Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.03.2013 17:55, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Мӯҳтарам собиқадорон!
Ҳозирини гиромӣ!

Басо рамзист, ки ҳамаи мо дар остонаи бузургтарин иди суннатии халқамон – Наврӯзи оламафрӯз – дар маросими ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз нахустин рӯйдодҳои фараҳбахши имсола иштирок дорем.

Ман ҳар яки шуморо ҳам бо фарорасии Наврӯзи Аҷам ва ҳам бо соҳиби чунин як кохи мӯҳташам шудани дипломатияи тоҷик сидқан табрик мегӯям ва бароятон дар ин маъвои андешаву хирад ва сиёсату фазилат барори кор орзу менамоям.

Ба гумонам ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки тӯли ҳамаи солҳои истиқлолият ниёз ба чунин як маҷмааи мукаммал, ки ҷавобгӯи ниёзҳои ниҳоди сиёсати хориҷӣ бошад, баръало эҳсос мешуд ва бо такмилу анҷоми он ормони чандин наслҳои дипломатияи тоҷик бароварда шуд.

Чунин рӯйдоди хотирмон ва фароҳам шудани шароити беҳтарини корӣ тақозо менамояд, ки саъю кӯшишҳо ва ҷаҳду талошҳо барои беҳтар намудани фаъолият ва ба даст овардани боздеҳи хубтар дучанду сечанд гарданд, то натиҷаи кори мо низ лоиқи чунин як кох бошад.

Аз рӯзи гузоштани хишти аввали сохтмони бинои нав – 12 октябри соли 2010 – ҳамагӣ дуюним сол гузашт ва инак мову шумо дар иморати зебову муосире қарор дорем, ки ба ворисони чунин бузургонамон, мисли Балъамиву Утбӣ ва Ҷайҳониву Низомулмулк, хизмат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар иморат хусусиятҳои меъмории аврупоӣ ва шарқӣ бо ҳам омезиш ёфта, дастовардҳои санъати миллии меъморӣ низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Бино дорои 138 утоқи корӣ, маҷлисгоҳи калон, 12 толор, аз ҷумла барои музокироту нишастҳои матбуотӣ, машваратхонаҳои ошёнавӣ, утоқҳои қабули меҳмонон, китобхона ва ошхона буда, дар маҷмӯъ барои фаъолияти 300 нафар кормандон шароити мусоиди замонавиро фароҳам месозад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамаи меъморону муҳандисон ва коргарону сохтмончиён, ки дар бунёди ин иморати бошукӯҳ саҳм гирифтаанд, ибрози миннатдорӣ менамоям.

Дӯстони азиз!

Сабаби таваҷҷӯҳи хоса ва ҳамарӯзаи давлат ба масъалаҳои ҳаёти дипломатӣ равшану возеҳ аст.

Дар раванди ташаккул ва рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши бузург дорад.

Шароити мушаххаси таърихии таъсису инкишофи кишвари соҳибистиқлоли мо, хислат ва мӯҳтавои таҳаввулоти байналмилалӣ дар марзи ду садсола табиатан аҳамияти хосаи омили беруниро дар ҳаёти кишвари мо ва робитаи наздики рушди дохилиро бо воқеияти байналмилалӣ муайян намуданд.
Дар оғози асри XXI олам дигаргуниҳои амиқеро, ки дар натиҷаи азнавсозии низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ ба вуҷуд омадааст, аз сар мегузаронад.

Дар манзараи геополитикии сайёра воқеиятҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ба вуқӯъ омаданд, ки боиси дигаргуншавии низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар даҳ - понздаҳ соли оянда хоҳанд гашт.

Ҷараёнҳое, ки дар марҳалаи кунунӣ дар ҷаҳон зуҳур намудаанд, арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро фаро гирифтаанд.

Назаррастарин ҷараёни олами муосир глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ мебошад, ки ба табиат ва мазмуни муносибатҳои байналмилалӣ ва интихоби самтҳои сиёсати хориҷии давлатҳо таъсири бевосита дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ, алалхусус дар ду даҳаи охир, иштироки фаъол дорад.

Вале ин ширкати фаъолонаи мо ва ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Зикри як далел кофист, ки мо дар оғози истиқлол ниҳод ё сохтори мукаммали татбиқкунандаи сиёсати хориҷиро надоштем ва Вазорати корҳои хориҷие, ки аз замони шӯравӣ мерос монда буд, 11 нафар корманд дошту халос.

Аз ин рӯ, бо камоли итминон метавон гуфт, ки ҳам сиёсати хориҷии мо ва ҳам мақоми ба ҳаёт татбиқкунандаи он – Вазорати корҳои хориҷӣ зодаи ҳақиқии истиқлоланд!

Маҳз ба шарофати истиқлол мо аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё гаштем. Тоҷикистонро 147 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф карда, имрӯз мо бо 128 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудем.

Яъне мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шудем ва олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил шинохт ва эътироф кард.

Ва ҳоло мо дар шароите қарор дорем, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳайси раванди ҳокими таҳаввулоти сайёра, агар, аз як тараф, барои рушди иқтисодиву технологӣ ва умуман такомули кишварҳо имкониятҳои бузург фароҳам орад, аз сӯи дигар, метавонад боиси тезутундшавии масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, инчунин торафт бештар гардидани нобаробарии иҷтимоии мардум ва шиддат гирифтани бӯҳрони маънавии ҷомеаи ҷаҳон гардад.

Дар чунин шароит сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мӯҳтавои прагматикӣ ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат намояд.

