Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар таҷлили солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳангии Арбоб

19.11.2012 18:50, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳангии Арбоби шаҳри Хуҷанд ба ифтихори солгарди 20-уми Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни ҳавлии қасри фарҳангии Арбоб, ки дар таърихи Тоҷикистони навин мақоми хос дорад, сарфи назар аз сардии ҳаво, гарму самимӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоӣ истиқбол гирифтанд.

Дар қасри фарҳангии Арбоб Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст осорхонаи таърихии ин бинои муҳташамро тамошо намуд. Зимни боздид ва рӯ ба рӯ шудан бо аксҳои таърихӣ, аз ҳар рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лаҳзаҳои хотирнишини он ёдоварӣ карда шуд.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди ин санаи фархундаи таърихӣ дар толори бузурги қасри Арбоб бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар аз рӯзҳои пурдаҳшати соли 1992, ки чун соли фоҷеаи миллӣ арзёбӣ гардид, ёдовар шуда, ба ҳамаи вакилони онвақтаи Шӯрои Олӣ, ки аз 230 кас 193 нафарашон барои иштирок дар иҷлосия ба ин қаср ҳозир шуда буданд ва ҳамаи он шахсиятҳои соҳибнуфузе, ки дар ташкил ва гузарондани он иҷлосияи таърихӣ ва барқарорсозии сулҳу созиш дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, арзи сипос намуд.

Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки қаҳрамони сулҳсозӣ ва давлатсозии тоҷикон кулли мардуми Тоҷикистон аст, зеро барқарорсозии сулҳу салоҳ, эътидоли иҷтимоию сиёсӣ ва рушди иқтисодие, ки имрӯз ба назар мерасад, ба шарофати дастгирию пуштибонии беғаразонаи халқи шарафманди кишвар муяссар гардид. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдории самимӣ ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон баён намуда, дар муроҷиат ба аҳли толор таъкид дошт: «Чӣ гуна мо ба ин халқу Ватан хизмат накунем»?

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид ва таъкид карда шуд, ки нақши онҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург буд.

Бо хушнудӣ ёдоварӣ шуд, ки нахустин қонун дар бораи авфи иштирокдорони муноқишаҳои мусаллаҳона, қонуну санадҳои муҳими дигар, аз ҷумла дар бораи баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ва ҳамчунин барқарор намудани хонаҳои сӯхтаю валангори онҳо маҳз дар ҳамин иҷлосия қабул шуд. Тавре таъкид гардид, Парчам ва Нишони нави Тоҷикистони соҳибистиқлол низ баъди беш аз 1 сол гузаштан аз расидани кишвар ба истиқлоли давлатӣ маҳз дар ҳамин иҷлосия қабул карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҷараёни муноқишаҳои мусаллаҳона ва оқибатҳои пурфоҷеаи солҳои аввали истиқлоли давлатии Тоҷикистон, уқубатҳои барқарору пойдор намудани сулҳу созиш ва дастовардҳои имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳли толор ва мардуми кишварро ба арҷгузорӣ ба фазои сулҳу амонӣ, истиқлоли Тоҷикистон, арзишҳои волои умумимиллӣ ва таълиму тарбияи насли имрӯзу ояндаи кишвар дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва давлатсозию давлатдории шоиста ҳидоят намуд.

Дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба ин санади таърихӣ вакил аз ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қозидавлат Қоимдодов, вакили ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Ҷӯрахон Неъматов, вакил аз ноҳияи Ҳисор Абдувоҳид Мирзоев, вакил аз ноҳияи Исфараи вилояти Суғд Гулафзо Савриддинова, вакил аз шаҳри Душанбе Рафиқа Мусоева, вакил аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Аҳлиддин Авғонов ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд.

Қозидавлат Қоимдодов, аз ҷумла изҳор дошт, ки «хушбахтона, вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи 16-ум дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ хато накарданд». Ба гуфти ӯ, ки бо такя ба баҳои Созмони Милали Муттаҳид баён намуд, «Тоҷикистон ягона кишваре аст, ки роҳбараш мухолифони мусаллаҳро баргардонда, бо яроқу аслиҳаашон дар паҳлӯи худ ба сари қудрати давлатӣ баровард».

Вакили аз ҳама калонсоли Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Бердиев аз номи ҳамаи иштирокдорони он иҷлосияи таърихӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷома пӯшонда, ба ӯ барои матонату шуҷоат ва фидокориҳои камназираш аз номи ҳамагон арзи сипос кард.

Дар фароварди маҷлиси тантанавӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд: «Дар он солҳои вазнину пурдаҳшат мо сулҳу амонӣ ва ҳокимияти давлатӣ, ҳокимияти қонунро барқарор кардем, мардуми парешонгардидаро аз нав ҷамъ намудем. Имрӯз ин дастовардҳоро бояд ҳифз намоем ва барои рушду тараққиёти ояндаи давлати Тоҷикистон ҷаҳду талош намоем, то ки ба наслҳои минбаъдаи худ як мулки ободу зебо ва пешрафта боқӣ гузорем».

Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи бошукӯҳи фарҳангии аҳли эҷоди телевизиону синамо ва санъаткорони касбию ҳаваскор, ки саршор аз тарғибу ташвиқи арзишҳои волои сулҳу созиш ва бунёдкорию созандагӣ буд, идома ёфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520