Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шўрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

04.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини шўрои мазкур бо иштироки аъзои он ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Шўро, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи иттилооту коммуникатсия, таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба технологияҳои муосири иттилоотӣ ва тадбирҳо дар бораи ташкил додани ҳукумати электрониро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Аз ҷумла зикр гардид, ки имрўз дар мамлакат барои компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, таъмини дастрасии ҷавонон ба интернет, китобхонаҳои электронӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, шиносоии насли ҷавон бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тарғиби онҳо ба омўзиши амиқи илмҳои замонавӣ, ташкил додани низоми ягонаи электронии молия, андоз ва гумрук, пардохтҳои ғайринақдӣ, бақайдгирии электронии субектҳои соҳибкорӣ ва ба амал баровардани ҳукумати электронӣ тадбирҳои судбахш амалӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои дахлдори мамлакат доир ба васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар низоми идораи давлатӣ ва ҳамзамон таъмини амнияти иттилоотии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Доир ба рафти иҷрои барномаҳои давлатии ин соҳа ва нақшаҳои кории қаблан қабулшуда роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф, молия, нақлиёт ва коммуникатсия ва намояндагони ассотсиатсияҳои интернет-провайдерон ва операторони алоқаи мобилӣ низ гузориш дода, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа ва бартараф сохтани камбудию монеаҳои мавҷуда таклифҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Бо назардошти таҳлилҳо ва супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таклифу пешниҳодоти судбахши баёнгашта қарори Шўрои иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар қарор омадааст, ки нақшаи чорабиниҳои мушаххаси Шўро таҳия ва пешниҳод карда шавад, дар муддати як моҳ сохторҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии Шўрои иттилоотӣ-коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд, аъзои Шўро ҳар се моҳ аз рафти кори худ ҳисобот пешниҳод намоянд, котиботи доимамалкунандаи Шўро таъсис ёбад ва рафти иҷрои нақшаҳои қабулшударо пайваста зери назорат қарор диҳад.

Таъкид гардид, ки мутобиқи талаби давру замон тамоми вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ бояд сомонаи интернетӣ боз намуда, пайваста онро бо хабару гузоришҳо ва дигар маводи нав таҷдид намоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо татбиқи босамари ин ҳадаф низоми идораи давлатӣ такмил ёфта, мубориза бо аъмоли коррупсионӣ осон мегардад, самаранокии иқтисодиёти миллӣ боло меравад ва Тоҷикистон ба кишвари калидии транзити электронии иттилоот дар минтақа табдил меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520