асос мегузорад.

Аз болоравии сатҳи муносиботи сиёсӣ, тавсиаи заминаи ҳуқуқӣ-қарордодӣ ва шароити хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки дар ояндаи наздик ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.

«Покистон давлати муҳими минтақа мебошад ва метавонад, ба мисли дигар дўстони наздики мо, яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон гардад», - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, аз ҷумла дар бунёди нерўгоҳҳои барқӣ ва интиқоли нерўи барқ, ба ҳам пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди ду кишвар, иштироки якҷоя дар коркарди канданиҳои фоиданок ва нахи пахта, бозсозии корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ ва ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дорои манфиати зиёд барои сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории ду кишвар маънидод гардид.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника, тандурустӣ ва варзиш зоҳир гардид.

Дар асоси мутақобил гузарондани рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Покистон зарур шумурда шуд.

Бо ҳамфикрии ду ҷониб таъкид гардид, ки «Тоҷикистону Покистон, ҳамчун кишварҳои муҳими минтақа, ба тақвияти суботу амният ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди минтақавӣ манфиатдоранд».

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро барои мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи барномаю лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии дорои аҳамияти минтақавӣ таъкид доштанд.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар фазои тантанавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми барҷастааш дар таҳкими дўстӣ ва густариши равобити судманди ду кишвар ва ҳамчунин рушди ҳамкории минтақавӣ бо мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон сарфароз гардонд.

Ҳамчунин Осиф Алӣ Зардорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёни ў дар таҳкими дўстӣ ва рушди муносиботи ҳамкории ду давлат бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон – ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонда шуд.

Сипас зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, робитаҳои Тоҷикистону Покистонро, хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва дар самти таъмини амнияти минтақавӣ дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ намуданд.

Тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва амниятии ду кишвар дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки густариши ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Покистон натанҳо ба нафъи ин ду кишвари дўст, балки тамоми давлатҳои минтақа аст.

Юсуф Ризо Гелонӣ ҳавасмандии устувори Покистонро ба густариши ҳамкории гуногунҷанба, хусусан дар соҳаи энергетика ва интиқоли нерўи барқи арзон аз Тоҷикистон таъкид намуд ва изҳор дошт, ки Покистон омода аст дастрасии Тоҷикистонро ба шабакаҳои нақлиётию транзитии худ, аз ҷумла бандарҳои баҳрӣ, саҳл гардонад.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамкории байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Конфронси Исломӣ, Созмони ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) ва нишасти кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» сурат гирифт.
ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба ҳамкории фаъол доир ба мусоидат ба ҳалли мусбати қазияи Афғонистон ва эҳёи иқтисодию иҷтимоии он таъкид намуданд.

Баъди анҷоми гуфтугўйи судманд, ки зимни мулоқоти хоса ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб сурат гирифт, як зумра санадҳои нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:

Ба Эъломияи муштарак оид ба ҳамкории фарогир миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ имзо гузоштанд.

Санадҳои дигар Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Исломии Покистон, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Созишнома миёни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошанд.

Зимни нишасти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ бори дигар ба густариши равобити гуногунсоҳаи судманди ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Ҳомид Ноиқ масоили вобаста ба таҳкиму густариши заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии муносиботи дуҷониба ва рушди равобити байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуд.
Доир ба ҳолати кунунии ҳамкории ду кишвар ва дурнамои умедбахши он, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва илму техника гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба мавзуоти ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла мусоидат ба рафъи мушкилоти Афғонистон ва боло бурдани қудрати транзитии кишварҳои минтақа зоҳир гардид.

Зимни мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ассамблеяи Миллии Парламенти (Маҷлиси Шўрои) Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаҳида Мирзо атрофи маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари дўст гуфтугў сурат гирифт.

ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши муносиботи судманди ду кишвар, аз ҷумла рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид намуданд. Пешниҳоди Фаҳида Мирзо доир ба таъсис додани гурўҳи парлумонии Тоҷикистону Покистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон хуш пазируфта шуд.
Дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони як қатор сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Покистонро ба ҳузур пазируфт.

