Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо рафти сохтмони роҳи мошингарди Душанбе- Данғара ва роҳи оҳани Душанбе - Қўрғонтеппа

14.04.2011 15:00, шаҳри Норак

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони қитъаи Душанбе-Данғараи роҳи мошингарди Душанбе -Кулма бо нақби Чормағзак ва роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа аз наздик шинос шуд.

Шиносоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони қитъаи Душанбе-Данғараи роҳи мошингарди Душанбе -Кулма нахуст аз назди дарвозаи шарқии шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Президенти мамлакат бо лоиҳаи ин иншооти стратегӣ ва рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуда, аз роҳбарону бунёдкорони он талаб намуд, ки корҳоро бо масъулияти баланд ва сифати дилхоҳ анҷом диҳанд. Таъкид гардид, ки ин роҳ қитъае аз роҳи байналмилалии Душанбе – Кўлоб - қалъаи Хумб - Хорўғ - Кулма - қароқурум буда, барои аз бунбасти нақлиётӣ раҳо намудани Тоҷикистон ва пайвастани он бо роҳҳои баҳрӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Дастуру ҳидоятҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба ободонии ду канори роҳ, аз ҷумла шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ва дар сатҳи баланд ташкил намудани нигоҳубин ва хизматрасонии роҳ дода шуд.

Месазад хотиррасон намуд, ки аз бунбасти нақлиётӣ раҳо намудани Тоҷикистон дар баробари расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик аст. Дар доираи ҳадафи стратегии аз бунбасти нақлиётӣ раҳо бахшидани Тоҷикистон корҳо барои сохтмон ва навсозии роҳу пулҳо ва нақбҳои мошингард ба чор сўйи олам муташаккилона ба роҳ монда шудаанд. Айни ҳол сохтмону навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Бўстон-Чанок, Душанбе-Рашт – Ҷиргатол - Саритош, Душанбе – Кўлоб - Қалъаи Хумб – Хорўғ – Кулма - Қароқурум ва Қурғонтеппа - Дўстӣ - Панҷи поён муташаккилона идома доранд. Ба наздикӣ, ҳамчунин сохтмону навсозии роҳи байналмилалии мошингарди Душанбе – Турсунзода низ оғоз хоҳад ёфт. Нақбҳои мошингарди Истиқлолу Шаршар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, кандану таҷҳизи нақбҳои Шаҳристону Чормағзак бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Чор пули азими мошингард миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеъҳои Хорўғ, Ишкошим, Дарвоз ва Панҷи поён мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди чанд пули дигар дар мавзеъҳои Ванҷ, Шўрообод ва Фархор дар назар аст.

Тавре зикр гардид, навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Данғара қисмати якуми бунёду навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Кўлоб - Қалъаи Хумб - Хорўғ - Кулма – Қароқурум буда, дар ду марҳила амалӣ мегардад. Барои иҷрои ҳарду марҳилаи қитъаи Душанбе – Данғараи ин роҳ бо нақби Чормағзак беш аз 900 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. То 1 апрели соли равон беш аз 270 миллион сомонӣ аз худ карда шуда, корҳои зиёд доир ба кандани қабати болопўши замин, сохтмони таҳкурсии хокрегии роҳ, хобондани қубурҳои обгузари зери роҳ, гузоштани ҷўйборҳои обпартои канори роҳ, бунёди деворҳои ҳимоявӣ, мумфарш кардани чанд қитъаи роҳ ва кандани қисмате аз нақби Чормағзак анҷом ёфтаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар км 25 роҳ пули 127 метраи болои дарёи Элокро, ки бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе - Қурғонтеппа аз наздик шинос шуд.

Аз оғози сохтмон ва навсозии роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа, ки ба рўзҳои ҷашни Наврўзи соли 2009 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рост омада буд, аз ҷониби КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон ва корхонаи фаръии Роҳсоз ба маблағи 58 миллион сомонӣ корҳои сохтмону тармим анҷом ёфтаанд. Дар ин муддат бо харҷи маблағҳои мазкур 4,2 км роҳи оҳани нав сохта шуда, 9,8 км роҳи мавҷуда тармим гардид ва ҳамчунин техникаи нав ва масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ў ба қатора нишаста, масофаи 4,2 км роҳи оҳани навро тай намуданд. Чунонки иттилоъ дода шуд, дар масофаи 10 км дигар корҳои заминӣ доир ба буридани талу теппаҳо, тахту ҳамвор кардани роҳ ва омодагӣ ба хобондани роҳи оҳан ба анҷом расидааст. Барои таъмини суръату сифати баланди сохтмон кор дар се баст ба таври шаборўзӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ин кор айни ҳол 44 адад техника ва 130 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ сафарбар гаштаанд. Бинобар гузориши роҳбарияти КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон, то ҷашни солгарди 20 истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне то 9 сентябри соли 2011 бунёди роҳи оҳани нав то масофаи 18 км расонда мешавад.

