Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 59 дар деҳаи Ғайратободи ноҳияи Ҳисор

06.12.2012 11:17, шаҳри Ҳисор

Устодони мӯҳтарам ва фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Соли равон низ барои халқи куҳанбунёду фарҳангпарвари мо ҳамчун соли вусъати корҳои ободониву созандагии кишвари азизамон дар саҳифаҳои таърихи тоҷикон сабт мегардад.

Ҳамчун идомаи ташаббусҳои бунёдкории мардуми заҳматпешаву ободкорамон мо имрӯз боз як муассисаи таълимии навро мавриди баҳрабардории насли ояндасози Ватанамон қарор додем.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо - устодону шогирдони азиз, кулли мардуми заҳматпешаи ноҳияи Ҳисор ва ҳозирини гиромиро табрик мегӯям. Инчунин ба бинокорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин муассисаи таълимӣ саҳм гузоштаанд, яъне дар бунёди муассисаи нури маърифат ширкат карда, кори савобро анҷом додаанд, арзи сипос менамоям.

Воқеан, саҳм гузоштан дар сохтмони мактаб, ки манбаи савод ва илму маърифат мебошад, барои мардуми мо аз қадимулайём кори хайру савоб ба ҳисоб меравад. Зеро насли наврас илму донишҳои замонавӣ, ахлоқи ҳамида, дӯст доштани Ватан ва кӯшиш барои ободии онро фаро мегирад.

Бовар дорам, ки мактаби замонавии мазкур дар тарбияи наврасону ҷавонон ва ҳамчун шахсиятҳои маъруфу содиқи Ватан ба камол расидани онҳо саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ҳукумати мамлакат дар баробари амалӣ намудани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди иқтисодии кишвар, инчунин барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Мактаби нави имрӯза, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент сохта шуда, барои таҳсили 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, бо тамоми шароити зарурии муосир, синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои махсуси фаннӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, толори варзишӣ ва ошхонаву дигар иморатҳои ёрирасони муҷаҳҳаз таъмин мебошад.

Мақсади асосии мо аз бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ ва таълимгоҳҳои нав дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи замонавии насли наврас ва ҳамаҷониба омода намудани онҳо ба талаботи рӯзафзуни ҷаҳони муосир аст.

Бояд гуфт, ки маориф ҳамчун соҳаи муҳим ва афзалиятноки ҳаёти ҷомеа дар ташаккули инсон, рушди ҷаҳонбинии фардиву иҷтимоии шахсият ва тарбияи ӯ дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибащарӣ нақши ҳалкунанда дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар хотир бояд дошт, ки бе омӯзиши мероси илмиву фарҳангии гузаштагонамон ва эҳтирому арҷгузорӣ ба он эъмори ҷомеаи муосири пешрафта аз имкон берун аст.

Аз гузаштаи пурифтихорамон аён аст, ки дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи халқамон фарзандони фарзонаи миллатамон бо донишу таҷриба ва ғайрату номуси худ Ватани моро аз вартаи мушкилот раҳо дода, барои рушду ободии он содиқона хизмат кардаанд.

Аз ҷумла водии Ҳисор чун диёри фарҳангофари кишвари азизамон дар оғӯши худ шахсиятҳои мӯътабареро тарбия кардаву ба камол расонидааст, ки дар пешрафти сарзамини аҷдодӣ саҳми муносиб гузошта, бо фаъолияти созандаашон дар назди Ватан ва халқи тоҷик эҳтироми бузург доранд.

Бо камоли ифтихор мехоҳам номи яке аз шахсиятҳои фарзонаи ин диёри зебоманзар - устод Мирзо Турсунзодаро чун намунаи ибрат барои насли имрӯз ба забон орам.

Мирзо Турсунзода чун ходими ҷамъиятиву сиёсӣ, шахси инсондӯст, ҳомии сулҳу оромӣ ва адолати иҷтимоӣ ба унвони олитарини Ватан - Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидааст, ки ин бесабаб нест.

Зеро ин абармарди намоёни халқи тоҷик аз ҷумлаи адибон ва сиёсатмадороне буд, ки дар замони худ рисолати таърихиашро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он дарк намуда, тамоми саъю талош ва донишу малакаи худро барои пешрафти илму маориф ва адабиёту фарҳанги тоҷик ва муҳимтар аз ҳама, барои таҳкими сулҳ ва дӯстиву ҳамкории байни миллатҳо равона сохтааст. Ҳамин аст, ки корномаи ӯ боиси ифтихори тамоми тоҷикон мебошад.

Хизмати содиқонаву софдилонаи фарзандони баору номус ва номбардорони Ватани маҳбубамон, ба монанди Мирзо Турсунзода барои наслҳои имрӯза ва ояндаи халқамон бояд намунаи ибрат бошад.

Мо - падару модарон ва омӯзгорон бояд фарзандону шогирдони худ ва умуман насли имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло дар ноҳияи Ҳисор зиёда аз 140 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 54 ҳазор кӯдакону наврасон ба раванди таълиму тарбия фаро гирифта шуда, қариб се ҳазор нафар устодон ба шогирдон дарс мегӯянд.

