Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра

17.10.2012 14:40, Кувайт

Субҳи имрӯз дар Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд, аз ҷумла дар заминаи санадҳои қарордодию ҳуқуқии миёни ду кишвар имзошуда, баррасӣ шуд.

Зарурати татбиқи босамари 7 санади муҳими ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2005 дар Таиланд зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон доир ба бахшҳои тиҷорат, иқтисод, илму техника, туризм ва ҷалби сармоя ба имзо расида буд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои густариши бештари робитаҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории гуногунсоҳаи дуҷониба таъсис дода шавад.

Аз Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520