Воқеъбинии сиёсӣ асосҳои истиқлолияти кишварро мустаҳкам гардонида, ин раванд бояд бо дарназардошти паҳлӯҳои нави муносибатҳои байналмилалӣ бо такя ба ҳақиқати воқеии марҳалаи ҷаҳонишавӣ сурат гирад.

Тақозоҳои асри XXI торафт бештар водор мекунанд, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо таъкиди парадигмаи классикӣ бо эҳтиёҷоти иқтисодии давлат алоқаи ногусастанӣ дошта бошад ва ба хотири қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти зикршуда талошҳои муассирро анҷом диҳад.

Яке аз масоили муҳимтарини давраи ҳозира риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар аст.

Мо чунин мешуморем, ки эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти ҳар як давлат бояд ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин асли меъёрҳои маъмули ҳаёти байналмилалӣ дар амал шинохта шавад.

Ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ бошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад.

Чунин бардошт дар доираи равандҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз вусъат, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо, таъмин менамояд.

Дар айни ҳол ба таври доимӣ суръат гирифтани тамоюли ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ хусусияти хоси муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро барои вусъати ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи созмонҳои байналмилалии мавҷуда, ки имконияти ҳалли вазифаҳои хоси миллиро дар шароити бархӯрди манфиатҳо фароҳам меоваранд, изҳор менамояд.

Иштироки густурдаи давлати мо дар фаъолияти созмонҳои байналмилалии ҷаҳониву минтақавӣ аз зарурате сар задааст, ки кишварамон дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ аз рӯи имкон саҳм гузошта, ҳимояи манфиатҳои хешро ба таври афзал таъмин намояд; инчунин имкониятҳои технологӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва зеҳнии онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои дарозмуддати сиёсати хориҷии Тоҷикистон – ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи ислоҳоти муваффақона дар дохили кишвар ва такомулу инкишофи Тоҷикистони соҳибистиқлол – ҷалб намояд.

Мо ҷонибдории худро нисбат ба ташкили низоми нави ҷаҳонӣ изҳор менамоем ва ба сохторҳои байналмилалии сиёсиву амниятӣ дар миқёси умумиҷаҳониву минтақавӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ – такя мекардем ва минбаъд низ такя хоҳем кард.

Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки бо аз байн рафтани низоми ҷаҳонии дуқутбӣ истиқрори тавозуни нерӯҳо набояд бо роҳи гурӯҳбандиҳои нави ҳарбиву сиёсӣ, балки ба воситаи тавофуқоту созишҳое, ки амнияту суботро таъмин мекунанд, инчунин таҳия ва истифода намудани василаҳои муассири дипломатияи пешгирикунанда сурат гирад.

Мутаассифона, бо поён ёфтани давраи «ҷанги сард» доираи низоъҳои минтақавӣ хеле васеъ гардида, мусаллаҳшавӣ ва терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ, бунёдгароӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом ва унсурҳои таркибии он тавсеа пайдо карда истодааст, ки ҳама дар маҷмӯъ ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ таҳдид мекунанд.

Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ комилан озод бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад.

Танҳо дар чунин шароит, тавассути саъю кӯшишҳои якҷоя, метавон дар баробари мушкилоти куллии замони муосир – терроризми байналмилалӣ, ифротгароии сиёсӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом, фалокатҳои техногенӣ, экологӣ, инчунин гармшавии иқлим – истодагарӣ ва муқовимат намуд.

Тоҷикистон, ки бо сабаби мавқеи ҷуғрофии худ дар меҳвари манфиатҳои геополитикии нерӯҳои муқтадири олам қарор гирифтааст, дар шароити мавҷуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дунбол намояд.
Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат, тавре ки зикр шуд, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори гуногунарсаи мамлакат, инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳалли вазифаҳое иборат бошанд, ки онҳоро афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон муайян мекунанд.

Мавқеи геополитикии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографии он, инчунин сатҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон пеш бурдани сиёсати хориҷии фаъол, воқеъбинона ва мӯътадилро тақозо мекунанд.

Дар баробари ин, таъкид бояд сохт, ки муваффақияти сиёсати хориҷӣ аз бисёр ҷиҳат ба тавозуни байни ҳадафҳо ва имкониятҳои татбиқи онҳо вобаста мебошад.

Давлати мо, чун кулли кишварҳо, дар муайян кардани афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ аз рӯи ҳадафҳо ва манфиатҳои волои миллии худ амал мекард ва хоҳад кард.

Возеҳ аст, ки ин афзалиятҳо наметавонанд доимӣ ва тағйирнопазир бошанд, зеро онҳо ба сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистон бо ин ё он давлат ё гурӯҳи давлатҳо мувофиқ мебошанд.

Дар баробари ин, мо чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати «дарҳои кушода» ягон давлатро ба ҳайси давлати бадхоҳ арзёбӣ карданӣ нестем ва тавре ки ман борҳо иброз доштам, бо тамоми кишварҳои дунё муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои беғараз ва мутақобилан судмандро густариш хоҳем дод.

Вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ эҷоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тӯли сарҳади кишвар аз тариқи рушд ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор мебошад.

Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигарро пеш мебарад ва дар ҳалли масоили баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, ба воситаҳои осоиштаи ҳалли онҳо, яъне музокироту гуфтушунидҳо, афзалияти комил медиҳад.

Мо минбаъд низ ҷиҳати танзими авзои низоъбарангез ибтикороти сулҳхоҳона нишон дода, дар ҳаллу фасли осоиштаи онҳо иштирок хоҳем кард.

Дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мақоми авлавиятро ишғол менамоянд. Мо ҷонибдори минбаъд вусъат бахшидани таҷрибаи мусбат, бисёрасра ва созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошем.

