Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Посухи Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори вакилони Парлумони Аврупо

06.06.2011 17:40, Франсия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба суолҳои сершумори вакилон посух гуфт.

Вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла ба масоили дастрасии васеи аҳолии Тоҷикистон ба мактабу маориф, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини шаффофият дар кори сохторҳои идораи давлатӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

Тавре аён гардид, таваҷҷўҳи аҳли Парлумони Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ба хусус бо назардошти мавқеи калидии геополитикии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва имҷкону захираҳои фаровонаш барои таъмини рушду тараққиёти кулли ин минтақаи фарох, рў ба афзоиш дорад.

Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва посухҳои ў ба суолҳои вакилон ба 26 забони аврупоӣ тарҷума ва пахш гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520