Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Таиланд

17.05.2013 17:09, Таиланд

Музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра сурат гирифт.

Маросими расмии истиқбол дар саҳни ҳавлии бинои Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири ин кишвар хонум Йинглак Шинаватра пешвоз гирифта, ба болои минбари фахрӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, гузаштан аз назди горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо аксбардории расмӣ дар назди парчамҳо ба поён расид.

Зимни мулоқоту музокироти расмӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши ду кишвар дар самтҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки равобити ду кишвар масири дӯстии самимӣ ва ҳамшарикии созандаро касб кардаанд.

Доду гирифти мол ва сармоягузорӣ, соҳаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, туризм, маориф, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт аз ҷумлаи самтҳои ҳамкории фарогир номида шуд.

Барои густариши бештари робитаҳои ду кишвар ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Бангкок зарур шумурда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Таиланд доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз андозсупорӣ аз даромад ва сармоя ва ҳамчунин Баёнияи муштарак аз натиҷаҳои музокироти расмӣ ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520