Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар таҷлили дуюми ҷаҳонии ҷашни Наврўз

27.03.2011 21:00, Эрон

Бисмиллоҳир – раҳмонир – раҳим
Бародари гиромӣ,
Раиси ҷумҳури мўҳтарами Эрон, доктор Маҳмуди Аҳмадинажод !
Бародарони азиз, раисони кишварҳо, давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо !
Дўстони азиз!
Ширкаткунандагони ҷашни бостонии Наврўз!

Қабл аз ҳама ин ҷашни пуршукўҳ, ин ҷашни зебоӣ ва ҷашни табиату баҳор, ҷашни сарсабзиву фархундагиро аз тарафи давлат ва миллати Тоҷикистон барои мардуми шарифи ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон, барои ширкаткунандагони ин ҷашни бостонӣ, барои меҳмононе, ки аз кишварҳои дуру наздик ба таҷлили ин ҷашни пуршукўҳ ташриф овардаанд, самимона табрик мегўям.

Мо имрўз дар сарзамине гирд омадаем, ки ҳанўз 2500 сол қабл аз ин бузургтарин маркази баргузории ҷашни Наврўз буд.

Дар маросими таҷлили ҳарсолаи он намояндагони қариб тамоми мардумони мутамаддини ҷаҳони он рўз аз Юнону Миср то сарҳадоти Чин ва аз қафқоз то ҳинд ширкат меварзиданд. Яъне дар он замон Наврўз бузургтарин ҷашни ҷаҳонӣ ба шумор мерафт. Дар он рўзгор минтақаи марказӣ ва асосии олами мутамаддин маҳз ҳамин ҳудуди зикршуда маҳсуб мегардид.

Имрўз барои мо ҷои хеле хурсандиву ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ, ин ҷашни зебоии табиат, ҷашни соли нав аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди арзишманд натиҷаи кўшишу талош ва пайгириҳои чандинсолаи давлатҳои ҳавзаи тамаддунии Наврўзи бостонӣ буд. Бо машварату ҳамёрӣ ва дастгириҳои ҳамдигар ин натиҷаи барҷаста ба даст омад ва ин ҷашни зебои миллатҳову давлатҳои мо ҷойгоҳи ҷаҳонии муддатҳо фаромўшшудаи худро бори дигар ва дар сатҳи олитару густурдатаре соҳиб гардид.

Чунонки ҳамагон медонем, доираи ҷуғрофиёии ҷашни Наврўз дар ҷаҳони имрўз хеле васеъ арзёбӣ мешавад ва кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби сарзамини Чин шурўъ шуда, то Осиёи Марказӣ, нимқораи ҳинд, қафқозу Руссия, сарҳадоти Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ имтидод меёбад. Яъне ин ҷашн имрўз дигар танҳо марбути қавмҳои эрониву туронӣ нест, чунонки дар қадим буд.

Ҳанўз доираи ин ҷашн бо таъсис ёфтани империяи бузурги ҳахоманишӣ ва ба ҳайати он шомил гардидани бузургтарин давлатҳову мардумони мутамаддини дунёи қадим аз ин доираи худ берун рафта буд, ки баъд аз ин барои кулли ин мардумон азизу муҳтарам ва мондагор гашт. Чунонки имрўз ҷашни Наврўз барои як тоҷику эронӣ азизу мўҳтарам аст, ҳамчунони дигар барои як теъдод қавму миллиятҳои дигар низ мавриди эҳтирому пазириш қарор дорад.

Ман дар ин ҳамоиши бузург раво намедонам, ки бо баён доштани мушаххасоти гузаштаи таърихии ин ҷашн хотири шарифи ҳозирини арҷмандро гирифтор созам, чун ҳама аҳли фазлу дониш ва донандагони ҳол ва мутахассисони варзида дар ин ҷо гирд омадаанд ва умед аст, ки эшон дар ин боб гуфтаниҳои тахассусие аз худ тақдим хоҳанд дошт. Донишмандон дар ҳама давру замонҳо аз Наврўз таҳқиқот карда, ин нуктаро муайян намудаанд, ки чунин ҷашн дар ҷаҳон назири худро надорад. Агар бештаре аз ҷашнҳои олам ба воситаи ҳодисаҳое дар миёни мардумоне машҳур шуда, мавриди пайравии доимии эшон қарор гирифта бошанд, пас Наврўз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст.

Ин воқеан ҳам зиндатарин ҷашне дар рўи Замин аст, ки бидуни хоҳиши ягон халқу миллати ҷаҳон ҳар соле як маротиба худ фаро мерасад. Он ҷашни сабзиш ва офариниши ҷаҳон, воқеан ҳам омадани соли нав аст.

Пеши роҳи онро ягон таълимоту идеоложие гирифта наметавонад, баръакс он бо зебоии худ, чунонки таърих борҳо исбот намудааст, тамоми эътиқодоти башариро ба худ ҷалб намуда, бо ҳама созгор омадааст. ҳар таълимоте, ки бо ин ҷашн рў ба рў омада, аз шиддати меҳру муҳаббат бад-он бо либоси маънавии худ ўро пўшида, боз ҳам зеботар гардонидааст.