Дар равобит бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор омилҳои муайянкунанда ба ҳисоб мераванд.
Мо сиёсатамонро бо ин кишвари ҳамсоя ҳамеша дар асоси эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва хайрхоҳӣ пеш хоҳем бурд.

Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро аз рӯи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон тақозо мекунад.

Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тӯли бист соли охир борҳо намоиш додааст.

Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем.

Мо боварии комил дорем, ки ҳамгироии созандаи минтақавӣ ба манфиати давлату халқҳои ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказист.

Агар ҷанубтар нигарем, ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Афғонистони ҳамҷавор, оромӣ, амният ва суботи сиёсӣ дар он ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мебошад.

Мо кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳукумати ин кишвари дӯстро дар ҳалли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон пуштибонӣ мекунем ва чунин мешуморем, ки ҳаққи муайян кардани ояндаи Афғонистон комилан ба худи мардуми кишвар тааллуқ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи тамомияти арзии ин давлати дӯсту ҳамсоя ва таъмини ваҳдати ҳамаи нерӯҳои сиёсии он манфиатдор буду ҳаст. Кишвари мо дар фаъолияти муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон, махсусан дар ҷодаи эҳёи иқтисодии он, минбаъд низ амалан саҳм хоҳад гирифт.

Афғонистони бародар ва ҳамкешу ҳамзабон дар байни кишварҳои минтақа дар самти вусъат додани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд барои мо ҳамеша ҳаққи афзалият хоҳад дошт.

Дар муносибатҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, чун бо Афғонистон, омили умумияти таърихии мардумони мо дар забон, адабиёт ва фарҳанг мавқеи муҳим дорад.

Тоҷикистон минбаъд ҳам муносибатҳои устувори дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди гуногунсоҳаро дар шаклҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо ин давлатҳо нигоҳ хоҳад дошт ва беш аз пеш тавсеа хоҳад бахшид.

Боиси қаноатмандист, ки дар тӯли шаш - ҳафт соли охир соҳаи бунёдии равобити мо – ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ – мазмуну мӯҳтавои амалӣ пайдо намуда, ба зинаҳои баланд бардошта шуданд.

Бунёд намудани роҳҳои нави оҳану мошингард, қубурҳои нафту газ, хатҳои интиқоли барқ нақшаҳои созандае мебошанд, ки ҳадафи умдаи онҳо, ғайр аз муҳайё намудани зиндагии орому осуда ва беҳтару хубтар барои мардумони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва кишварҳои дигари минтақа, чизе дигаре нест.

Рӯзномаи мулоқоту вохӯриҳои дуҷониба, сеҷониба ва чоргонаи мо бо иштироки сарони давлатҳои Эрон, Афғонистон ва Покистон, ки борҳо баргузор шудаанд, маҳз аз чунин масоил иборат буд.

Мо минбаъд низ барои таҳкиму густариши равобити дуҷониба ва чандҷонибаи худ бо ин кишварҳои ба мо дӯст саъю талош хоҳем кард.

Бо дарназардошти консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мо мушаххасот ва ҷанбаҳои судманди ҳамкориҳоро бо давлатҳои аъзо, яъне шарикони анъанавии худ, муайян карда, ба инкишоф ва такомули равандҳои ҳамгироӣ дар фазои иттиҳод бо мақсади истифодаи бештари иқтидори созандаи онҳо ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат менамоем.

Чун мо бо кулли кишварҳои иттиҳод муносибатҳои ҳасана дорем, саъй бояд кард, ки аз ин омилҳои мусбат ва созанда ба беҳтарин шакл истифода шавад.

Бо дарназардошти мавқеи пешрави Россия дар ҷаҳон ва минтақа рушд ва таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва шарикӣ бо ин кишвар аҳамияти хоса дорад.

Тоҷикистон аз асри 19-ум бо Россия дар фазои умумии геополитикӣ, сиёсӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ қарор дорад.

Вусъат додани муносибатҳо бо Россия дар асоси баробар, мутақобилан судманд ва шарикии стратегӣ дар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангиву иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар имрӯз ҳам ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омили муҳими таъмини сулҳу суботи минтақавӣ мебошад.

Кишвари мо муҳимтарин нақши созандаи Россияро ҳангоми ҳаллу фасли низои дохилӣ дар Тоҷикистон ва истиқрори сулҳу субот дар ин сарзамин аз ёд набурдааст.

Мо дар оянда низ робитаҳоро дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ таҳким хоҳем бахшид. Қабл аз ҳама табиист, ки барои тақвияти бештари муносибатҳои иқтисодӣ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард.

Ҳарчанд Россия аз нигоҳи гардиши мол бо Тоҷикистон ҷои аввалро ишғол менамояд, имкониятҳои рушду густариши бештари равобити иқтисодиву тиҷоратӣ ҳанӯз зиёданд ва мо барои истифодаи онҳо саъй хоҳем кард.

Намунаи беҳтарини алоқаҳои иқтисодӣ ва ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, мисли нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», ки нишонаи нодири ҳамкориҳо дар фазои пасошӯравист, вуҷуд доранд ва мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки чунин намунаҳо ҳарчи бештар бошад.

Густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳасанаи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо яке аз ҳамсояшарикони бузургамон – Ҷумҳурии Халқии Хитой – аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Осиё мебошад.

Дар муносибатҳо бо Хитой солҳои охир намунаи хуби ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд арзи вуҷуд кардааст ва дар ин замина фазои фарохи рушду тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ фароҳам омадааст.

