Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара

25.09.2012 12:15, ноҳияи Данғара

Омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки ҳамагон медонанд, солҳои охир ба шарофати пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарафманду заҳматпешаамон дар кишварамон раванди корҳои ободониву созандагӣ торафт вусъат пайдо намуда, дар тамоми қаламрави мамлакат садҳо иншооти таъиноти гуногун қомат меафрозанд ва ба симои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳусни тоза зам мекунанд.

Соли равон низ ба ифтихори таҷлили ҷашнҳои бузурги умумимиллиамон – бистуякумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва бистсолагии Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон боз садҳо иншооти нави иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла танҳо дар соҳаи маориф беш аз 240 мактабҳои наву замонавӣ ба истифода дода мешаванд.

Боиси хушҳолист, ки дар раванди ин корҳои неки созандагиамон таъмиру таҷдиди мактабҳо ва бунёди муассисаҳои нави таълимиву синфхонаҳои иловагӣ аз ҷумла мактаби Президентии имрӯза барои хонандагони болаёқат ҳамчун макони таълиму тарбия, махзани муқаддаси илму адаб ва маркази асосии ташаккули наслҳои худшиносу ватандӯст мақоми шоиста дорад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳияи Данғара, вилояти Хатлон ва умуман кишвари азизамонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони мактаби мазкур саҳми ватандӯстонаи худро дареғ надоштаанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ тибқи Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015, ки маблағи умумии он зиёда аз 600 миллион сомониро ташкил медиҳад, то имрӯз зиёда аз 1000 мактаб сохта ё таъмиру азнавсозӣ карда шуд.

Дар ин раванд танҳо соли гузашта дар қаламрави кишвар 211 мактаб барои 34 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 61 мактаб барои 12 ҳазору 700 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Умуман дар замони истиқлолият бо дастгирии давлат дар миқёси кишвар зиёда аз 1 ҳазору 300 мактаби ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин шумора 476 мактаби нав ба вилояти Хатлон рост меояд.

Танҳо дар зарфи даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағугзорӣ дар ноҳияи Данғара 27 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Боиси хушҳолист, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии ноҳия торафт беҳтар шудаистодааст. Иштироки фаъолонаи хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилаливу озмунҳои дохилӣ ва дастовардҳои онҳо аз ин тамоюли нек шаҳодат медиҳад.

Масалан, танҳо дар давоми солҳои 2002-2012 10 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби медали тилло, 26 нафар соҳиби медали нуқра ва 39 нафар соҳиби медали биринҷӣ гардидаанд.

Давлату Ҳукумати кишвар ташкил намудани муассисаҳои таълимиро барои хонандагони болаёқат яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи маориф мешуморад.

Ҳамин аст, ки дар солҳои истиқлолият бо ташаббус ва маблағгузории бевоситаи Ҳукумат дар қаламрави кишвар 7 литсей-интернати Президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд карда шуд ва ҳоло дар онҳо зиёда аз 4 ҳазор нафар фарзандони лаёқатманди аҳолии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Мо имрӯз наврасоне дорем, ки бо вуҷуди ҳанӯз хурдсол буданашон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, бо дастовардҳои илмиву эҷодии худ имконияту қобилияти фарзандони Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои дигар ба таври воқеӣ нишон медиҳанд.

Албатта, на ҳамаи наврасон ба чунин комёбиҳо ноил мегарданд, вале мо ҳаддалимкон бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамонро бомаърифат, соҳибкасб, дар рӯҳияи муҳаббат ба илму дониш, ифтихор аз фарҳанги пурғановати аҷдодӣ ва бо эҳсоси баланди худшиносиву ватанпарастӣ тарбия намоем.

Шумо дар ёд доред, ки мо ҳангоми сафари корӣ моҳи августи соли гузашта дар ноҳияи Бохтар мактаби Президентиро барои хонандагони болаёқат мавриди истифода қарор дода будем.

Имсол аз 12 нафар хатмкунандагони ин муассисаи таълимӣ 11 нафарашон донишҷӯи мактабҳои олии мамлакат гардида, як нафар дар муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ба унвони донишҷӯӣ мушарраф шудааст.

Муассисаи таълимии имрӯза, яъне мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохта шуда, барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Мактаби мазкур аз 27 синфхонаи таълимӣ, ду бинои хобгоҳ барои 440 ҷой, бинои истиқоматии нӯҳошёна барои омӯзгорон, ду китобхона, 10 синфхонаи компютерию лингофонӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар иморатҳои ёрирасони муҷаҳҳаз иборат мебошад.