Зимни сўҳбатҳои алоҳида бо Роҳбари Артиш, Сардори Ситоди қўшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Ашфақ Парвиз Қаянӣ, Роҳбари Хадамоти истихбороти байниидоравии Ҷумҳурии Исломии Покистон Аҳмад Шуҷоъ Паша ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳмон Малик масоили ҳамкории сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон доир ба мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки барои таҳким ва густариши ҳамкории судбахши миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё гаштааст ва ҳарду ҷониб барои татбиқи босамари сандаҳои қабулшуда бояд ҷаҳду талош намоянд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки натиҷаҳои нахустини ҳамкории босамари сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аллакай имрўз ба назар мерасанд.
Дар шаҳраки дипломатии пойтахти ин кишвар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Покистон иштирок намуданд.

Иштироки бевоситаи роҳбари давлати мизбон дар ин маросим нишони эҳтирому самимияти хосаи роҳбарият ва мардуми Покистон ба дўстӣ ва ҳусни ҳамкорӣ бо Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар ҷойи бунёди бинои ояндаи Сафорати Тоҷикистон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба сохтмони он оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни суханронӣ дар ин маросими тантанавӣ, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши сафорату фаъолияти дипломатҳоро «дар ҳоле, ки ҳамкории судманди ду давлат ба зинаи сифатан нави баланд ворид мешавад, дорои аҳамияти калон» арзёбӣ намуд.

Чунонки таъкид гардид, «сафорат на фақат манфиатҳои давлаташ, балки манофеи ҳамаи шаҳрвандони он, ҳар як фарди тоҷикистониро дар кишвари будубош ҳимоя менамояд. Зиёда аз ин, дипломатҳои тоҷик на фақат дар татбиқи амалии самти дахлдори сиёсати хориҷии давлат, балки дар таҳияи он низ иштирок менамоянд».

Бо зикри чунин андешаҳо, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки бинои нави сафорат дар муддати кўтоҳ ва бо сифати баланд бунёд меёбад ва самараи фаъолияти кормандони дипломатии Тоҷикистон дар Покистон боз ҳам бештар мегардад.

Осиф Алӣ Зардорӣ низ зимни суханронии худ, бунёди бинои нави сафоратро дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини ин шаҳрак нишони эҳтироми хосаи кишвараш ба роҳбарият ва мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки густариши бештари ҳамкории Тоҷикистону Покистон ба нафъи ду халқу давлат ва рушди ҳамкории судманди минтақавӣ ба хотири пешрафти иқтисодӣ ва таҳкими амнияту субот хоҳад буд.

Дар чаҳорчўбаи сафари давлатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба шаҳри Қарочӣ ташриф оварда, нахуст оромгоҳи Қоиди Аъзамро зиёрат намуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, Қоиди Аъзам исми ифтихории асосгузор ва нахустин Роҳбари давлати Покистон Муҳаммад Алӣ Ҷаноҳ аст. Маҳз таҳти раҳбарии Қоиди Аъзам мардуми Покистон баъди ҷаҳду талоши бисёрсолаи озодихоҳӣ соли 1947 аз зулми мустамликадорӣ озод шуда, истиқлоли давлатии кишвари худро ба даст овардаанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому самимият ба роҳбарият ва мардуми Покистон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию миллии ин кишвари дўст дар назди оромгоҳи Қоиди Аъзам гулчанбар гузошт ва хотираи неки ин муборизи роҳи истиқлолу озодиро пос дошт.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз заминаи мусоиди сиёсӣ ва қарордодӣ-ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Покистон, ки қариб ба 30 санад асос ёфтааст ва, ҳамчунин аз фазои хуби сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони фаъоли ду кишварро ба ҳамкории босамар даъват намуд.