Ягонагии қавлу амали Ҳукумати Хитой дар ҷодаи густариши равобити гуногунарса бо Тоҷикистони ҳамҷавор, инчунин мувофиқ ё наздик будани мавқеи ду давлат дар масъалаҳои сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ба он мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ҳама бахшҳо ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо Тоҷикистону Хитой, балки ба нафъи суботу амнияти минтақа аст ва мо ин равандро чун самти стратегии ҳамкориҳо ҳадафмандона тақвият хоҳем бахшид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти нуфуз ва нақши бузурги Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ минбаъд низ саъю кӯшиш мекунад, ки бо ин давлати абарқудрати олам робитаҳои гуногунҷабҳаро дар асоси татбиқи манфиатҳои мутақобилан судманд инкишоф диҳад ва хусусияти шарикии онҳоро нигоҳ дорад.

Алалхусус, кӯмакҳои ба ҳайси яке аз кишварҳои бузурги мададрасон мустақиман ва тавассути созмонҳои байналмилалии молиявӣ расонидаи Амрико дар бахшҳои сершумори иқтисоди миллиамон аҳамияти фавқулодда доранд ва мо бо қадрдонӣ раванди хуби ҳамкориҳоямонро минбаъд низ идома хоҳем дод.

Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар заминаи ҳалли қазияи Афғонистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байниминтақавӣ робитаву машваратҳои сиёсии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле қавӣ гардиданд.

Дар айни замон амнияти Осиёи Марказиро бидуни таъмини амният дар Афғонистон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Равобити гуногунҷанбаи мо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ин самт минбаъд низ омили муҳим хоҳад буд.

Хуруҷи эълоншудаи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 масъулияти моро, ки чун кишвари буферӣ бо сарҳади қариб 1400 – километра дар рӯ ба рӯи таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорем, дучанду сечанд зиёд хоҳад кард.

Аз оғози асри кунунӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо гардиши куллии мусбат ба вуқӯъ пайваст ва ин тамоюл сол аз сол тақвият меёбад.

Масъалаҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвари мо ва марҳала ба марҳала ворид гаштани иқтисоди миллии мо ба низоми равобити хоҷагидории ҷаҳонӣ беш аз пеш зарурати густариши муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро бо мамлакатҳои аз лиҳози саноатӣ мутараққии ҷаҳон тақозо мекунад.

Истифодаи таҷрибаи ин мамлакатҳо дар бахшҳои иқтисодӣ ва илму технологияҳои муосир ба бунёди ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ худкифо ва воқеан демократӣ дар Тоҷикистон шароит фароҳам хоҳад овард.

Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика ва кишоварзӣ, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳимояи сарҳади давлатӣ, мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад.

Ин ҳамкорӣ, табиатан, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парламенти Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт.

Дар ин росто мо мӯҳтавои Стратегияи нави Аврупоро нисбат ба Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ намуда, умедворем, ки он ба рушду густариши фаъоли ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина Вазорати корҳои хориҷӣ бояд нақшаи мушаххаси корҳоро ҷиҳати рушди муносибот, ҷалби сармоя ва масоили дигари марбут ба Иттиҳоди Аврупо таҳия ва пешниҳод намояд.

Инкишофи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманд бо кишварҳои нимҷазираи Ҳинду Чин дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар мадди аввали сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.

Нақшу таъсири Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ҳайси давлати соҳибнуфузи минтақа ва ҷаҳон, равобити бисёрасраи таърихиву фарҳангии халқи тоҷик бо мардуми Ҳиндустон, инчунин имкониятҳои васеи иқтисодиву технологии онро ба инобат гирифта, мо аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо ин кишвар густаришу таҳким бахшидем.

Гароиши Ҷумҳурии Ҳиндустон ба демократия ва дунявият, оштинопазирии он бо терроризм ва ифротгароии сиёсӣ дар пасманзари таҳаввулоти геополитикии вақтҳои охир аҳамияти махсус пайдо кардааст.

Ин мувофиқати мавқеъҳо ва ҳадафҳо имконият фароҳам меорад, ки майдони ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо торафт васеътар гашта, ҷанбаҳои навро фаро гирад ва ҳам ба нафъи ҳарду кишвар ва ҳам минтақа хизмат намояд.

Баъди оғоз гардидани амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон зиёда аз даҳ сол аст, ки дар муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон барои густариши воқеии ҳамкориҳои судманди ду кишвар шароити мусоид фароҳам омадааст.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мебошад.

Аз ин рӯ, мо кӯшишҳои хешро барои мустаҳкам намудани муносибатҳоямон идома хоҳем дод ва дар мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир, алалхусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳадафмандона ҳамкорӣ хоҳем кард.

Ин ҳамкорӣ алалхусус дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои сеҷониба бо Афғонистон аҳамияти фавқулодда касб мекунад, чунки он на танҳо ба самти мусоидат барои ҳалли мушкилоти Афғонистон равона хоҳад шуд, балки барои минтақа низ намунаи нави равобити созандаро таҷассум хоҳад кард.

Дар ин чаҳорчӯба ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаҳое, мисли хатти интиқоли барқи КАСА-1000, зербинои ҳамкориҳои зикршударо, бешак, таҳким хоҳанд бахшид.

Давлати мо бо мақсади роҳ ёфтан ба бозорҳои босуръат инкишофёбандаи сармоя, технология, ашёи хом ва маҳсулоти саноатӣ рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо кишварҳои араб ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ба монанди Арабистонӣ Саудӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн, Миср, Алҷазоир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ветнам, Индонезия, Малайзия, Ҷумҳурии Корея ва Япония, аз самтҳои афзалиятноке меҳисобад.
Бинобар ин, тавсеа бахшидани фаъолияти сиёсиву иқтисодии хориҷии мо дар доираи онҳо аз масъалаҳои рӯзмарра мебошад.

Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои ҳамкорӣ бо Япония аз охири асри гузашта аҳамияти зиёд медиҳад. Вазъи муносибатҳои дуҷониба дар асри ҷадид барои расидан ба ин ҳадаф шароити мусоид фароҳам меорад.

Чунки Япония ба ҳайси шарики боэътимод ва кишвари мададрасон дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ саҳми арзанда дорад.

Аз ин рӯ, мо робитаҳои худро бо ин кишвари дӯст чи мустақиман ва чи аз тариқи ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тавсеаи бештар хоҳем дод.

Мо алоқамандии кишварҳои сармоягузори эҳтимолии Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, нимҷазираи Арабистонро ба татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба назар гарифта, ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ин минтақаҳои ҷаҳон дар оянда низ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Туркия манфиатдор аст.

Густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Туркия аз оғози истиқлолият собиқаи хубу ғанӣ дошта, ба таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими мавқеи кишвари мо дар низоми ҳамгироии минтақавӣ кӯмаки назаррас мерасонад.

Ҳамкориҳои мо дурнамои беҳтаре доранд, ки истифодаи васеи он ба нафъи ҳарду кишвар аст.

Дар сиёсати хориҷии давлати мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар баробари муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи махсус доранд.

Дар ин замина муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ бояд мисли солҳои пешин афзалият дошта бошанд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими минбаъдаи истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ, устувор гардонидани мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъолонаи он дар равандҳои умумиҷаҳонӣ равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори дарозумрии Созмони Милали Муттаҳид ва тақвият додани нақши муттаҳидкунандаи он дар асри XXI мебошад.

Зеро ин созмон василаи нодире барои ҷустуҷӯи муштараки тавозуни манфиатҳо ва ягона мақоми глобалист, ки салоҳияти қабули қарорҳои қонунии вобаста ба амалиёти дастаҷамъӣ оид ба ҳифзи сулҳ ва низоми байналмилалиро тавассути афзоиши самаранокӣ ва масъулияти Шӯрои Амнияти худ дорад.

Аз ин рӯ, мо ҷонибдори ислоҳоти созандаи ин ниҳоди муҳимтарини Созмони Милал буда, боло бурдани нақши онро дар ҳаллу фасли масоили умдаи инсоният хоҳонем.

Таъмину пуштибонии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва мақомоти асосиву ёрирасони он яке аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо мебошад.

Бист сол муқаддам, вақте ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои аввалини худро мегузошт, бо низои дохилӣ, ки ба худи мавҷудияти давлати Тоҷикистон таҳдид мекард, рӯ ба рӯ шуд.

Дар чунин айёми ниҳоят сангин ҳамкории давлати тозатаъсиси мо бо Созмони Милали Муттаҳид барои ҳаллу фасли он фоҷиа сурат гирифт, ки то ҳол намунаи нодири амалияи ҳифзи сулҳ ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали истиқлол ҳамкории моро бо ин ниҳоди ҷаҳонӣ ҳусни оғоз бахшид.

Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид мебошад ва мо ҳамкориҳои худро бо ин ниҳоди муҳими ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ менамоем.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз ҷониби ин созмони глобалӣ пазируфта шудани се ибтикори мо – эълони Соли байналмилалии оби тоза дар соли 2003, тасдиқи Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардидани соли 2013 мавқеи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гардидани сарварии Тоҷикистонро дар ин раванд собит намуд ва таҳким бахшид.

Бо ҳамкориву кӯмаки Созмони Милал ва ниҳодҳои мухталифи он ҳоло теъдоди зиёди лоиҳаҳо дар кишвар мавриди татбиқ қарор доранд ва мо равобити худро бо онҳо дар оянда низ тавсеа ва густариш хоҳем дод.

Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба хотири таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозир, инчунин таъмини амнияту оромӣ ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа мебошад.

Ба андешаи мо, имкониятҳои ин созмон дар самти густариши ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ҳанӯз кам мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Самти афзалро дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мо дар тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҳамкории экологӣ ва густариши муколамаи фарҳангӣ мебинем.

Дар чаҳорчӯбаи ин созмон Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки дар мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароии сиёсӣ ва сепаратизм – дар баробари аъзои комилҳуқуқаш – давлатҳои нозир ва шарикони муколама низ фаъолона иштирок намоянд.

Дар айни замон аз ҷониби аъзои аслии созмон дақиқан ва бечунучаро иҷро намудани ӯҳдадориҳои худ тибқи Хартияи созмон тақозои рӯз аст.

Дар вазъи ниҳоят мураккаби солҳои охир ҳамкории мо дар бахши амният аҳамияти ҳаётан муҳим касб кард ва дар ин ҷода фаъолияти мо дар чаҳорчӯбаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои мубориза бар зидди хатарҳои глобалӣ ва таъмини амнияти мардуми кишвар муҳим аст.

Аз ин рӯ, мо узвияти худро дар ин созмон бо ширкати фаъол дар ҳамаи чорабиниҳои он тақвият бахшида, барои таъмини амнияти воқеан дастаҷамъӣ саъй хоҳем кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдори густариши ҳамкориҳои самарабахш бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва сохтору ниҳодҳои он мебошад.

Давлати мо аз таҷрибаи ғании ин созмон дар ҷодаи демократикунонии ҷомеа, бунёду фаъолияти рукну ниҳодҳои демократӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва эҷоди давлати воқеан ҳуқуқбунёд дар заминаи иқтисоди бозории хусусияти иҷтимоидошта, ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист истифода хоҳад бурд.

Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2002 иштирокчии Барномаи Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ «Ҳамкорӣ барои сулҳ» буда, муносибатҳои фаъолро дар доираи он ба манфиати нигаҳдории амнияту субот дар оянда низ зарур мешуморад.

Мо нақши тамаддуни исломиро дар рушди маънавии башарият ва дар муҳофизати сулҳу субот дар саросари ҷаҳон баланд арзёбӣ намуда, муқобили сӯиистифода аз дини мубини ислом ба мақсадҳои ғаразноки сиёсӣ мебошем.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои пасошӯравӣ аввалин узви Созмони конфронси исломист, ки ҳоло Созмони Ҳамкории Исломӣ ном гирифтааст ва дар доираи ин ташкилоти бонуфуз мо ҷонибдори густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳони ислом дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи ин созмон, муассисаҳои он, инчунин Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мебошем.

Ба андешаи мо, ин созмонҳо бояд нақши худро дар ҳаллу фасли масъалаҳои доғи минтақаашон тавсеа бахшанд. Тоҷикистон дар ин раванд саҳм хоҳад гирифт.

Дар раванди татбиқи Стратегияи миллии рушд ва Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баланд бардоштани сатҳи боздеҳи ҳамкориҳои мо, чун кишвари узви ин созмонҳо, бо Бунёди байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо ва Бонки исломии рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки сармоягузории Аврупо, фонду ниҳодҳои дигари молиявӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Пас аз ёздаҳ соли саъю талоши пайгирона кишвари мо ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд. Ин иқдом бояд механизми муҳими пиёда сохтани манфиатҳои миллии мо дар арсаи глобалии тиҷорат ва иқтисод гардад.

Вазорату идораҳои марбутаи кишвар ин рӯйдоди муҳимро ба инобат гирифта, барои татбиқи мақсаду ҳадафҳои мо, ки ҳангоми ворид шудан ба ин созмони бонуфуз эълон карда будем, бояд иқдомоти муассирро амалӣ намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ёриҳои фарҳангиву маърифатӣ ба ҳамватанони бурунмарзӣ минбаъд низ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳамватанонро дар хориҷи кишвар кафолат медиҳад ва онҳо дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва шартномаҳои дуҷониба бояд танзим карда шаванд.

Ибтидои асри XXI барои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон замони гузариш ба марҳалаи нав ва басо масъулиятноки рушд гардид, ки дигаргунсозиҳои бунёдии мусбат дар худи Тоҷикистон ва равандҳои амиқ дар сиёсату иқтисоди ҷаҳонӣ боиси он гардиданд.

Тоҷикистон ба асри XXI бо дарки возеҳи манфиатҳои миллӣ ва нақши худ дар арсаи байналмилалӣ, ҳадафу вазифаҳои наздик ва дарозмӯҳлати сиёсии хориҷӣ қадам гузошт.

Имрӯз андешаву дидгоҳи мо оид ба вазъи ҷаҳону минтақа ва авлавиятҳои сиёсати хориҷиамон васеътару воқеитар ва дақиқтар гардидаанд.

Алҳол дар мамлакати мо аксарият бар он ақидаанд ва он ҳам аз мазмуни классикии сиёсати хориҷӣ маншаъ мегирад, ки сиёсати хориҷӣ бояд эҷодгари шароити мусоидтарин ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди дохилӣ бошад.

Дар давоми солҳои истиқлолият сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба таври консептуалӣ ташаккул ёфт.

Сиёсати хориҷии сулҳхоҳона, сареҳ, возеҳ, пешбинишаванда, мутавозин ва амалгарои моро аксарияти мутлақи аҳолии кишвар пуштибонӣ менамояд ва он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ чун сиёсати шаффофу созанда пазируфта шудааст.

Дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар марзи асрҳои XX ва XXI ва ташаккули манзараи нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа зарурати мушаххас намудани ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба миён гузоштанд ва ин, дар навбати худ, сабаби таҳияи аввалин санади усулии сиёсати хориҷии давлати мо гардид.
Тавре ба шумо маълум аст, ҳанӯз моҳи сентябри соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ҳол амал мекунад, тасдиқ гардида буд. Қисмати зиёди ҳозирини ин толор бо ин санад шиносанд.

Ҳарчанд ки консепсия пас аз сипарӣ гаштани зиёда аз даҳ сол ниёзманд ба таҷдиди назар шудааст, вале он моҳиятан идеологияи тамоми фаъолияти давлати моро дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ таҷассум намуда, самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Агар мушаххастар гӯем, он ба қутбнамое шабоҳат дорад, ки мо бо он бояд иқдомоти худро дар арсаи байналмилалӣ бо дарназардошти дурнамо мувофиқ созем.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, супориш дода мешавад, ки лоиҳаи Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишварро таҳия намуда, дар он бо дарназардошти таҳаввулоту тағйироти дар арсаи байналмилалӣ бавуҷудомада, ҳадафу мақсадҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муайян карда, то охири сол ба Президенти мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҷавҳари консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иборат аз он бошад, ки сиёсати хориҷии давлат дар маҷрои раванди татбиқи манфиатҳои миллӣ пайгирона пеш рафта, ҳарчи бештар комёб гардад. Самтҳои муҳим ва унсурҳои зотии он бояд воқеъбинӣ ва мутаносибӣ бошанд.

Мавзӯи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ солҳои охир дар доираҳои гуногуни илмӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ зуд-зуд мавриди баҳсу мунозираҳо қарор мегирад. Ин манфиатҳо дар марҳалаи кунунӣ ва ояндаи наздик кадомҳоянд?

