Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

19.02.2008 15:00

Шоми рӯзи 19 феврал бо ибтикори ҷониби Қазоқистон байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.

Сарони давлатҳо роҷеъ ба вазъи сардиҳои имсолаи дар Тоҷикистон ба вуқӯъомада табодули назар карданд.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тибқи қарори махсуси Ҳукумати Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки таъҷилии башардӯстона, аз қабили 1000 тона мазут ва сӯзишвории дизелӣ, маводи хӯрока ва маводи ниёзи аввал, дар ҳаҷми 3 миллион доллари ИМА фиристонида шавад.

Бо дархости Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоев ба Ҳукумати кишвараш супориш дод, ки баҳри харидории мазуд ва сӯзишвории дизелӣ, маводи тухмӣ ва нуриҳои минералӣ барои Тоҷикистон имтиёзи махсус ҷудо намояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520