Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби тахсилоти умумии № 70 дар ноҳияи Данғара

25.09.2012 12:20, ноҳияи Данғара

Омӯзгорон ва шогирдони азиз!
Ҳозирини арҷманд!

Ин лаҳзаҳо мову шумо шоҳиди ба истифода супоридани боз як махзани саводу маърифат, яъне мактаби таҳсилоти умумии рақами 70 дар ноҳияи Данғара гардидем.

Бинобар ин, ба ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ, падарону модарони арҷманд ва омӯзгорону хонандагони азиз ифтитоҳи мактаби навро муборак гуфта, ба сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин макони илму маърифат саҳм гузоштаанд, арзи сипос менамоям.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки амали хайри анҷомдодаи соҳибкори ватанӣ беҳтарин тӯҳфа барои мардуми ноҳияи Данғара ва фарзандони онҳо ва дар айни замон натиҷаи шоистаи раванди ободкориву созандагии кишвари азизамон мебошад.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки солҳои охир соҳибкорону тоҷирони ташаббускору олиҳиммати кишвар дар пешбурди иқтисоди кишвар торафт бештар фаъол шуда истодаанд.

Инчунин боиси хушнудист, ки бисёр соҳибкорони саховатманд ба даъвати Сарвари давлат оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таъмиру бунёди иншооти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру таҷдиди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, дармонгоҳу бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо ва иншооти дигар бо амалҳои хайру савоби худ ҷавоб мегардонанд ва ин раванд ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.

Мавриди зикри хос аст, ки то имрӯз бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат даҳҳо корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ ва толорҳои замонавии варзишӣ бунёд гардида, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ин ҳама аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва нияти неки созандагии онҳо шаҳодат медиҳад.

Мактаби навбунёди имрӯза аз ҷумлаи аввалин муассисаҳои таълимии хусусӣ дар қаламрави мамлакат ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ дар давоми 170 рӯз ва бо заҳмати шабонарӯзии 240 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ сохта шудааст.
Мактаб аз се ошёна, 18 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, толори барҳавои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона иборат мебошад.

Ҳамзамон бо ин, мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла барои омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва илмҳои дақиқ мебошад ва барои таҳсили 640 хонанда (қариб 1300 хонанда дар ду баст) пешбинӣ гардидааст.

Яъне дар ин муассисаи нави таълимии ҳозиразамон барои донишомӯзии шогирдони он тамоми шароити зарурии муосир фароҳам оварда шудааст.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҳамаи соҳибкорони ҳимматбаланди мамлакат, ки ҷиҳати пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар пайваста иқдому ташаббусҳои наҷиби созандагӣ зоҳир мекунанд, барои ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саҳм мегузоранд ва ҳамчунин ба гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста дасти кӯмаку хайрхоҳӣ дароз менамоянд, арзи сипосу миннатдорӣ намоям.

Дӯстони азиз!

Дар ҳама давру замон илмомӯзиву маърифатпарварӣ яке аз омилҳои муҳиму тақдирсози ҳаёти ҳар як миллату давлат дониста мешавад.

Зеро рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҷомеа мебошад.

Дар робита ба ин махсус таъкид месозам, ки дар шароити кунунӣ ҳар як муассисаи таълимӣ, новобаста аз зинаи таҳсилот ва шакли тобеияту моликияташ, бояд наслҳоеро тарбия намояд, ки дорои ҳисси баланди миллӣ бошанд, аз дастовардҳои навтарини илму техника ва технологияҳои муосири коммуникатсионӣ огоҳ бошанд, то ки онҳо тавонанд дар оянда давлату миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, рақобатпазирии кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ таъмин карда тавонанд.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки дар тӯли солҳои охир дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд гардидани сатҳи дониши хонандагон ва тадриҷан беҳтар шудани давомоти толибилмони муассисаҳои таълимии мамлакат тамоюлҳои мусбат ба мушоҳида мерасанд.

Дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, аз ҷумла шогирдони мактабҳои ноҳияи Данғара дар озмуну олимпиадаҳои гуногун далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Ҳоло дар ноҳияи Данғара 68 муассисаи таълимӣ ва 3 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 30 ҳазор хонанда ва тарбиятгирандагон фаъолият менамояд, ки дар онҳо зиёда 1300 нафар омӯзгорону мураббиён бо таълиму тарбияи шогирдон машғуланд.

Дар соли хониши гузашта 24 нафар шогирдони мактабҳои ноҳияи Данғара сазовори 4 медали тилло, 9 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд.

Онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ низ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 5 медали тилло ва 3 медали нуқра шудаанд, инчунин 91 нафар хатмкунандагон дар мактабҳои олии хориҷи кишвар сазовори номи донишҷӯй гардидаанд.

Дар баробари ин ҳама, таъкид менамоям, ки мо набояд аз ин пешравиҳо қаноатманд бошем, зеро чунонки ҳамаи шумо хуб медонед, илму техника ва технологияҳои ҷаҳонӣ бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандони мо аз ин раванди босуръат қафо намонанд.

Дар шароити имрӯза вазифа ва рисолати шумо – фарзандони азиз аз он иборат аст, ки аз имкониятҳои бароятон фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ҳамаҷониба истифода баред, вақти худро ба омӯзиши амиқи илму дониши муосир сарф намоед, дар машғулиятҳои фаннӣ ва чорабиниҳои таълимиву варзишии мактаб ва пешбурди тарзи ҳаёти солим фаъолона иштирок варзед ва инчунин ҳамеша ҷиҳати азбар намудани касбу ҳунарҳои замонавӣ саъю талош кунед.

Зеро шумо ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва давомдиҳандаи анъанаҳои неки тамаддунсозиву маърифатпарварии миллати бошарафамон мебошед.

Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи шумо - сокинони бонангу номус ва ҳимматбаланди ноҳияи Данғара, инчунин устодону шогирдони мактаби навбунёди имрӯзаро ба муносибати ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ табрик гуфта, бароятон рӯзгори орому осуда, тани сиҳат, хонаи обод ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.

Доимо сарбаланду комёб бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520