Тавре зикр гардид, сохтмону навсозии роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа дар се қисмат ба роҳ монда мешавад. Дар доираи қисматҳои якум ва дуюм 24 км роҳи оҳани мавҷуда дар қитъаҳои Роҳатӣ-Ваҳдат-Элок ва Ёвон 1 – Ёвон 2 бояд навсозӣ шаванд. Дар қисмати сеюми кор 40 км роҳи оҳани нав дар қитъаи Элок – Ёвон 2 сохта мешавад, ки он аз мавзеъҳои вазнини кўҳу пушта мегузарад. Дар ин роҳ, ҳамчунин як нақби дарозиаш 2340 метр, 12 адад пул ва иншооти дигар бунёд меёбанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ ва техникии роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бо сохта ба истифода додани он масофаи миёни пойтахти кишвар ва маркази вилояти Хатлон аз тариқи роҳи оҳан қариб 4 баробар кам шуда, ҳамагӣ 125 километрро ташкил хоҳад дод. «Дар сурати ба кор даромадани роҳи нав хароҷот низ мутаносибан 4 баробар кам мешавад».- иброз дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Бо ишора ба аҳамияти стратегии ин иншоот, ҳамчунин таъкид гардид, ки роҳи оҳани Душанбе – Қурғонтеппа оянда қитъае аз роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон хоҳад буд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони сохторҳои марбута барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба татбиқи ин лоиҳаи ҳаётан муҳим ва вусъат додани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи бунёду навсозии боғу токзори Ёқут боғбунёд, ки дар мавзеи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат қарор дорад, ташриф овард ва бо рафти корҳои боғпарварон аз наздик шинос шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ин мавзеъ чанд навниҳол шинонда, дар бунёди қитъаи нави ин боғот нақши бевосита гузошт.

Тавре зикр гардид, дар 738 – гектар замини минтақаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат аз Ҷониби ширкати Ёқут-боғбунёд бояд боғу токзор барқарору бунёд карда шавад. Мўҳлат барои анҷоми ин кор 15 марти соли 2010 аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду сол муайян гашта буд. Дар давоми як сол дар майдони 80 гектар боғу токзори нав бунёд ёфта, барои барқарорсозӣ ва нигоҳубини боғоти мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ин мавзеъ 220 нафар аз аҳолии деҳоти атроф, беш аз ҳама занону духтарон бо кори мавсимӣ таъмин гаштаанд.
Дар ин ҷо, ҳамчунин бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамкории босамари илмию амалӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба нафъи ҳам боғпарварон ва ҳам омўзгорону олимон ва донишҷўёни ин мактаби олӣ аст. Аз ҷумла як озмоишгоҳи илмию таълимӣ барои олимону донишҷўён бунёд ёфтааст, ки аз он босамар истифода мебаранд.

Умуман имкон аст, ки дар майдони 1300 гектари ин минтақаи хушбоду ҳаво боғу токзори меваҳои хушлаззати содиротӣ бунёд карда шавад. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод, ки дар ин ҷо барои парвариши навъҳои содиротии ангўр, себ, нок, олу ва дигар меваҳои хушлаззат тадбирҳои судбахш амалӣ намоянд. ҳамчунин таъкид гардид, ки то калон шудани ниҳолҳо дар заминҳои миёни қаторҳо полезиҳо кишт карда, истифодаи пурсамари заминҳои корамро таъмин намоянд.

Роҳбари ширкати Ёқут - 2000 Абдуҳалим Қодиров уҳдадорӣ гирифт, ки барои занону духтарони деҳоти атроф як корхонаи дўзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ ва як коргоҳи коркарди мева бунёд намуда, ба яке аз деҳаҳои ин ҷо, ки аз оби нўшокӣ танқисӣ мекашидааст, то моҳи сентябри соли равон, яъне то ҷашни 20-солагии истиқлоли давлатии ТоҶикистон аз масофаи 500 метр об барорад.

Зимни ин сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти корҳо дар бунёди нақби мошингарди Чормағзак, ки ҷузъе аз шоҳроҳи Душанбе – Данғара – Кўлоб - Қалъаи Хумб – Хорўғ – Кулма - Қароқурум хоҳад буд, аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кандани нақби Чормағзак, ки дарозиаш 4430 метр аст, 15 марти соли 2010 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд. То имрўз 420 метр аз шимол ва 314 метр аз ҷануб ҷамъ 734 метри он канда шуда, 605 метраш бо бетон мустаҳкам гардонда шудааст.
Ба бунёду навсозии роҳи Душанбе-Данғара бо нақби Чормағзак 310 мошину механизми махсуси сохтмонӣ ва 650 нафар мутахассису коргарон сафарбар шудаанд. 300 нафари роҳсозону нақбканон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар ҷараёни корҳои зиёди созандагию бунёдкории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи ғанӣ касб намудаанд.

Зимни сўҳбатҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки корҳо бо сифату суръати баланд анҷом дода шаванд.

Бояд таъкид дошт, ки корҳо барои раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ таҳти сарварию раҳнамоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон босубот ба роҳ монда шудаанд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки рўзи эълони расидан ба ин ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик аст. Гузашта аз ин, аллакай имрўз метавон гуфт, ки ин ҳадафи стратегӣ қисман амалӣ шудааст, зеро бо фаъол гаштани гузаргоҳи сарҳадии Кулма ба сўйи Ҷумҳурии Мардумии Чин, гузаргоҳи Қарамиқ ба сўйи Ҷумҳурии Қирғизистон ва 4 пўли азими мошингард ба сўйи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои Тоҷикистон ба самтҳои қаблан бастаи шарқу ҷануб боз гаштаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520