Субҳи имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай сӯҳбати телефонӣ баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ибрози тасаллият нисбати қурбоншудагони сардиҳои вақтҳои охир рухдодаи Афғонистон ва таркиши ба наздикӣ бавуқӯъ пайвастаи Қандаҳор, ки мӯҷиби ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардидааст, ҳамдардӣ ва таъзияи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро иброз намуд.
Сарварони ду кишвар масоили мубрами вазъ ва дурнамои равобити дуҷониба, аз ҷумла, масъалаҳои иқтисодӣ ва алалхусус, мушкилоти энергетики ду кишварро, ки бар асари сардиҳои фавқулоддаи ғайриоддӣ ба миён омадаанд, баррасӣ намуда, барои ҳаллу фасли он чораҳои мушаххас пешбинӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай тасмим гирифтанд, ки дар вақтҳои наздик мулоқоти сарони ду кишвари ҳамсоя ва дӯст Тоҷикистон ва Афғонистонро доир намоянд.