Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нав дар Истаравшан

27.10.2012 19:37, шаҳри Истаравшан

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи мактаби наву замонавии он иштирок намуд.

Бо буридани лентаи рамзӣ ин даргоҳи илму маърифат расман ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, ин мактаб, ки барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо тамоми шароити муосири таҳсил бо сарфи 4 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ аён гардид, ки мактаб дорои озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ ба мисли физикаю кимиё ва биология, синфхонаҳои забономӯзӣ ва омӯзиши асосҳои кори компютер ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Мактаб ҳамчунин толори калони варзишӣ ва майдони васеи варзишӣ дорад, ки барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ шудаанд. Ошхонаи зебою барҳавои мактабӣ дорои шароити хуби муосир мебошад.

Ифтитоҳи ин мактаб боиси хушнудии зиёди аҳолӣ ва мактаббачагони деҳаи Қалъачаи Гули Зарди шаҳри Истаравшан гардид, зеро, тибқи иттилои масъулин, мактаби пешинаи ин деҳа ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта бо усули ҳашар бунёд ёфта, солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми маорифпарвару сарфарози Истаравшани бостонӣ ва хусусан деҳаи Қалъачаи Гули Зардро бо мавриди истифода қарор гирифтани ин мактаби нав табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки хонандагони он бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, оянда дар ободонию тараққиёти Тоҷикистони азиз саҳми намоён мегузоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520