Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи як коргоҳи нав дар маҷмааи истеҳсолии Ёқут-2000

19.03.2011 19:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи истеҳсолии ширкати Ёқут – 2000 як коргоҳи дўхти либоси кўдакона ва мактабӣ ба кор дароварда шуда, ба сохтмони ду коргоҳи дигар доир ба дўхти пойафзол ва истеҳсоли мебел оғози расмӣ бахшида шуд.

Бо ибтикору пешкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаю муассисаҳои нав ва оғози бунёди онҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи рўзҳои иду ҷашнҳои миллӣ ба як анъанаи накўи созандагию бунёдкорӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ табдил ёфтааст. ҷашни Наврўзи дилафрўзи имсола низ бо тадбирҳои бузурги ободонию бунёдгарӣ дар ёди мардум то дер нақш хоҳад баст.

Дар маҷмааи истеҳсолии ширкати Ёқут – 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст коргоҳи дўхти либоси кўдакона ва мактабро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти ин ва дигар коргоҳҳои дўзандагӣ аз наздик шинос шуд. Чунонки иттилоъ дода шуд, дар коргоҳи нави дўзандагӣ 240 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст. ҳамагӣ дар ин маҷмааи истеҳсоли айни ҳол 720 нафар ба таври доимӣ фаъолият мекунанд. Чунонки зикр гардид, айни ҳол маоши миёнаи дўзандагон баробар ба 450 сомонӣ аст ва он бо афзоиш ёфтани даромади корхона зиёд шудан мегирад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати Ёқут – 2000 бо Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ монда, тамоми сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо либосҳои махсуси хушсифат таъмин мекунад. Дар ин корхона намунаи ибратбахши шарикии идораҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ ба назар мерасад, зеро ҳам маблағҳои буҷетӣ аз кишвар берун намеравад, ҳам дастгирии истҳсолкунандаи ватанӣ сурат мегирад, ҳам ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад ва ҳам аз ҳисоби андозсупорӣ даромад ба буҷети давлат мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳҳои истеҳсолии фаъолияткунандаи маҷмааи Ёқут – 2000 дидан намуда, дар саҳни ҳавлии он санги асос ва нома ба наслҳои оянда гузошт ва ба сохтмони ду коргоҳи дигар, ки яке барои истеҳсоли мебел ва дигаре барои дўхти пойафзол пешбинӣ шудаанд, оғоз бахшид. Тавре зикр гардид, дар ду корхонаи нав, ки дар мўҳлати кўтоҳ бунёд хоҳанд ёфт, барои 1000 нафари дигар ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Дар паҳлўи маҷмааи истеҳсолӣ ҳамчунин як бинои хобгоҳ мавриди тармиму таҷдид қарор дорад, ки дар он барои 120 коргари роҳдурӣ ҷойи хобу истироҳат омода мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ, ки дар ҳузури роҳбарони корхонаҳои саноатии кишвар, масъулини ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин намояндагони кишварҳою созмонҳои мададрасони хориҷӣ ҷараён гирифт, нахуст ҳозиринро бо фарорасии Наврўзи хуҷастапай табрику таҳният гуфта, ба роҳбарият ва аҳли заҳмати ширкати Ёқут – 2000 барои дастёбӣ ба нишондодҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ арзи сипос намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо арзи сипос ба роҳбарияти ширкати Ёқут – 2000, ҳамчунин аз 220 ҷойи кор дар боғу токзори ин ширкат, ифтитоҳи як коргоҳи дўзандагӣ дар ноҳияи Рашт барои 80 дўзанда ва нақшаи бунёди навбати дуюми он барои 160 ҷойи дигари корӣ зикр намуд.

Дар суханронӣ, зимни ёдоварӣ аз дастовардҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи саноат, аз ҷумла зикр гардид, ки соли 2010 дар мамлакат 85 корхонаи нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо барои 7 ҳазор нафар ҷойҳои корӣ муҳайё гардид. Айни ҳол дар Тоҷикистон бунёди 58 корхонаи дигари саноатӣ идома дорад, ки қисмати зиёди онҳо худи ҳамин сол ба кор медарояд ва 4 ҳазор кас дар онҳо соҳиби кори доимӣ мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки толори тарабхонаи Ёқут – 2000 низ ба як коргоҳи нави дўзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ табдил дода шавад. Пешниҳод пазируфта шуд ва то охири соли равон ин коргоҳ низ ба кор хоҳад даромад.

Занону духтарони сершумор, ки дар коргоҳҳои ин ширкат кор мекунанд, аз фаъолияти худ хушҳоланд, зеро ҳам соҳиби кору маош гаштаанд ва ҳам ҳунаромўзӣ карда, маҳорати худро пайваста сайқал медиҳанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520