Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни бистсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2013 12:26, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!
Собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Меҳмонони гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!

Имрӯз мардуми шарафманду сарбаланди тоҷик ҷашни бистсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар рӯҳияи ифтихор аз давлати озоду соҳибихтиёр ва фазои орому осуда таҷлил менамоянд.

Ба муносибати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ҳамаи шумо - ҳомиёни Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар роҳи ҳимояи сарзамини муқаддасамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳарчанд ки Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд.

Халқи тоҷик дар тӯли беш аз ҳазор сол барои эҳёи суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва арзишҳои миллии худ пайваста талош варзидааст.

Танҳо дар охири асри гузашта ба мардуми матиниродаи мо муяссар шуд, ки ормони чандинасраи худ, яъне бунёди давлати мустақили миллиро амалӣ гардонад.

Бояд ёдовар шавам, ки расидан ба ин дастоварди бузурги таърихӣ ва ормони деринаи аҷдодамон барои мо ба осонӣ муяссар нагардидааст, зеро бадхоҳони миллати тоҷик дар роҳи арзи ҳастӣ кардани давлати тозаистиқлоли мо монеаҳо эҷод мекарданд ва манфиатдори дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ нобуд сохтани давлати ҷавону соҳибихтиёри Тоҷикистон буданд.

Хушбахтона, ба шарофати хираду заковати азалии миллати тоҷик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон, аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи навтаъсиси кишварамон мо тавонистем, ки аз вартаи фалокатбор раҳоӣ ёфта, ба хотири эъмори давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои устувори худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем.

Дар он айёми мушкил мо инчунин фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сохторҳои милитсия ва амниятро барқарор карда, сипас Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, сохторҳои мубориза бо маводи мухаддир ва дигар сохтору мақомотро таъсис додем, ки барои таъмин намудани суботи сиёсӣ ва амнияти давлат ва ҷомеа саҳми бузург гузоштанд.

Аз ин рӯ, имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои он ба камол расидаанд.

Онҳо дар роҳи пурпечутоби ба эътидол овардани вазъият дар мамлакат, ҳифзи сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои ғаразноку исёнгарона ва зарбаи қатъӣ задан ба зархаридони қувваҳои хориҷӣ, нобуд ва безарар гардонидани гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ хизматҳои шоиставу таърихиро анҷом додаанд.
Дар муддати бист соли сипаришуда дар баробари пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дар фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ низ бисёр таҳаввулоту дигаргуниҳои назаррас ба вуҷуд омаданд.

Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои низомӣ дар натиҷаи иқдомоти пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи бист сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфтанд ва имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд.

Ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ дар тӯли ин солҳо таҷрибаи омодабошии ҷангии худро такмилу тақвият бахшида, бо мутахассисони касбии дорои маълумоти олии ҳарбӣ асосан таъмин карда шуданд.

Таҳаввулоту ҳодисоти вақтҳои охир дар ҷаҳони муосир баамаомада моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем, раванди тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем ва дар ин замина иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвияти бештар бахшем.
Дар баробари ин, вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра ва минтақаҳои гуногуни он аз ҳар яки шумо - афсарону сарбозони шуҷоъ тақозо менамояд, ки дар роҳи ҳимояи истиқлолияти Ватани азизамон доимо омода ва ҳушёр бошед.

Хусусан торафт густариш ёфтани зуҳуроту таҳдидҳои хатарнок, аз қабили терроризми байналхалқиву экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, афзоиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва қочоқи силоҳ аз ҳар яки мо талаб менамояд, ки иқтидори мудофиавии Ватанамонро аз ҳарвақта бештар таҳким бахшем.
Дар чунин шароит тамоми хизматчиёнии ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сарбози қаторӣ то афсарони баландрутба вазифадоранд, ки тамоми донишу таҷрибаи худро ба хизмати содиқона ба манфиати халқу Ватан сафарбар карда, риояи ҳатмии талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбиро таъмин намоянд ва ҳушёрии касбиву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Ман ҳамеша таъкид менамоям, ки пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар навбати аввал аз суботи сиёсиву ҷамъиятӣ, сатҳи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ, муборизаи беамон бар зидди ҷинояткорон ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан вобаста мебошад.

Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, ба зиммаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.

Бинобар ин, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандӣ ва вазифаи пурифтихори шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди бонангу бошараф ва нишонаи садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва шуҷову далери худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.

Мардуми Тоҷикистони озод ба нангу номуси ҷавонмардона, ҳиммату ғайрат, ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати шумо итминони комил доранд.

Ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бовар дорам, ки хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда, ҳамчун ҳомиёни боэътимод барои ҳимояи Тоҷикистони озоду сулҳпарвар вазифаи муқаддаси шаҳрвандии худро сарбаландона иҷро мекунанд.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бистсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик намуда, ба ҳар кадоми шумо тансиҳативу хушбахтӣ, барори кор ва ба кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҷашн муборак, ҳомиёни шуҷоъ ва далери Ватан!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520