Қабл аз ҳама, онҳо ҳимоя ва мустаҳкам намудани соҳибистиқлолии давлатӣ, таъмини амнияти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани сарзамин, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар дар назар доранд.

Дар айни замон тавре ки зикр шуд, эҷоди камарбанди ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои Тоҷикистон, инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила, тақвияти шинохти мусбати мамлакатамон дар ҷаҳон, баланд бардоштани эътибору манзалати Тоҷикистон, мусоидат ба фаъолияти созандаву қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар низ ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ дар арсаи сиёсати хориҷии давлати мо мебошанд.

Аз ин рӯ, комилан табиист, ки тамоми мақомоти давлатӣ ҳангоми анҷом додани робитаҳо бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мутобиқи ваколатҳояшон бояд муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии мамлакатро баъд аз таҷдидаш ба роҳбарӣ гиранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани самту мундариҷаи сиёсати хориҷии кишвар ба ӯҳдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуда, муҳимтарин рукни давлатӣ дар соҳаи иҷрои вазифаҳои сиёсати байналмилалӣ Вазорати корҳои хориҷӣ мебошад.

Татбиқи амалии стратегияи умумии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал баровардани иқдомҳои мушаххас дар ин арса ва таъмини ҳуқуқии фаъолияти сиёсии хориҷӣ, ҳамоҳанг сохтани робитаҳои байналмилалии мо бо мақсади пиёда кардани сиёсати ягонаву яксон дар муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи ин вазифаҳо ҳастанд.

Ҳарчанд ки ман ба ин нукта чанд бор ишора кардаам, мехоҳам бори дигар аҳамияти дипломатияи иқтисодиро таъкид намоям, чунки солҳои охир дар радифи истифодаи тарзу усулҳои дипломатияи анъанавию классикӣ дар аксари давлатҳои ҷаҳон аҳамияти истифодаи муассири тариқаву василаҳои дипломатияи иқтисодӣ ба маротиб боло рафтааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ бояд ин амалияро амиқтар омӯзад ва аз беҳтарин намунаҳои он пурсамар истифода барад.

Дар баробари соҳиби қобилияти таҳлилгарӣ будан ва донистани забонҳои хориҷӣ ҳар як дипломати ҷавони тоҷик бояд донишу тафаккури мукаммали иқтисодӣ дошта бошад ва унсури иқтисодии масъалаҳои калони байналмилалиро ошкору дарк карда тавонад.

Вазорати корҳои хориҷии моро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзааш воқеияти геоиқтисодии ҷаҳони муосирро пурра ба инобат гирифта, ба мавзӯъ ва масоили иқтисодӣ амалан рӯ биёрад.

Муҳим аст, ки на фақат ба ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ва рушду тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишвар мусоидати комил сурат гирад, балки якҷоя бо вазоратҳои соҳавӣ бояд низоми доимоамалкунандаи экспертизаи тамоюлҳои инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ мутобиқ ба шароити кишвар ва минтақаи мо ба миён оварда шавад.

Дар шароити муосир аҳамияти ояндабинии раванду ҳаводиси сиёсиву иқтисодӣ дар минтақа ва дигар самтҳои асосии сиёсати хориҷии мо ва вокуниши саривақтиву дуруст ба онҳо ба маротиб зиёд гаштааст.
Бо дарназардошти ин заруратҳо, вазоратро лозим аст, ки маҷмӯи тадбирҳои иловагиро таҳия ва амалӣ созад.

Яке аз ин тадбирҳо таъсиси Шӯро оид ба сиёсати хориҷӣ – чун мақоми машваратӣ – дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.

Дар ин ҳамоиши ғайрирасмӣ бо коршиносони бахши муносибатҳои байналмилалӣ, собиқадорони хадамоти дипломатӣ, донишмандони соҳаҳои ба равобити хориҷӣ марбут ва роҳбарони воситаҳои ахбори умум гуфтугӯи мустақим сурат гирифта, муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ, ояндабинии равандҳои умдаи арсаи ҷаҳониву минтақавӣ, омӯзиши афкори ҷамъиятӣ, арзёбии ибтикороти байналхалқии давлати мо ва ғайраро анҷом додан мувофиқи мақсад мебошад.

Дигар ин, ки дипломатҳои тоҷик то ҳол дар тақвими миллӣ рӯзи касбии худро надоранд. Гумон мекунам, вақти он расидааст, ки баъд аз омӯзиши ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ ин масъала низ баррасӣ гардида, тибқи таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ дар ин мавзӯъ низ тасмим гирифта шавад.

Мавқеъ ва аҳамияти фаъолияти сафоратхонаҳо дар низоми хадамоти дипломатии тоҷик ба ҳама маълум аст. Вале бояд фаромӯш накунем, ки сафирон ва сафоратхонаҳое, ки ба онҳо роҳбарӣ мекунанд, танҳо аз як Вазорати корҳои хориҷӣ намояндагӣ намекунанд.
Онҳо намояндаи Роҳбари давлати Тоҷикистон дар назди роҳбари давлати дигар буда, манфиатҳои миллии тамоми кишварро дар хориҷи он муаррифӣ ва ҳимоят менамоянд.

Ин ҳолат ба сафиру сафоратхона ваколатҳои зиёд дода, ҳамзамон бо ин, бояд ҳисси масъулияти онҳоро дар назди давлату мардуми Тоҷикистон ба маротиб афзун гардонад.

