Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси сарони Шӯрои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

14.06.2006 14:00, Чин

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба дӯстони чиноиамон барои ташкили ҳамаҷонибаи мулоқоти идонаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, барои истиқболи анъанавии гарму ҷӯшон ва меҳмоннавозии ҳақиқатан чиноӣ самимона изҳори сипос намоям.

Бешубҳа, тайёрии ҳамаҷонибае, ки мизбонони мулоқот ҳамроҳи Котиботи СҲШ гузаронидаанд, раёсати дӯсти умумии мо Ху Т-сзинтао дар маҷлис ба муваффақияти кори мо мусоидат карда, ниҳоят имкон медиҳанд, ки ҳадафҳои пешбиникардаи мо ба даст оянд.

Мо аз ҳузури роҳбарони мӯҳтарами Муғулистон, Покистон, Эрон, Ҳиндӯстон ва Афғонистон , инчунин роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ хеле хурсандем, ки СҲШ бо онҳо муносибатҳои ҳамкории дарозмуддатро ба роҳ андохтааст. Ин, бешубҳа, дар бораи торафт афзун гардидани обрӯю эътибори Созмон шаҳодат медиҳад.

Басо рамзист, ки мо барои таҷлили панҷсолагии ташкили СҲШ дар шаҳри Шанхай ҷамъ омадем. Тавре, ки маълум аст, созмони ҳамкории мо дар ҳамин шаҳр ташкил ёфта буд. Моҳи апрели соли равон ба таъсис ёфтани "Панҷгонаи Шанхай" асоси- Созмони ҳамкории Шанхай 5 сол пур шуд. Ин ба мулоқоти мо шукӯҳи тоза мебахшад. Ба шумо маълум аст, ки СҲШ дар бобати мустаҳкамтар сохтани боварӣ ба ҳамдигар, ҳусни ҳамҷаворӣ, сулҳу амният дар минтақа нақши хеле муҳим бозид.

Давлатҳои муассис дар оғози ҳазорсолаи нав Созмони ҳамкории Шанхайро ташкил карда, роҳи ҳақиқатан муҳими стратегиеро пеш гирифтанд, ки давраи гузариши ҳамкории моро ба давраи сифатан нави рушд ифода карда, ба таҳдидҳо, зуҳурот ва тамоилоти марҳалаи имрӯза ҷавоб дода метавонист. Ин як навъ ҷавоби сазовор ва арзанда ба таҳдидҳои асри ХХ1 мебошад.

Вақт аҳамият ва зарурати ҳаётии тавлиди созмони моро исбот намуд. Рӯйдодҳои хеле мураккаб ва пур аз ихтилофи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар давоми панҷ соли охир барои устуворӣ ва қобили ҳаёт будани СҲШ санҷиши ҳақиқӣ ва амалӣ гашт.

Созмони ҳамкории Шанхай дар ин муддат омили муҳими ҳаёти байналхалқӣ ва ташкилоти муттасил инкишофёбандаи байналхалқӣ гардида, худро ҳамчун воситаи самарабахш , ояндадор, муҳим ва зарури ҳамкорӣ нишон дод. Ҳамаи ин ба мустаҳкам намудани муҳити боварӣ ва ошкорбаёнӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, ҷустуҷӯи амалии роҳу воситаҳои қобили қабули ҳалли проблемаҳои амнияти минтақа мусоидат мекунад.

Ба СҲШ дар назди Ассамблеяи генералии СММ мақоми мушоҳид дода шуд, ки шаҳодати эътирофи обрӯю эътибори баланди он дар миқёси ҷаҳон мебошад. Имрӯз қаламрави доманадори Аврупою Осиё, инчунин саҳнаи сиёсии ҷаҳонро бе Созмони ҳамкории Шанхай тасаввур кардан душвор аст, ки дар бобати таъмини сулҳу субот, таҳкими ҳамкорӣ, ҳусни тафоҳум ва боварии мутақобала дар минтақа ва тамоми ҷаҳон торафт бештар саҳм мегузорад.
Тавре, ки маълум аст, "Панҷгонаи Шанхай" шаш сол пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе ба Форуми Шанхай табдил дода шуда буд. Ин мулоқот дар ҷараёни боз ҳам бештар шаффоф гардонидани "фазои Шанхай " дар муносибатҳои давлатҳои узви созмон нақши муҳим бозид, ки принсипҳои асосии он, тавре, ки маълум аст, боварию эътимод ба ҳамдигар, ба назар гирифтани манфиати тарафайн, баробарӣ , ҳусни тафоҳум, эҳтироми гуногунрангии фарҳангҳо ва ҷидду ҷаҳд ба пешрафти умумӣ мебошад.

Ба ақидаи ман, имрӯз вақти он расидааст, ки дар заминаи ҳамин принсипҳо ба ташкили низоми умумии арзишҳои "Ҳамкории Шанхай " шурӯъ карда шавад.