Чунонки таъкид гардид, «сатҳу мазмуни ҳамкории иктисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ бояд ба вазъи хуби равобити сиёсии байнидавлатӣ мутобиқ гардад».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тавсиа ёфтани заминаи мусоиди ҳамкорӣ, ки зимни ин сафар муяссар гашт, изҳори боварӣ намуд, ки ҳаҷми тиҷорату сармоягузорӣ миёни ду кишвар ба маротиб боло меравад. Ба андешаи ў, ба ин раванд, ҳамчунин ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетики ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни форуми мазкур ба густариши ҳамкории дуҷониба баҳри ифтитоҳи корхонаҳои муштараки саноатӣ доир ба истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ, коркарди меваю сабзавот, нахи пахта, пашм ва пўст мароқи зиёд зоҳир карда шуд. ҳамчунин, ба имконоти иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди нерўгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ таваҷҷўҳ зоҳир гардид.

Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ба даст омад.

Дар чаҳорчўбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон соҳибкорону тоҷирони ду кишвар имкон доштанд, ки дар ҷараёни форуми мазкур ва ҳам мулоқотҳои сершумори дигар дар Исломободу Қарочӣ мулоқотҳои зиёди босамар доир намуда, миёни ҳам робитаҳои мустақим ба роҳ монанд.

Соҳибкорони покистонӣ омодагии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои пурсамар бо ҳамкасбони тоҷик баён доштанд. Ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки гурўҳи калони соҳибкорони шаҳри Исломобод ояндаи наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо бо шароити ҳамкорӣ аз наздик шинос шуда, созишномаҳои муштарак ба имзо расонанд.

Дар қароргоҳи муваққатии худ дар шаҳри Қарочӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири аршади музофоти Синд Қоим Алӣ Шоҳро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманди Тоҷикистон бо музофоти Синд, ки музофоти бузургу рушдёбанда ва дорои бандарҳои баҳрии ин кишвар аст, баррасӣ шуд.

ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти он ва ғайра дорои дурнамои судбахш барои ҳарду ҷониб маънидод гардид.
Ба бунёди корхонаҳои муштарак, аз ҷумла оид ба коркарди амиқи алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он ва ба истифода аз имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон низ таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Ин ва дигар масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон бо музофоти Синди Покистон, бегоҳии рўз, ҳамчунин дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Волии музофот Иршат ал – Ибод баррасӣ гардид.

Зимни зиёфати расмӣ, ки аз ҷониби Волии музофоти Синди Покистон Иршат ал – Ибод ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд, миёни Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони роҳбарияту фаъолони ин музофот ва ҳамчунин аҳли илму фарҳанги он сўҳбати тўлонии басо самимӣ доир ба муштаракоти фарҳангии мардумони Тоҷикистону Покистон ва имконоти рушди робитаҳои судманд сурат гирифт.

Дар шаҳри Қарочӣ – маркази маъмурии музофоти Синди Ҷумҳурии Исломии Покистон бинои нави Консулгарии генералии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Қарочӣ, ки бузургтарин маркази тиҷоратӣ, саноатӣ ва дорои бандарҳои баҳрии Покистон аст, омили муҳим баҳри густариши робитаҳои судманди Тоҷикистон бо ин шаҳр ва ҳам ин музофоти бузургу зуд рушдёбандаи Покистон маънидод гардид.

Дар фароварди сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бандари Қарочӣ ташриф оварда, бо он аз наздик ошноӣ пайдо намуд ва бо роҳбарияти бандар доир ба ташкил ва густариши ҳамкории судманд дар бахши боркашонӣ ва транзит гуфтугўйи судманд анҷом дод.

Умуман, сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо пазироии гарму самимии роҳбарият ва мардуми Покистон дар фазои таваҷҷўҳи хоса ҷараён гирифт. Инъикоси васеъи рафти сафар дар воситаҳои ахбори умуми Покистон, шиору овезаҳои сершумори таҷассумгари дўстию рафоқати ду кишвар ва тавофуқоти сершумори ҳосилшуда аз сатҳи баланди пазироӣ ва натиҷаҳои пурарзиши ин сафар гувоҳӣ медиҳад.

Баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рўзи 10 март аз шаҳри Қарочӣ ба Ватан омад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520