Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқ

28.10.2012 14:49, шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёнаи Маркази тиҷоратию хизматрасонии Ситораи Шарқ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, бинои хуштарҳу зебои ин марказ бо харҷи беш аз 2,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ҷавони маҳаллӣ Ҳоким Ҳомидов бунёд ёфта, дар он 120 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Дар ошёнаи якуми он толори омодасозӣ ва фурӯши либосҳои миллии занона ва арӯсӣ бо гулдӯзию зардӯзӣ ва толори фурӯши либосвории дӯхти корхонаҳои саноатии ватанӣ ҷойгир шудааст. Таваҷҷӯҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро либосҳои хуштарҳи пахтагину пашмин, ки дар корхонаҳои санаоатии шаҳри Истаравшан дӯхта шудаанд, ҷалб намуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар шаҳри Истаравшан беш аз 30 корхонаи саноатӣ фаъолияти босамар доранд, ки аксари онҳо хусусӣ мебошанд. Ҳиссаи соҳибкорони хусусӣ дар ташаккули буҷети маҳаллӣ низ хеле бузург аст.

Дар ошёнаи дуюми марказ тарабхонаи бо нақшу нигор ва кандакории миллии тоҷикӣ ороёфта ҷойгир шудааст, ки басо зебою дилкаш аст. Дар он аз ҷониби ин соҳибкори саховатманд барои 11 ҷуфти ҷавонони навхонадор ва 33 писарча аз оилаҳои ниёзманд тӯйи арусӣ ва хатнасури якҷоя ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаашон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, онҳо ва волидону наздиконашонро бо ин рӯзи фараҳбахш табрику таҳният гуфт.

Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шудааст, ки дар он 70 нафар занону духтарон, ба кори доимӣ ҷалб шудаанд. Аз нисф зиёди онҳо аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Истаравшан дастур дод, ки дӯхти либоси мактабиро пурра дар дохил ба роҳ монанд, зеро шаҳр беш 50 ҳазор мактаббача дорад ва маблағи хеле зиёди барои хариди либоси онҳо сарфшаванда набояд берун равад.

Ошёнаи чоруми бино ба тарзи толори варзишӣ ороста шуда, дар он варзишгарони зиёд машғули машқу тамрин буданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр дастур дод, ки ба ин соҳибкор барои бунёди як толори хуби варзишӣ дар ҷойи дигар замин ҷудо намояд. Дар ин толор бошад, маслиҳат дода шуд, ки боз як коргоҳи дӯзандагӣ омода карда шавад то ки беш аз 70 нафари дигар бо ин кори сердаромад таъмин гарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520