Ин ҳолатро мо дар замонҳои мухталифи таърихӣ дар бархўрди ин оини нек бо дину ойинҳои гуногуне мушоҳида кардаем. Ва акнун, чунонки мебинем, бо ҷаҳонӣ шуданаш боз ҳам зеботару пуршукўҳтар хоҳад шуд!

Тоҷиконро ин мақол аст, ки «Офтобро бо доман пўшида намешавад», чун зуҳури ин рўзу ин ҷашн баста ба Офтоб аст, яъне расидани бурҷи Офтоб ба хонаи эътидол ва бад-ин восита баробар шудани шабу рўз аст. Мазмуни мақол ҳам ҳамин хоҳад шуд, ки Наврўзро бо чизе пўшида намешавад.

Зеро он бо расиданаш тамоми мавҷудоти дар зимистон хобрафтаи табиатро ба ҳаракат меорад, ҳавои сарди дилгирро гарму дилкаш, олами наботиву ҳайвонӣ ва инсониро пурҳаракату шоду масрур мегардонад. Ин сели ҳаёту зиндагию умедворист, ки бар фавқи хуфтагиву маргу ноумедиҳои сармоӣ сар мезанад ва касеву чизеро аз неъмати худ дар канор намегузорад. Аз ин аст, ки онро ба ҳеҷ ваҷҳ пўшидан, инкор кардан, нодида гирифтан имкон надорад!

Таърих гувоҳ аст, ки Наврўз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил намуда, гузаштагонамон онро ҳамчун оғози соли нав, ҷашни баҳор ва бедории табиат таъбир кардаанд.

Тибқи андеша ва эътиқоди онон Наврўз рамзи пирўзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, покизагию ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад.

Чунонки аз манобеи таърихии бостонӣ бармеояд, қавмҳои ориёии қадим, ки аввал дар ҳудуди Мовароуннаҳр ва атрофи он ба сар мебурданд, қабл аз сарозер шуданашон ба сарзамини имрўзии Эрон ҳам Наврўзро ҷашн мегирифтаанд. Як қисмате аз сарзамини эшон, ки минтақаи бузурги кўҳистонии Бадахшону ҳиндукушро дар бар мегирифт ва сарзамини ниҳоят сарде ба шумор мерафт, расидани фасли баҳор барои эшон дар ниҳояти интизорӣ ба анҷом мерасид, бад-ин хотир буд, ки ин ҷашн дар мунтаҳои шукўҳу азамат таҷлил меёфт.

Ва ҳам ин амал то ба имрўз дар ин минтақа азизу мўҳтарам аст.

Донишмандони бузурге чун Абўрайҳони Берунӣ, Умари Хайём ва дигарон дар таҳқиқоти илмии хеш навиштаанд, ки ҷашни Наврўзи суғдиёну хоразмиён аз ҷашни мардумони Форс чандон фарқе надорад.

Якчанд тафовуте, ки дарёфтаанд, ба қавли Берунӣ иборат аз он аст, ки чун қавмҳои ориёӣ аз Балх ба сўи Бобулу Байнаннаҳрайн рафтанд, баъзе урфу одоти худро бо мардумони он ҷониб омезиш доданд, ки бад-ин сабаб фарқиятҳое ба вуҷуд омад.

Дар ин замина донишманди шаҳири эронӣ устод Саъид Нафисӣ дар муроҷиат ба мардумони сарзамини худ ин нуктаро пайваста эълом медошт, ки «Нажоди ориё дар доманакўҳҳои ҳиндукуш, дар канори рўди ҷайҳуну Сайҳун (яъне Мовароуннаҳр) нахустин рўзҳои зиндагии хешро гузаронидааст... Мо – эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрўз ба манзалаи хонаи дуввуми мост».

Агарчи дар ин кўчиши бузург тағйироте падид омад, аммо таҳкурсии аввалияи он расму русуми аҷдодӣ ҳамеша барҷаставу фаъол боқӣ монд, ки дар ин силсила ҷашни Наврўз низ устувор буд. Дар андак муддате дар бархўрд бо дигар тамаддунҳои пешрафтаи ҷаҳони он рўз инкишофу пешравии бештаре кард ва аз ҳамин ҷо, аз ҳамин замине, ки алҳол мо қарор дорем, яъне дар сарзамини Тахти ҷамшед аввалин қадамҳои устувори ҷаҳонишавии худро гузошт.

