Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

25.05.2011 17:00, ноҳияи Данғара

Рўзҳои 24 ва 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва доир намудани маҷлиси машваратӣ бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд ва ҳамчунин масъулини сатҳи ҷумҳуриявии ин соҳа дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қарор дошт.

Боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи Сайёди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагии ёрирасони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик шинос шуд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бояд дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар боғу токзори намунавӣ бунёд ёбад ва ин мавзеъ ба маҳалли дилкаши туристию сайёҳӣ ва истироҳату фароғат табдил ёбад. То имрўз аллакай дар майдони 200 гектар боғу токзори намунавӣ бо риояи пешқадамтарин қоидаҳои агротехникӣ бунёд ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат бо деҳқонону боғпарварон ва мардуми деҳоти атроф онҳоро ба ободонии ин ва дигар мавзеъҳои атроф ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки онҳо «оянда дар ин ҷо метавонанд муаррифону тарғибгарони фарҳанги волои заминдорӣ, зебоипарастӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон бошанд, зеро ин мавзеъ дар ду паҳлуи Шоҳроҳи бузурги абрешим қарор дорад».

Дар ҷамоати деҳоти Себистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо ҷараёни барқарорсозии токзори кўҳнаи хоҷагии деҳқонии Раҳима аз наздик шинос шуд. Тавре зикр гардид, хоҷагӣ майдони 18 гектар замини токзори кўҳнаи аз нав барқароршударо дар ихтиёр дорад. Чунонки аён шуд, токзори аз кундаи ниҳолҳои сисола барқароршуда нашъунамои хуб дорад.

Аҳли хоҷагӣ дар як гўшаи заминҳояшон барои худ, ҳамчунин картошка кишт намудаанд. Дар миёни қаторҳои картошка онҳо, ҳамчунин парвариши помидорро ба роҳ мондаанд, нишонаи истифодаи босамар аз замин аст.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ташриф оварда, аз заминҳои кишти ғалла, пахта, сабзавоту полезӣ ва боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии он дидан карда, деҳқонону боғпарваронро ба истифодаи босамари заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва саҳмгузорӣ ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ҳидоят намуд.

Аз ҷамоати Оқсу Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ташриф оварда, заминҳои ғаллазор, пахта, сабзавоту полезӣ ва боғутокзори хоҷагиҳои деҳқониро аз назар гузаронд ва бо деҳқонону мутахассисони пешқадами кишоварзӣ сўҳбатҳои судманд анҷом дод.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мутахассисони соҳа фаъолияти хоҷагии деҳқонии Имоми Аъзам ва истифодаи босамари заминҳои обӣ аз ҷониби аҳли заҳмати он басо писанд омад. Ба иттилои раиси хоҷагӣ Рустам Азимов, дар миёни қаторҳои ниҳолҳои боғи навбунёд парвариши сабзавоту полезӣ хуб ба роҳ монда шудааст ва дар як мавсим то 3 ҳосил ба даст оварда мешавад. Онҳо дар 3 марҳила кишти сабзиро ба роҳ монда, дар тамоми фаслҳои сол ба бозор маҳсулоти тару тоза пешниҳод менамоянд. Дар ин хоҷагӣ, ки 50 га замин дар ихтиёр дорад, 60 нафар деҳқонону боғпарварон бо кори доимӣ ва маошу шароити хуби заҳмат таъмин гардидаанд.

Тавре аён гардид, яке аз беҳтарин хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Лолазор хоҷагии Сомонҷон мебошад, ки дорои беш аз 1,5 ҳазор гектар заминҳои боғу токзор, ғаллазор ва сабзавоту полезӣ аст. Зимни боздид аз як қитъаи замини пиёзи барвақтӣ, зикр гардид, ки аҳли заҳмати он аз ҳар гектари ин қитъаи 6,5 гектара то 500 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданианд.

Дар заминҳои хоҷагии Сомонҷон кишти тамоми зироатҳо ва парвариши боғу токзор ба таври намунавӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз маҳорату таҷрибаи хуби заминдории аҳли заҳмати он гувоҳӣ медиҳад.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ тасмим доранд, ки аз заминҳои ғаллаи обӣ то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, дар майдони беш аз 200 гектар кишти такрории сабзавоту полезиҳоро ба роҳ монанд ва дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар саҳми намоён гузоранд.