Узвияти СҲШ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани самтҳои нави самарабахши ҳамкории ҳамаҷонибаю доманадорро, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои амният ва ҳамкорӣ ифода менамояд, ки ба қавли дӯстони чиноии мо "пояҳои " Созмон мебошанд.

Таъмини сулҳу суботи минтақа вазифаи муҳимтарини давлатҳои аъзои Созмон аст.

Аҳамияти проблемаҳои таъмини вазъияти босубот ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва тамоми қаламрави Созмон дар назди таҳдидҳо ва зуҳуроти нави замони имрӯза торафт бештар мегардад. Кӯшишҳои муташанниҷ ва тезу тунд гардонидани вазъияти минтақа қатъ нагардидаанд. Қувваҳои харобкор аз ниятҳои худ дар бораи ёфтани усулҳои нави истифодаи "се зуҳуроти бадӣ " дар фазои геополитикии Аврупою Осиё даст намекашанд. Дар Тоҷикистон, ки даҳшатҳои ҳамаиин зуҳуротро аз сар гузаронидааст, хеле хуб медонанд, ки ифротгароии сиёсӣ ва терроризми байналхалқӣ чӣ гуна бадбахтиҳоро ба бор меоранд.

Ин зуҳуроти бадӣ ба дигаргуниҳои саросари ҷаҳон мутобиқ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти худ, манбаъҳо ва воситаҳои маблағгузориро такмил медиҳад. Дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти бадӣ, инчунин ба муқобили ҷудоиандозӣ, моҷароҷӯӣ, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили минтақавӣ ба ягон созишкорӣ роҳ додан мумкин нест. Дар ин маврид ҳаминро ба назар гирифтан лозим меояд, ки қувваҳои харобкор ҳар гуна парчам ва шиорро ҳамчун ниқоб истифода мебаранд. Мо ҷонибдори чунин мавқеи муборизаи устуворона мебошем. Тоҷикистон вазифаҳои ба зимма гирифтаашро мувофиқи Муоҳидаи Шанхай дар масъалаи мубориза ба муқобили терроризм, ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ пурра иҷро хоҳад кард.

Истеҳсол ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор манбаи асосӣ ва муқтадири таъминоти терроризми байналхалқӣ ватакягоҳи молиявии он мебошад. Хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ҳамчун терроризм проблемаи умумибашарӣ буда, талаб менамояд, ки ба муқобили он муборизаи қатъӣ ва оштинопазир бурда шавад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мамлакатҳои узви СҲШ дар соҳаи мубориза ба муқобили бо роҳи ғайриқонунӣ паҳн кардани маводи нашъадор яке аз самтҳои афзалиятнок аст.

Мо пешниҳод карда будем, ки дар доираи СҲШ Маркази зидди маводи нашъадор ташкил карда шавад. Умед аст, ки давлатҳои узви созмон ин ташаббусро дастгирӣ хоҳанд кард, зеро он барои ҳамаи мо аҳамияти хеле калони амалӣ дорад.

Расонидани кӯмак ба Афғонистони бо мо дӯст дар бобати табдил додани он ба давлати устувору обод, ки рушди иқтисодии худро бе истеҳсоли маводи нашъадор таъмин карда тавонад, ба манфиати ҳамаи мо мебошад. Созмони ҳамкории Шанхай метавонад ва бояд дар ҳалли ин масъала нақши мусбат бозад.

Истифодаи фаъолонаю самарабахши гурӯҳи тамоси СҲШ ва Афғонистон бояд ба ҳалли ин масъала кӯмак расонад.

Афзун гардонидани кӯшишҳои минбаъдаи мо бо мақсади таъмини якҷояи амният боз ҳам бештар вусъат додани ҳамкории мақомоти корҳои хориҷӣ, муҳофизи қонун , хадамоти махсус ва мудофиаи давлатҳои аъзо , муқаррар намудани тадбирҳо ва воситаҳои вокуниши фаврии СҲШ нисбати воқеаҳои ғайричашмдошт дар минтақаро пешбинӣ менамояд, ки сулҳу субот ва амнияти минтақаро зери хатар мегузоранд.

Мо дар ин бобат умедворем, ки Маркази минтақавии мубориза ба муқобили терроризм дар масъалаи пешгирии таҳдидҳои зуҳуроти имрӯза нақши муҳимтарро хоҳад бозид.

Шарти муҳими пешрафти муваффақона дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои барномавӣ ва вазифаҳои муҳимтарини Созмон ба кор андохтани ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатҳоямон мебошад. Мо ба натиҷаҳои мулоқоти нахустини роҳбарони парлумонҳои мамлакатҳоямон баҳои баланд медиҳем, ки чанд ҳафта пеш дар Маскав баргузор гардид. Чунин воситаи ҳамкорӣ дар муносибатҳои ояндаи мо нақши муҳим бозида метавонад.

