Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бунёди маҷмааи бузурги варзишӣ

19.03.2011 19:20, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кўчаи Карамови шаҳри Душанбе ба бунёди як маҷмааи бузурги варзишӣ, ки аз се қаср –умумиварзишӣ, теннис ва варзиши обӣ иборат хоҳад буд, оѓози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи маҷмааи варзишӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки қасри умумиварзишӣ дар масоҳати 5,7 га доман паҳн карда, дорои 4 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд. қасри теннис бошад, дорои корти калон бо 3 ҳазор ҷойи нишаст дар атрофаш ва 8 корти хурд барои машқу тамрин мешавад. қасри варзиши обӣ бо ду ҳавзи шиноварӣ - яке 25х52 метр ва дуввумӣ 25х30 метр пешбинӣ шуда, мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд хоҳад ёфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520