Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон

27.05.2013 20:26, Қирғизистон

Масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари ҳамсоя нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо сипас дар музокироти расмӣ ва нахустин нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: «Муносиботи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон намунаи ҳамсоягии наку, дӯстии боэътимод ва эҳтироми мутақобила мебошад» ва афзуд, ки «мо ин анъанаҳои некро пурарзиш медонем ва барои таҳким ва ғанигардонии бештари онҳо пайваста ҷаҳду талош мекунем».

Алмазбек Атамбаев боздиди расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизстон «марҳиласоз» номида, барои ҳусни ниятҳо доир ба дастгирии эътидолу суботи Қирғизистон ва ҳамкории босамар арзи қадрдонӣ намуд. Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки муносиботи хайрхоҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон мақоми хоса касб намудаанд.

Ба сатҳ ва сифати робитаҳои судманди Тоҷикистону Қирғизистон баҳои баланд дода шуд. Зикр гардид, ки соли 2012 мубодилоти молу маҳсулоти миёни Тоҷикистону Қирғизистон  60% афзудааст ва тамоюли афзоиши он идома дорад.

Ҳарду ҷониб барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани имкону захираҳои фаровони ҳанӯз истифоданашуда дар бахшҳои гуногуни сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, илму техника ва фарҳанг омодагии устувори худро таъкид доштанд.

Барои ин ба кор даровардани механизмҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ва беш аз пеш фаъол намудани ду  комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва доир ба мушаххассозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии миёни ду кишвар зарур шумурда шуд.

Бо ишора ба ҳамрангии манфиатҳои минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ ва ҳалли масоили минтақавии нақлиётию транзитӣ ҳамгироии худро ҳамоҳанг намуда, тақвият мебахшанд.

Мувофиқа ҳосил шуд, ки нишасти дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ ояндаи наздик дар Тоҷикистон баргузор карда шавад. Ҳамчунин қарор карда шуд, ки сатҳи ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадии давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон то ба сатҳи Муовини сарвазир аз ҳарду ҷониб бардошта шавад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520