Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек

06.06.2011 17:00, Франсия

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои Парлумони Аврупо ташриф овард.

Дар даромадгоҳи бино ўро Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек ва дигар намояндагони роҳбарияти ин сохтори соҳибнуфузи аврупоӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо нахуст бо Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон Парлумони Аврупоро яке аз сохторҳои бонуфузтарини қонунгузорӣ ва таҷассумгари афкори сиёсии ҷомеа на танҳо дар Аврупо, балки дар миқёси байналмилалӣ номида, изҳор дошт: «Сохтори парлумонии Аврупо дар та?кими муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон низ нақши созанда ва басо муҳим дорад».

Президенти Парлумони Аврупо Ежи Бузек дар посух изҳор дошт: «Тоҷикистон, ки дар қалби қитъаи Осиё қарор гирифта, бо Афғонистон, Чин ва қирғизистону Узбекистон ҳамсарҳад аст, дар он минтақа мавқеи стратегӣ дорад ва Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносибатҳо бо он манфиатдор аст».
Аз рушди босуботи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти минтақавӣ аз тариқи мубориза бо таҳдиду чолишҳои нав изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Натиҷаҳои Муколамаи дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳукуқи инсон, ки аз соли 2008 оғоз ёфта, дар заминаи он тавсияҳои зарурӣ таҳия ва амалӣ мегарданд, низ боиси қаноатмандӣ номида шуд.

Густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла бо имконоти Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо, ки ҷаласаи нахустинаш моҳи марти соли 2011 дар Брюссел доир гардида буд, зарур шумурда шуд.

Дар марҳилаи кунунии рушди муносибот ҷалби сармоя ба соҳаҳои стратегии иқтисод, идоракунии захираҳои обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, рафъи камбизоатӣ, рушди маорифу тандурустӣ, пешбурди равандҳои ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон матлуб дониста шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт:“Аксарияти мутлақи лоиҳаҳои вобаста ба татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, таҳия шуда, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд. Аз ин лиҳоз мантиқӣ мебуд, агар кишварҳои ҳамсоя дар ҳар чи зудтар амалӣ гаштани ин лоиҳаҳо ширкати фаъол медоштанд. Вале, мутаассифона, воқеияти амр дар Осиёи Марказӣ баръакси ҳол буда, ҳолати ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ҷавобгўи талаботи замон нест”.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, “имрўз воқеияти ҳол дар он аст, ки ҳаллу фасли қазияи Афғонистон дар баробари амалҳои низомию сиёсӣ ҳарчӣ бештар эҳёи иқтисодию иҷтимоии онро талаб мекунад”.

Изҳори умед карда шуд, ки Парлумони Иттиҳоди Аврупо минбаъд ҳам ба ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар асоси баробарманфиатӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо дар минтақаи аз лиҳози геополитикӣ муҳими Осиёи Марказӣ, ки имрўз дар хатти пеши паҳншавии хатару чолишҳои глобалии асри муосир қарор дорад, метавонад дар симои Тоҷикистон шарики боэътимод ва стратегии худро дошта бошад”.

Дар Парлумони Аврупо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ Габриел Албертини, Раиси ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо Тоҷикистон, Туркманистон, қазоқистон, қирғизистон, Узбекистон ва Муғулистон Паоло Бартолози, ҳамоҳангсози кулли Парлумони Аврупо оид ба масоили энергетика ва истифодабарии захираҳои об Лена Коларска-Бобинска ва Вакили Парлумон Струан Стивенсон мулоқотҳо анҷом дода, дар назди вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520