Яъне барои шогирдони муассисаи таълимӣ ҷиҳати азхуд намудани илму дониш ва технологияҳои муосир, инчунин гузаронидани чорабиниҳои таълимиву варзишӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки шумо – фарзандони азиз аз он иборат аст, ки мактаби зебову замонавии худро дӯст доред, онро эҳтиёт кунед, ба қадри меҳнати калонсолон расед ва барои ҳарчи бештару амиқтар омӯхтани илму дониш ва соҳиб гардидан ба касбу ҳунарҳои замонавӣ саъю талош варзед, зеро мо дар баробари фароҳам овардани ҳамаи шароити зарурӣ барои шумо ба қобилияти наврасону ҷавонони имрӯза ҳамчун созандагони фардои ватанамон итминони комил дорем.

Мо минбаъд низ бунёди мактабҳои типи нави замонавиро идома хоҳем дод. Масалан, мо ният дорем, ки то оғози соли хониши оянда дар шаҳри Кӯлоб боз як мактаби Президентиро барои 640 нафар хонандагони болаёқат, ки ҳоло сохтмони он босуръат идома дорад, ба истифода супорем.

Ҳадафи мо аз вусъат додани корҳои бунёдкорӣ дар соҳаи маориф, сохтмони таълимгоҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон ва муҳайё намудани шароити хуби таълимӣ, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки кӯдакону наврасони Ватани азизамон бо баҳои хубу аъло ва ахлоқи намунавӣ таҳсил карда, аз дастовардҳои илму техника ва технологиҳои муосир баҳравар бошанд ва дар оянда ҳамчун фарзандони номбардори халқи бошарафу фарҳангсози тоҷик ба камол расида, дар пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии сарзамини муқаддасамон саҳми арзандаи худро гузошта тавонанд.

Зеро Ватанро танҳо кадрҳои соҳибкасбу бомаърифат обод мекунанд, давлатро шаҳрвандони донишманду баландихтисос муқтадиру нерӯманд мегардонанд ва пешрафту суботи ҷомеа аз сатҳи донишу фарҳанг ва ҷаҳонбинии афроди он вобастагии мустақим дорад.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки мо дар давоми чанд соли оянда дар ҳамаи минтақаҳои кишварамон шумораи кофии муассисаҳои таълимиро бунёд намуда, бо вуҷуди афзоиши аҳолии мамлакат талаботи соҳаи маорифро дар ин самт асосан таъмин хоҳем кард.

Илова бар ин, мо ният дорем, ки бо дарназардошти афзоиши имкониятҳои иқтисодиамон сол ба сол ҷиҳати баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо тадбирҳои амалӣ андешида, мақому манзалати устодро ба сатҳи шоиста расонем, то ки омӯзгор тавонад тамоми донишу малакаи хешро барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар сафарбар намояд.

Зеро чунонки доим таъкид месозам, пешрафти ҷомеа аз бисёр ҷиҳат ба ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандон вобаста буда, рушди давлат ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ бо саъю талоши насли созандаву эҷодкор робитаи бевосита дорад.

Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ба мактаб ҳарчи бештар ҷалб намудани диққати падару модарон ба беҳтар шудани вазъи таълиму тарбия мусоидати фаъол мерасонад.

Яъне мактаб дар сурате ба ташаккули ахлоқу рафтори нек ва донишандӯзии хонандагон бештар муваффақ мегардад, ки агар падару модар бо мактаб робитаи доимӣ дошта, ба таълиму тарбияи фарзандони худ ҷиддӣ машғул бошанд.

Бинобар ин, оилаву мактаб ва аҳли ҷомеа бояд хонандаро якҷоя тарбия кунанд ва ӯро ҳамчун шаҳрванди сазовори давлат ва ҷомеа ба воя расонанд.
Бовар дорам, ки иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои ноил шудан ба ҳадафҳои давлату ҷомеа дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани шахсиятҳои ободгару созанда нақши барҷаста хоҳад бозид.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки заҳмати имрӯзаи мо ба хотири наслҳои наврас ва ҷавонон, яъне соҳибону ворисони ояндаи марзу буми аҷдодӣ мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз неъмати бузурги бадастовардаамон - озодиву истиқлол, соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳру садоқат ба Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар заҳмат кашем.

Дар хотир бояд дошта бошем, ки пешрафти зиндагии ҳар як оилаи Тоҷикистон, тарбия ва ба камол расонидани наслҳои закиву зирак ва соҳибмаърифату донишманд пояҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва асосҳои фарҳангиву маънавии давлатро қавӣ мегардонад ва барои расидан ба ҳадафҳои неки ободгариву созандаамон мусоидат мекунад.

Дар хотима ҳамаи сокинони сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Данғара ва вилояти Хатлон, инчунин шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар ба муносибати ифтитоҳи мактаби навбунёди Президентӣ табрику муборакбод намуда, бароятон бахту саодат, дар фаъолияти пурмасъулиятатон ба нафъи пешрафти кишвари азизамон барори кор ва ба шогирдони ин муассисаи таълимӣ таҳсили хубу аъло, ахлоқи ҳамида ва рафтори неку намуна орзумандам!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520