Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дар шаҳри Душанбе

30.11.2012 16:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар толори он бо намояндагони сершумори кормандони ин соҳа мулоқот анҷом дод, ки дар он, ҳамчунин роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар масъулони ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман мавриди истифода қарор дода, қабл аз мулоқот бо кормандони соҳа нахуст бо шароити кори дар ин бино муҳайёгардида шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин бино бо тарҳи зебои замонавӣ тайи 6 соли охир бо харҷи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизоти муосири бахшҳои гуногуни ин соҳа муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои гуногуни бино техникаю таҷҳизот ва технологияҳои нави харитасозӣ, геодезӣ, иқлимшиносӣ, аксбардории кайҳонию ҳавопаймоӣ, заминченкунӣ ва ғайра намоиш дода шуд.

Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазгардонии толору утоқҳои корӣ баҳои хуб дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи касбияту кордонии мутахассисони соҳа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дастур дод, ки барои пайваста омода кардани мутахассисони ҷавону кордон дар назди яке аз муассисаҳои олии таълимӣ факулта ва ё шуъбаи заминсозӣ ва геодезӣ ифтитоҳ ёбад. Таъкид гардид, ки ҳамзамон барои омодасозии кадрҳои варзидаи соҳа дар хориҷи кишвар низ чораҳо амалӣ карда шаванд. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба омодасозии кадрҳои бахши иқлимшиносӣ ва равандҳои глобалии ин самт зоҳир гардид.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори калону барҳавои маҷлисии бинои нави Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, ки дорои 270 ҷойи нишаст мебошад, бо кормандони сершумори ин соҳа мулоқоти судбахш анҷом дод. Барои оростани суҳбати озоду ошкоро ва баррасии ҳамаҷонибаи мушкилоти ҷиддии ин соҳа дар мулоқот роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии муфассал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти сершумор, аз ҷумла тақсимоту истифодаи ғайриқонунии замин, аз гурӯҳи кишоварзӣ ба фонди манзил гузарондани заминҳои корам, аз ҷумла заминҳои ҳосилхези обӣ, аз истифодаи кишоварзӣ дур мондани ҳазорҳо гектар заминҳои корам ва дигар муаммоҳои ин соҳаро мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Бо ишора ба кишвари кӯҳистон ва камзамин будани Тоҷикистон аз истифодаи ғайриқаноатбахши заминҳои корам изҳори нигаронӣ карда шуд. Зикр гардид, ки аз 677 ҳазор гектар замини корами ҷумҳурӣ имсол 19 ҳазору 300 гектар, аз ҷумла 15 ҳазору 300 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Ҳамчунин аз ғайриқонунӣ ба фонди наздиҳавлигӣ гузарондани заминҳои гурӯҳи кишоварзӣ ва тақсимоту фурӯши он ба аҳолӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Ёдоварӣ шуд, ки дар 70 соли замони шӯравӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақсим шуда бошад, пас дар 21 соли истиқлолият 127 ҳазор гектар ба ин ҳадаф равона шудааст. Танҳо дар се соли охир 27 ҳазор гектар барои додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст. Таъкид гардид, ки бо вуҷуди ин камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ дар ин соҳа мавҷуданд.

Зикр гардид, ки солҳои охир ҷавобгарӣ барои қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи замин пурзӯр карда шудааст. Ин аст, ки агар дар солҳои 2009 ва 2010 оид ба ин намуди қонунвайронкунӣ ҳамагӣ 163 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда бошад, пас баъди ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо дар соли 2011 ва 8 моҳи соли равон вобаста ба ин намуди ҷиноят 430 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи мақомоти прокуратура доир ба худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва ғайримақсаднок истифода бурдани онҳо 8 ҳазору 523 парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ оғоз гардида, беш аз 1000 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 244 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо зикри омори изтиробовари ҷинояту қонуншиканӣ дар ин соҳа аз шахсони масъул риояи қонунияту тартиботи ҳуқӯқӣ ва зери хатар нагузоштани ҳаёти худ ва пайвандонашонро талаб кард.

Дар охири маҷлис, ҳамчунин гузориши Раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ Маҳмадтоир Зокиров ва Прокурори генералии кишвар Шерхон Салимзода доир ба роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани камбудию мушкилоти сершумори соҳа ва баланд бардоштани сифати корҳо шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба бартараф намудани мушкилоти ҷиддии мавҷуда, аз ҷумла тақсимоти ғайриқонунии замин, пешгирӣ аз истифодаи бесамари заминҳои корам, фаъол намудани тамоми имкону захираҳои мавҷуда супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла таъкид дошт, ки «ҳар як ваҷаб замини корам бояд омили муҳими таъмини амнияти озуқавории кишвар дониста шавад». Дастур дода шуд, ки сафи кормандони соҳа аз шахсони тасодуфӣ ва ба кирдорҳои коррупсионӣ майлдошта тоза карда шавад.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар шахсони масъул доир ба ҳарчи зудтар анҷом додани шудгори заминҳои пахта ва кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ хуб ба роҳ мондани зимистонгузаронӣ, тарғиби истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ҷамъбасти босифати натиҷаҳои фаъолият дар соли равон ва таҳияи нақшаҳои ояндаи корӣ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520