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғҳои ҷамоати деҳоти Корез, ки аксари онҳо ба таври намунавӣ бунёд ёфтаанд, дидан карда, ба боғпарварон барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани нигоҳубини ниҳолҳо ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ маслиҳатҳои муфид дод.

Дар мавзеи Маликобаи ҷамоати Корез Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва масъулини соҳаи кишоварзии кишвар шоҳиди кори намунавии боғпарварони маҳаллӣ шуданд. Дар ин ҷо парвариши себу нок, биҳӣ, токзор, гелос, бодом ва дигар меваҳои хушлаззат бо риояи беҳтарин усулу технологияҳои боғдорӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз сабабҳои асосии муваффақияти боғпарварони ин мавзеъ табиати биҳиштосо ва иқлими форами кўҳӣ ва наздикўҳии ин мавзеъ ба шумор меравад.

Рўзи 25 май Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Чашмаи нуқраи ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо натиҷаи фаъолияти намунавии боғпарварони он аз наздик шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар майдони 274 гектари ин мавзеи хушбоду ҳавои кўҳӣ ва наздикўҳӣ беш аз 116 ҳазор ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳои зебою дилкаш шинонда шудаанд. Дар заминҳои ин мавзеъ, аз ҷумла дар миёни қатори ниҳолҳо кишти ғалладонагиҳо ва полезӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. ҳоло дар ин ҷо 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гаштаанд. Минбаъд бо вусъати бештар пайдо намудани майдони боғҳо дар ин ҷо то 200 нафар метавонанд бо кор таъмин гарданд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ маҷлиси машваратӣ доир намуд.

Дар маҷлис рафти иҷрои буҷети давлатӣ, супоришҳои қаблан додашуда, барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, масоили вобаста ба истифодаи босамари обу замин, омодагӣ ба зимистон ва таҷлили солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷкистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба ташкили корҳои судбахш барои истодагарӣ дар муқобили мушкилоти имрўзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи сўзишворию ва маводи ғизоӣ ва камборишию камобии имсолаи Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳи асосӣ ва самарабахши коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ ба роҳ мондани истифодаи босамар аз обу замин, кишти такрории сабзавоту полезӣ ва лўбиёгиҳо ва таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аст.

«Хушбахтона мардуми заҳматкаши Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи хуб дорад, ба хусус дар соли 2008 дар шароити хушксолии шадид маҳз тавассути васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ фаровонӣ ва арзонӣ дар бозорҳои кишвар таъмин шуда буд», - ёдовар шуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки «вилояти Хатлон ва хусусан ноҳияи Данғара метавонанд, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши намоян гузоранд, зеро имкону захираҳо дар ин ҷо хеле зиёданд ва мардуми заҳматдўсти шаҳру ноҳияҳои ин вилоят бояд ин масъулиятро бо сарбаландӣ бар дўш гирифта, дар татбиқи ин ҳадафи стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд».

Тавре зикр гардид, имсол дар зиёда аз 53 ҳазор гектар заминҳои обии вилояти Хатлон ғалладона кишт карда шудааст. Бо назардошти ин ҳолат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур, ки ҳарчи зудтар ҳосили ғалладона, хусусан ғаллаи истеъмолӣ ҷамъоварӣ карда шуда, дар ин заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.

Таъкид гардид, ки барои захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва ҳам хўроки чорво тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи баъзе маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла гўшт дар бозорҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки ин кор, асосан, аз ҷониби баъзе қаллобону ҷаллобони беинсоф ба таври сунъӣ ташкил мегардад. Аз ин хотир бо муроҷиат ба онҳо ҳушдор дода шуд, ки агар корро аз роҳи адлу инсоф ташкил накунанд, бозоршинию савдогарӣ барои ҳамаи онҳое, ки худ истеҳсол намекунанд, манъ дошта мешавад, то ки худи истеҳсолкунандагон молу маҳсулоташонро бо нархҳои одилона ба фурўш бароранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин барои васеъ намудани майдони боғу токзор, хуб ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ, парвариши занбўри асал ва дар маҷмўъ афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ супоришҳои мушаххас дод. Барои зиёд намудани истеҳсолу ҷамъоварии меваю сабзавот ва саҳгузорӣ дар таъмини фаровонӣ ба сохторҳои хоҷагии ҷангал низ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Дар робита ба омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки мафҳуми иншооти ҷашнӣ бояд аз миён бардошта шавад, зеро тамоми ҳудуди кишвар ба истиқболи ин иди пурифтихор бояд дар маҷмўъ ободу зебо ва сарсабзу хуррам шавад.