Дар зарфи панҷ соли охир аз ҳисоби буҷет дар ҳудуди ноҳия даҳҳо муассисаи нави таълимӣ сохта шуда, аксарияти мактабҳои мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Инчунин бунёди боз чор мактаби нав ба лоиҳаи сохтмонии соли 2013 ворид гардидааст.

Илова бар ин, дар доираи нақшаи генералӣ ва омодагӣ ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисори Шодмон, яъне дар се соли оянда мактаби таҳсилоти умумӣ барои 640 нафар хонанда, Мактаби Президентӣ барои 640 хонанда, синфхонаҳои иловагӣ, китобхона, осорхона, кохи фарҳанг барои 700 ҷои нишаст, варзишгоҳи марказӣ бо 20 ҳазор ҷои нишаст ва боғи фарҳангу фароғат бо чойхона ба нақша гирифта шудааст, ки мо имрӯз хишти аввали бунёди онҳоро мегузорем.

Вобаста ба раванди таълиму тарбия мехоҳам як масъаларо бо қаноатмандӣ хотирнишон созам.

Солҳои охир беш аз 80 нафар омӯзгорони касбӣ, ки бо сабабҳои гуногун тарки ин пешаи пурифтихор намуда буданд, бо беҳтар гардидани вазъи соҳаи маориф, баланд шудани музди меҳнат ва дигар ғамхориҳои Ҳукумат боз ба ҷойҳои кории пешинаи худ баргаштанд, ки ин, бешубҳа, ба ҷараёни мӯътадили таълиму тарбия дар мактабҳо мусоидат менамояд.

Алҳол мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Ҳисор дар доираи барномаи компютерикунонии муассисаҳои таълимии мамлакат ба миқдори беш аз ҳазор компютери замонавӣ таъмин шудаанд ва имрӯз дар ноҳия ба ҳар 17 нафар хонанда як компютер рост меояд.

Бинобар ин, шумо - толибилмони азизро зарур аст, ки бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавии худ ҳамеша сазовори номи баланди фарзанди Тоҷикистони соҳибистиқлол бошед ва ҳар як соати дарси устодони худро ғанимат дониста, барои азхуд кардани илму дониши замонавӣ кӯшишу ғайрат намоед.

Дар навбати худ кормандони соҳаи маориф - омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз Ватан ва фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон ҳамеша саъю талош намоянд.

Вазифаи ҳар як шахси солимфикру огоҳ ба хонандагон талқин намудани омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, забономӯзӣ ва дар навбати аввал ба дараҷаи аъло донистани забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ, азхуд намудани дастовардҳои навтарини техника ва технологияҳои муосир мебошад.

Албатта, ҳамаи он дастовардҳое, ки то имрӯз аҳли маорифи мо сазовор гардидаанд, аз таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат ва муҳимтар аз ин, аз назари худи мардум дур намемонад.

Мо хуб медонем, ки тайи чанд соли охир донишу маҳорати шогирдони мактабҳои мо бо садҳо ҷоизаву мукофотҳои байналмилалӣ қадр карда мешаванд, ки ин боиси ифтихори на танҳо устодону омӯзгорон, балки тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Вале бо вуҷуди ин, то ҳанӯз камбудиву норасоиҳое ҳастанд, ки дар роҳи таҳким бахшидани ин соҳаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ монеа эҷод мекунанд.

Бахусус коста гардидани одобу ахлоқи як иддаи мактаббачагон, ба қонуншиканиву ҷиноят ва дигар амалҳои ношоям даст задани баъзеи онҳо боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва бо ҳамин роҳ пешгирӣ намудани зуҳуроти манфӣ дар ҳаёти кӯдакону наврасон имрӯзҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад, ки татбиқи дурусту самараноки он яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа ва миллату давлат хоҳад гашт.

Имрӯз ҳар яки шумо - хонандагони азизро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз неъматҳои бузург - сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлол ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҷиддан аз пайи омӯзиши илму дониш ва касбҳои замонавӣ шавед ва дар оянда ҷиҳати рушди кишвари маҳбубамон саҳми босазо гузошта тавонед.

Ҳозирини гиромӣ!

Мехоҳам бо истифода аз фурсат дар атрофи баъзе нуктаҳои мубрами таълиму тарбия ибрози ақида намоям, ки дар ҳолати аз мадди назар дур мондани онҳо ба ҳадафҳои волои худ расидани мо аз имкон берун аст.

Таълиму тарбия ҷузъи фарҳанги миллат буда, ҷавҳарест, ки ба воситаи он худи миллат пойдор ва ҷовидон мемонад.

Аз ин рӯ, таълиму тарбия аз ҳар ҷиҳат бо фарҳанг ва ормонҳои иҷтимоии мардум бояд иртиботи ногусастанӣ дошта бошад. Таълиму тарбияе, ки дар он фарҳанг ва ормонҳои волои ҷомеа сарфи назар мешаванд, ба таназзули фарҳанг ва коста гардидани ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад.

