Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмон ва таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён

12.10.2012 15:04, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён шинос шуд.

Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба бинои навбунёди Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар як паҳлӯи иншооти маъмурию фарҳангии маркази шаҳри Душанбе қомат афрохта, ба ин мавзеъ ҳусни тоза зам намудааст, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо рафти таҷҳиз ва ороиши берунию дохилии ин бинои боҳашамат, ки аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошанд, ба масъулини соҳа доир ба мутобиқ намудани онҳо бо талаботи техникию технологӣ ва ҷобаҷогузории дурусти маводи намоишӣ дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки барои ин кори муҳим беҳтарин олимону мутахассисон ва омӯзгорону донишҷӯёни таъриху фарҳангшинос сафарбар карда шаванд. Тавре иттилоъ дода шуд, осорхона аз толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик ва ёдгориҳои нодири фарҳангӣ иборат буда, ҳама бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.

Барои ба таври шоиста ба поён расондани тамоми корҳои таҷҳизу ороиш, ҷобаҷогузории дурусти осори намоишӣ ва ба кор ҷалб намудани беҳтарин мутахассисони соҳа ба масъулин то 1 марти соли 2013 муҳлат дода шуд.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази фарҳангию фароғатии Сомониён, ки дар паҳлӯи меҳмонхонаи 5-ситорадори Ҳаёт ва кӯли Ҷавонон дар ҳоли сохтмону таҷҳиз қарор дорад, ташриф оварда, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои асосии марказ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва се ошёна дар рӯйи замин иборат буда, баландии гумбази марказии он ба 38 метр мерасад.

Маркази мазкур аз 12 толори хурду бузург иборат буда, дар як вақт метавонад ба 2 ҳазор нафар мизоҷон хизмат расонад.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши толорҳо иттилоъ дода шуд, ки онҳо бо санъати бостонии кандакорӣ ва нақшу нигори дилкаш дар рӯи чӯб, санг, гач ва бо усули оинабандӣ оро дода мешаванд. Аҳли илму фарҳанг, аз ҷумла таърихнигорону фарҳангшиносон, адибони маъруфи кишвар, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекарданд, аз шукӯҳу азамат ва зебоии беҳамтои ин толорҳои нимтайёр ба ваҷд омада, аз ҷумла изҳор доштанд, ки ин мавзеъ аз беҳтарин марказҳои таърихию фарҳангӣ ва фароғатӣ дар минтақа хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520