Сипас ахбори раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.

Ғайбулло Авзал, аз ҷумла изҳор дошт, ки имсол дар майдони 90 ҳазор гектар заминҳои вилоят кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад. Зикр гардид, ки дар майдони 12 ҳазор гектар кишти полезиҳо ба роҳ монда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар тамоми заминҳои полезӣ баъди ҷамъоварии ҳосил кишти тирамоҳии ғалладона ба роҳ монда шавад ва таъкид дошт, ки аз ҳар гектари чунин заминҳо то 50-60 сентнерӣ ғаллаи хушсифати тухмӣ рўёндан мумкин аст.

Дар ахбори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи чанд соли охир дар вилоят 81 корхонаи нави саноатӣ бо 7 ҳазор ҷойи корӣ ва дар 4 моҳи соли равон 16 корхона бо 1100 ҷойи корӣ сохта ба кор дароварда шуд. Иҷрои буҷети давлатӣ дар 4 моҳи соли равон дар ҳаҷми 112,2% таъмин шудааст. Тибқи иттилои раис, имсол дар вилояти Суғд майдони кишти картошка ҳазор гектар афзун шуд ва бояд то 300 ҳазор тонна ҳосили ин зироат ҷамъоварӣ шавад. Кишти такрорӣ дар майдони 35, 2 ҳазор гектар бояд ба роҳ монда шавад.

Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Қодири Қосим дар гузориши худ иброз дошт, ки ҳосили зироатҳо ва боғот дар вилоят нисбат ба соли гузашта беҳтару бештар аст. Дар 4 моҳи соли равон 10 корхонаи хурди саноатии аз кор бозмонда дубора ба кор дароварда шуд. Саршумори қутос ба 20 ҳазор сар расонда шуд. Дар 1,5 ҳазор га замини ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз кишти такрорӣ ба роҳ монда мешавад. Корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Тоҷикистон муташаккилона идома доранд.

Доир ба натиҷаҳои кор, ҳамчунин Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, Раиси ҷамъиятҳои Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев ва раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузориш доданд.

Майдони кишти картошка дар ноҳияи ҷиргатол имсол ба 3 ҳазор гектар расонда мешавад ва ҳосили интизории ин зироат дар ноҳия 30 ҳазор тонна аст. Дар ноҳияи Рашт майдони кишти картошка бояд ба 2 ҳазор га расонда шавад. Чунонки аён гардид, ҳамаи ноҳияҳои картошкапарвар, аз ҷумла ноҳияҳои водии Рашт, барои зиёд намудани майдони кишти картошка талош доранд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти афзоиши талабот ба картошка дар дохил ва хориҷи кишвар истеҳсоли ин маҳсулот бояд 2 баробар зиёд карда шавад. Таъкид гардид, ки иҷрои босамари ин супориш метавонад боиси болоравии иқтидори содиротии Тоҷикистон гардад.

Ба раисони шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Рўдакию Ваҳдат барои ҷамъоварии саривақтии ғалладонагиҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавот ва шолӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар маҷлиси машваратӣ, ҳамчунин роҳбарони як қатор хоҷагиҳои пешқадами деҳқонӣ, ки кори намунавӣ доранд, аз таҷрибаҳои ибратбахши худ ҳикоят намуданд.

Раиси ноҳияи Данғара Маҳмадулло Сайдалиев дар гузориши худ, аз ҷумла изҳор дошт, ки аҳли заҳмату кишоварзони ноҳия омодаанд, ки ба шаҳру ноҳияҳои дорои имконоти маҳдуди ғаллакорӣ ва ҷамъоварии хўроки дурушти чорво дасти кўмак дароз намоянд, зеро ин ноҳия заминҳои зиёд ва имкону захираҳои фарох дорад.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз маҷлиси машварати натиҷагирӣ намуда, масъулини маҳаллӣ ва ҷумҳуриявии соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва ҳар як фарди ба ин кор алоқамандро ба масъулияти баланди ватандорӣ ва саҳмгузории арзанда дар ин раванди басо муҳим ҳидоят намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми шарифи кишвар ҷашни пурифтихори солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо фаровонию арзонӣ дар бозор, дастурхони пур аз нозу неъмат ва нишондодҳои арзишманди ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ истиқбол мегиранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520