Агар таълиму тарбия дар худ фарҳанги миллатро таҷассум накунад, ба осудагии иҷтимоӣ ва пешрафти миллат мусоидат нахоҳад кард.

Омӯзиш бояд ҳадафманд бошад ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҷомеаи муосир кӯмак расонад, хонандаро, дар навбати аввал, дар рӯҳияи худшиносӣ, меҳру муҳаббат ба Ватан, ахлоқи ҳамида ва меҳнатдӯстӣ тарбия намояд.

Дар иҷрои ин кори душвор ҳам падару модарон ва ҳам омӯзгорон масъулият доранд. Таъкид месозам, ки дар ин кори муҳим аҳли ҷомеа низ набояд дар канор бошад.

Мардуми шарафманди мо мактабу муаллимро хеле гиромӣ медорад. Мо имрӯз дар масъалаи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи хонандагон дар ҳама вохӯриву мулоқотҳоямон ибрози ақида менамоем, вале дар баъзе мавридҳо ба сатҳу сифати дониш ва муносибати омӯзгор ба касби пурифтихори ӯ диққати ҷиддӣ намедиҳем.

Мутаассифона, миёни омӯзгороне, ки ҳастии худро ба мактаб, ба таълиму тарбияи насли наврас ва созандагони ояндаи кишвари маҳбубамон бахшидаанд, баъзе муаллимоне низ ҳастанд, ки дар кори таълиму тарбия фориғболӣ зоҳир менамоянд. Ин амали ноҷо ба шуури хонандагон ва сатҳи донишу тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Маълум аст, ки саводнокии омӯзгор ва сатҳи одобу ахлоқи ӯ дар ҷомеа дар дараҷаи аввал меистад.

Агар омӯзгор савияи баланди дониши замонавӣ ва ахлоқи ҳамида надошта бошад, ҳама гуна ҷаҳду талошҳои давлату Ҳукумат, аз ҷумла сохтмони мактабҳо, таъмини онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, нашри китобҳои таълимӣ ва татбиқи дигар барномаву нақшаҳо дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

Дарки воқеияти имрӯз, яъне шинохти манфиатҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳимояи Ватан-модар, хизмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии кишвар талаботро нисбат ба омӯзгор даҳчанд баланд карда, дар айни замон мақому манзалати ӯро дар назди ҷомеа боз ҳам болотар мебардорад.

Агар омӯзгор талабаро ба ин хислатҳо мусаллаҳ карда тавонад, дар оянда рушду тараққиёти давлат ва кишвар таъмин мегардад.

Ман қаблан гуфта будам ва имрӯз низ таъкид менамоям, ки дониш қудрат аст.

Агар муаллим ин қудратро дар шуури хонандагон талқин кунад, ҳамаи кӯшиш ва малакаву таҷрибаи худро барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи шогирдони худ сафарбар намояд, онҳоро бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ карда тавонад, табиист, ки хонандагон дар бораи ҳама гуна зуҳуроти ҷамъиятӣ мантиқан хулоса мебароранд.

Дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб менамояд, фирефтаи ҷараёнҳои ифротӣ нагардида, ба халқу Ватани худ хизмати содиқона мекунад.

Мақсади ягонаи мо ин аст, ки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои муҳиму мубрам ва таҳлили равандҳои ҷаҳонишавӣ қодир бошанд ва дар маҷрои таҳаввулоти ҷаҳони муосир мақому манзалати сазовори Ватани маҳбубамонро ҳифз карда тавонанд.

Мо дастгириву пуштибонии мардуми бонангу номуси Ҳисорро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, хусусан дар ҳимояи сохти конститутсионӣ дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Чунонки шумо огоҳӣ доред, бо мақсади бузургдошти саҳми мардуми ганҷофару фарҳангпешаи водии Ҳисор дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик бо қарори Ҳукумати кишвар соли 2015 ҷашни 3000-солагии ноҳияи Ҳисор таҷлил карда мешавад.

Фикр мекунам, ки ин чорабинӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидан ва ба як гӯшаи пешрафтаи Ватани соҳибистиқлоламон табдил додани он саҳми муносиб хоҳад гузошт.

Инчунин бовар дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту шарафманди ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони ҳимматбаланд ва шахсони саховатпеша дар доираи омодагӣ ба ҷашн корҳои ободониву созандагиро дар ҳар деҳаву ҷамоат ва ҳар кӯчаву хона вусъат мебахшанд ва бо ҳамин роҳ саҳми ватандӯстонаи хешро дар раванди ободу зебо гардонидани Ватани азизамон дареғ намедоранд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар шумо - ҳозирини гиромӣ, фарзандони азиз ва тамоми мардуми ноҳияро бо муносибати ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ табрик менамоям.

Бигзор мактаби нав дар ояндаи наздик барои мардуми диёри зарнисори Ҳисор ва Тоҷикистони азизамон чеҳраҳои нави илму маърифатро тарбия ва муаррифӣ намуда, сафи номбардорони кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб афзояд.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520