Сафирон ва намояндагони дипломатии мо вазифадоранд, ки на танҳо вазъи мамлакати пазиранда, балки вазъи худи Тоҷикистонро низ ба таври дурусту аниқ дар мулоқоту музокироти дипломатӣ арзёбӣ намоянд ва фарҳангу таърихи ғановатманди моро ба таври шоиста намояндагӣ кунанд.

Илова бар ин, онҳо бояд иртиботи мутақобилаи вазифаҳои дар назди кишварашон истодаро бо вазъи умумии ҷаҳону минтақа равшану дақиқ дарк намоянд. Мо аз онҳо таҳлили касбӣ ва пешбиниву пешниҳодҳои мушаххасро интизорем.

Вале, мутаассифона, сифату мазмуни аксари номаҳои иттилоотие, ки аз сафирону намояндагиҳои дипломатии мо мерасанд, моро ҳанӯз қонеъ карда наметавонад.

Ҳамзамон бо ин, ба ташаббусҳои оқилонаву рӯзмарраи намояндагиҳои дипломатии мо дар кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бояд таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардад.

Ба онҳо барои амалӣ сохтани иқдомоте, ки метавонанд дар самтҳои алоҳидаи фаъолияти сиёсати хориҷӣ боиси пешрафти назаррасе гарданд, дар ҳар маврид аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ мадади амалӣ расонидан зарур аст.

Умуман бояд қайд кард, ки дар масоили кадрӣ мо камбудиву норасоиҳои зиёд дорем, ҳам дар мавзӯи омода кардани кадрҳои лоиқу кордон, сатҳи баланди касбидошта, донандагони умдатарин масоили ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳои касби байналмилалӣ ва ҳам дар масоили ҷобаҷогузории кадрҳо.

Имрӯз мо бояд ба ин масъалаҳо ҳам дар дастгоҳи марказии вазорат ва ҳам дар сафоратҳову намояндагиҳо диққати ҷиддӣ диҳем, то беҳтарин кадрҳои мо ба вазифа соҳиб шаванд.

Дар масоили хизматрасониҳои консулӣ ба шаҳрвандон, алалхусус атбои хориҷӣ, шикояту мушкилоти зиёд ба чашм мерасад.

Гумон мекунам бо ин масъала, ки ба сатҳи обрӯву манзалати Тоҷикистон бевосита таъсир мерасонад, бояд ҷиддан муносибат намоем ва камбудиву норасоиҳои мавҷударо аз байн бардорем.

Дар айни ҳол, дар вазъи имрӯзаи технологияҳои иттилоотӣ, мо бояд дар бораи таъсис намудани шабакаи фарогири иттилоотӣ, ки хадамоти консулӣ, марзбонӣ, амниятӣ ва ниҳодҳои дигарро ба ҳам пайваст намуда, имконияти мудохиларо ба умури консулӣ комилан аз байн барад, фикр намоем.

Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Саридораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Хадамоти муҳоҷират вазифадор карда мешаванд, ки дар бораи таъсису танзими шабакаи электронии фарогири масоили додугирифти раводид ва рафтуомади шаҳрвандон, аз ҷумла атбои хориҷӣ, дар муддати шаш моҳ пешниҳод манзур намоянд.

Масъалаи назорати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ низ яке аз мавзӯъҳои муҳиме маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияташро бояд беҳтар созад.

Ин бахши кори вазорат бояд бо мутахассисони беҳтарин тақвият дода шавад, чунки хулосабарорӣ нисбат ба ҳар гуна лоиҳае, ки вазоратҳои дигар таҳия мекунанд, бар дӯши шумост.

Вазоратро зарур аст, ки оид ба ҷараёни татбиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон таҳлилу пешниҳодоти худро мунтазам ба Ҳукумати Тоҷикистон манзур намояд.

Ҳамчунин дар аснои омодагии сафарҳои расмии Роҳбари давлат ба кишварҳои хориҷӣ бояд на ба шумораи созишномаҳо, балки ба сифату аҳамиятнокии санадҳои имзошаванда диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Мусоидат ба эҷоди симои мусбати Тоҷикистон дар хориҷа барои Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии давлати мо дар хориҷа яке аз масъалаҳои марказӣ мебошад. Барои Тоҷикистон масъалаи ҳифзи мартабаву манзалат, обрӯю эътибор ва шарикии боэътимод дар мадди аввал қарор дорад.

Вазъият дар ин арса ҳамоно беҳбудиро тақозо дорад. Бинобар ин, вазорат дар ин самт бояд сатҳи корро беҳтар намояд.

Давлати мо солҳои охир ба масъалаҳои вазъу дурнамои фазои иттилоотии худ, ҳифзу ғанигардонии он муносибати торафт ҷиддӣ зоҳир намуда, ин омилро чун яке аз воситаҳои асосии эҷоди шинохти мусбати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ истифода бурданист.

Зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамкории худро бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми кишварҳои хориҷӣ беҳтар роҳандозӣ намуда, нуфузашро дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоии он ба таври назаррас афзоиш диҳад.

Дар хотима мехостам ёдрас намоям, ки имсол мову шуморо корҳои зиёду муҳим дар пешанд. Дар кишвар гузаронидани чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба Соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, дар назар аст.

Муваффақияти онҳо дар аксари мавридҳо аз кору фаъолияти дипломатҳо вобаста аст. Итминон дорам, ки фаъолияти шумо минбаъд бештар ҷавобгӯи талабот гашта, стратегия ва амалияи байналмилалии давлати моро ба ҳадафҳои асосиаш боз ҳам наздиктар месозад.

Дар ин ҷода ба шумо барори кору ғайрати дучанд орзу дорам.

Ҳамеша саломату комёб бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520