Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунав дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.11.2012 16:10, ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунав дар ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.

Дар саҳни ҳавлии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо сипосгузорӣ аз ғамхории мудоми падарона ба ятимону бепарасторон ва маъюбону муҳтоҷон самимона истиқбол гирифтанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити зист ва таълиму тарбияи мактаббачагони ношунав, аз ҷумла зикр гардид, ки ин мактаб-интернат дар зарфи 9 моҳи охир аз ҷониби роҳбарияти ширкати хусусии «Ситора трейдинг» мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор гирифта, симои нави замонавӣ пайдо кардааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи махсуси таълимӣ 68 сол пеш, ҳанӯз соли 1944 бунёд ёфта, тайи 35 соли охир умуман тармим нагардидааст ва солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Хушбахтона дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳӣ ва раиятпарварии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаи махсуси таълимӣ имрӯз ба як маркази замонавии таълиму тарбия ва ҳунаромӯзии ин дӯстрӯякони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ табдил ёфтааст.

Дар ин муддат болопӯши биноҳои мактаб-интернат пурра иваз карда шуда, дохилу беруни онҳо мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифт. Бо дастгирии ширкати мазкур катҳои хоби кӯдакон пурра иваз карда шуда, ҳамаи 27 синфхона, аз ҷумла ду синфи компютерӣ, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ ва толори маҷлисгоҳ бо мизу курсӣ, ҷевонҳо ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуд.

Дар баробари ин, тамоми таҷҳизоти ошхона ва майдону толори варзишӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир ҷиҳозонида шуда, роҳравҳои ҳавлии мактаб мумфарш ва барои истироҳату сайру гашти хонандагон мусоид гардонида шуд.

Ҳаммому хонаҳои истироҳатӣ, шабакаи гармидиҳӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон низ дар доираи талаботи стандартҳои сохтмонӣ таъмир гардида, бо телевизору дастгоҳҳои наворбардорӣ ва ҷевону роҳаткурсиҳои замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсули кори ин соҳибкорони саховатманди ватанӣ аз наздик шинос шуда, таъкид дошт, ки хайру саховат ба шахсони ниёзманд ва муассисаҳое, ки чунин аъзои ҷомеаи моро фаро гирифтаанд, бояд танҳо бо овардани маводи хӯрока маҳдуд нашавад, балки бештар ба беҳсозии шароити зист ва таълиму тарбияи онҳо равона гардад.

Зимни шиносоӣ бо маҳсули ҳунарҳои мактаббачагон, иттилоъ дода шуд, ки дар устохонаҳои махсус мактаббачагони ношунав касбҳои сартарошӣ, пойафзолдӯзӣ, дӯхти либос, гачкорӣ, рассомӣ ва ҳайкалтароширо аз худ мекунад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои ҳунаромӯзии онҳо шароити аз ин беҳтар муҳайё карда шавад, зеро бо ин кор мактаббачагон метавонанд ба мактаби худ даромад ҳам биёранд.

Ба роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ дастур дода шуд, ки доир ба кабудизоркунии муҳити мактаб-интернат чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонандаи ин мактаб, ки 250 нафар буда, 68 касаш духтарон мебошанд, сару либоси мактабии тобистонаю зимистона ҳадя карда шуд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкороне, ки ин кори хайру савобро анҷом додаанд, арзи сипосу миннатдорӣ карда, дар назди масъулини соҳа доир ба беҳсозии шароит дар тамоми 84 мактаб-интернати кишвар, аз ҷумла 18 интернати мактаббачагони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ба омӯзгорону парасторони ин мактаб-интернат барои заҳмати софдилонаашон арзи сипос карда, таъкид дошт, ки онҳо ба ин кӯдакон бояд мисли фарзандони худ муносибат дошта бошанд. Ба роҳбарияти Вазорати маориф дастур дода шуд, барои зиёд намудани маоши омӯзгорону парасторони мактаб-интернатҳои махсус ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

Шодию нишоти мактаббачагон, омӯзгорону парасторони мактаб-интернат ва падару модарони ин муассисаи махуси таълимиро аз навсозӣ шудани ин муассиса, аз ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳое, ки барои беҳсозии минбаъдаи шароит дар он дода шуд, ҳадду канор нест.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520