Аммо ин ҷашн дар зодгоҳи аввалияи худ - дар сарзамини бузурги Ориё бо тамоми арзишҳо ва назокати мардумии худ пайваста боқӣ буд ва суннатҳои ибтидоии худро ҳамеша нигоҳ медошт. Бузургтарин рамзи ин ҷашн – гулест бо номи «гули наврўзӣ», ки маҳз дар вақти фаро расидани Наврўз дар минтақаи кўҳистонии Мовароуннаҳр ва атрофу акнофи он шукуфо мешавад. Падид омадани ин гул башорат аз расидани Наврўз аст, ки аз кўҳу дашт чидан ва ба манзили зист овардани он як маросими ҳаяҷонбахши мардумӣ дар сарзамини мост. Ва бо ин ном дарёфтани гуле, ки маҳз «Наврўзӣ» ном дошта бошад, аз ин манотиқ дуртар мушоҳида намешавад, магар гули сурӣ, ки он ҳам аз гулҳои зебои айёми Наврўз аст.

Дар сарзамини Бохтари бузург, ки ҳудуди Тоҷикистони имрўзӣ як қисмате аз он буд ва тобеоти он ҷашни Наврўз бо номи «ҷашни гули сурх» дар мунтаҳои шукўҳу шаҳомат таҷлил мешуд ва гумон мекунам, ки он гул имрўз дар дасти шоҳаншоҳи Эрони бостон – Дорои Бузург ва дигар сарони бузурги давлати ў ба воситаи ин пайкараҳои зебои сангин то ба мо расида, аз ягонагии мо дар он дунёи қадим башорат медиҳад.

Ин ҷашн дар замони ислом низ шукўҳу ҷалоли худро аз даст надод. Баръакс, дар хилофати исломӣ пазируфта шуд ва тавассути умури идории он дар тамоми қаламрави ислом густариш ёфт ва ҳатто бо номҳои мухталифи дигаре, аз қабили «Наврўзи Муътазидӣ», «Наврўзи Азудӣ» ва «Наврўзи султонӣ» машҳур шуд. Ба ибораи дигар, Наврўз бори дигар, ин дафъа дар ҷуғрофиёи васеътаре ҷаҳонӣ шуд.

То ҷое, ки дар ҷаҳон ҳамчун ҷашни мусулмонӣ ном гирифт. Чунончи сайёҳони аврупоӣ, ки дар асрҳои 18-19 ба Мовароуннаҳр омадаанд, дар ёддоштҳои хеш навиштаанд, ки мусулмонони ин ҷойро дар ин рўзгор се иди бузург аст: иди Фитр, иди қурбон ва иди Соли нав (яъне Наврўз) ва аммо иди Соли навро бо иҷро намудани тамоми одобу русумаш бузургтарини идҳо арзёбӣ намудаанд.

Наврўз дар қисмати Мовароуннаҳр бо номи иди «Соли нав» то замони падид омадани давлати Шўравӣ бо тамоми вусъат ва шукўҳ ҷашн гирифта мешуд. Агарчи дар замони Шўравӣ ин ҷашн ба таври расмии давлатӣ аз миён рафт, вале мардум ҳеҷ гоҳ аз ҷашн гирифтани он даст накашиданд.
Маҳз ҷашнгириҳои пайвастаи мардумӣ буд, ки тамоми одобу русуми Наврўз дар ҷумҳуриҳои шўравии ҷашнгиранда, аз ҷумла Тоҷикистон ҳифз шуд ва дар давраи ба истиқлол расидан аз нав комилан эҳё гардид.

Ва инак пас аз ҷаҳонӣ шудан ва фароҳам омадани имкониятҳои бештар кишварҳои моро лозим аст, ки ба воситаи таҷлили пуршукўҳи ҳамасолаи Наврўз тамоми суннатҳои қадимии онро, ки албатта теъдоде аз онҳо бар асари ҳаводиси таърихӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафтааст, зина ба зина бо дастгирии илмию фарҳангии ҳамдигар пурра эҳё гардонем ва боз ҳам бештару беҳтар ба оламиён собит карда тавонем, ки воқеан ҳам Наврўз аз ҷумлаи арзишмандтарин ҷашнҳои башарист. Ва ин вазифаро, бидуни шак, бо ёрии ҳам ба ҳалли ниҳоӣ хоҳем расонид.

Дар баробари ин моро лозим аст, ки баъзе суннатҳои наврўзиро барои беҳбудии ҳаёти имрўзиамон истифода кунем. Аз ҷумла, ҳар сол вақте, ки дар яке аз кишварҳои мо ҷашни Наврўз таҷлил мегардад, дар он ҷо дастовардҳои муҳимми илмӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва амсоли инро ба маърази намоиши якдигар гузорем, то бад-ин восита мо бо ҳам имкони боз ҳам бештар пайдо кунем, ки яке аз ҳадафҳои волои наврўзӣ ба ҳам наздик шудан ва падид овардани меҳру муҳаббат миёни мардумони гуногун аст.

Дар ин ҷо бори дигар табрикот ва шодбошиҳои самими хешро ба ҳамаи дўстон ва азизон иброз медорам ва бо риояи суннати наврўзӣ таҳнияти аҷдодиро ба забон меорам:

Наврўзатон пирўз бод,
Ҳар рўзатон Наврўз бод!

Чун имрўз байни азизон ва бародарони худ қарор дорам, наметавонам як байти дигаре бароятон нагўям:

Зи кўи ёр меояд насими боди наврўзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрўзӣ

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520