Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ба ифтихори солгарди 66 Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

09.05.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаи ҷумҳуриявии 66 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф овард.

Ба муносибати ин санаи фархунда дар ин ҷо шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қуш?нҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф оростанд.

Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз гашт.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.

Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аз номи Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар гузошта шуданд.

Хотираи неки қурбониёни ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчунин бо дақиқаи хом?шӣ пос дошта шуд.

Аз ороишҳои дигари тантанаи идонаи бахшида ба солгарди 66 Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 расми гузашти бошукўҳи ҷузъутомҳои низомии гарнизони ҳарбии Душанбе аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сўҳбат намуда, аз аҳволи рўзгорашон пурсон шуд.
Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созандагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Иштирок дар ин тантанаи идона хусусан барои гурўҳи 200 – нафараи наваскарон, ки барои савгандёдукунӣ ба ин мавзеи таърихӣ омада буданд, басо гуворою хотирмон ва омўхтанӣ буд.

Онҳо дар ин фазои идона ва мавзеи ёдоварӣ аз қаҳрамонию ҷонфидоиҳои размидагони ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барои садоқат ба халқу Ватан, давлату ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, фарзандони содиқи Ватан ва сарбозони бошарафи Тоҷикистони азиз будани худро собит намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520