Дар масъалаи таъмини амният бе ҳамкории мақсадноку самарабахш дар соҳаи иқтисодиёт коре кардан имконнопазир аст. Мо дар ин бобат ҳаминро ба назар мегирем, ки давлатҳои узви созмон барои рушди иқтисодӣ ва ҳамгироӣ дар доираи он бояд тадбирҳои самарабахш андешанд.

Амалӣ сохтани онҳо бояд вусъати минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи иқтисодиёт, истифода бурдани шаклу усулҳои имрӯзаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои муштараки мақсадноки ҳамкории иқтисодӣ ва барномаҳои сармоягузорӣ, истифодаи самарабахши имкониятҳои мавҷуда бо назардошти манфиатҳои тарафайн, вусъати минбаъдаи ҳамкории бонкҳо ва муносибатҳои молиявӣ ва қарз дар байни мамлакатҳои минтақаро пешбинӣ кунад.

Ба ақидаи ман, дар доираи амалӣ сохтани чунин барномаи стратегӣ, инчунин фаъолияте, ки ҳадафи он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар баъзе мамлакатҳои узви созмон мебошад, ва чи тавре ки маълум аст,, ба зуҳуроти ҳар гуна ифротгароӣ мусоидат мекунад, таҳия кардан ва амалӣ сохтани барномаи махсси кӯмакҳои доманадор ба ин давлатҳо бо мақсади тадриҷан баробар сохтани дараҷаи рушди иқтисодӣ аҳамияти фавқулодда муҳим дорад.
Дар давлатҳои узви созмон бо мақсади ҳар чи зудтар ба даст овардани натиҷаҳои воқеии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ чунин барномаҳои афзалиятнок, аз ҷумла истифодаи оқилонаи фазои доманадори иқтисодӣ, сарватҳои бузурги табиӣ, қувваи фаровони корӣ, хусусияти ғанитар гардонидани иқтисодиёти ҳамдигар, дараҷаи хеле баланди маърифатӣ ва илмию техники аҳолиро истифода бурдан зарур аст.

Хурсандиовар аст, ки қарзҳои имтиёзноки барои давлатҳои узви созмон ҷудокардаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соли 2004 дар муддати кӯтоҳ барои амалӣ сохтани бисёр барномаҳои муҳим истифода карда шуд. Ин қарз барои мамлакати ман ҷиҳати амалӣ сохтани барномаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд- Чанак ва кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқ аҳамияти калони иқтисодӣ дорад.

Боварии комил дорам, ки вусъат додани фаъолияти минбаъда ва афзунтар сохтани нақши созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба тадбирҳои мустаҳкамтар намудани муносибатҳои доманадори давлатҳои узви созмон , бештар ривоҷ додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва бештар сохтани вуруди сармоя таъсири мусбат мерасонад.

Анҷумани тиҷоратию иқтисодии созмон, ки баробари мулоқоти идонаи мо дар Шанхай баргузор мегардад, бояд на танҳо дастовардҳои давлатҳои узви созмонро намоиш диҳад, балки ба равнақу ривоҷи ҳамкории иқтисодии мамлакатҳои азои СҲШ мусоидат кунад.

Сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои СҲШ тирамоҳи соли равон дар Душанбе ҷамъ меоянд. Умед аст, ки мулоқоти онҳо ба ҳамкории рӯзафзуни иқтисодии мамлакатҳоямон нерӯи тоза бахшида, барои боз ҳам бештар сохтани ҷузъиёти иқтисодӣ ва гуманитарии фаъолияти Созмон имкониятҳои нав муҳайё месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории рӯз то рӯз густаришёбандаи давлатҳои узви созмонро дар соҳаҳои фарҳанг , маърифат , гуманитарӣ ва ғайра махсусан ҷонибдорӣ мекунад, ки бешубҳа дар бобати амиқтар гардидани ҳусни тафоҳум ва ба ҳамдигар наздиктар шудани халқҳои мамлакатҳоямон нақши муҳим мебозанд.

Эъломияи панҷсолагии СҲШ , ки имрӯз қабул карда мешавад, ва дар он ҷидду ҷаҳди умумии мо барои вусъат додани муколама ва ҳамкории давлатҳои узви созмон дар соҳаҳои гуногун инъикос ёфтаанд, инчунин нақшаҳои наздиктарини ҳамкории бисёрсоҳаи мо дар доираи созмон муайян гардидаанд, моро даъват мекунад, ки ҷидду ҷаҳдамонро дар бобати амалӣ сохтани ҳадафҳои пешбинишуда дучанд афзунтар созем.

Ин ҷо азми қавии ҳамаи моро дар бобати пурзӯр гардонидани фаъолиятамон дар ин самт таъкид карда, изҳори умед карданиам, ки кӯшишҳои умумии мо дар бобати ривоҷ додани ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай самараи дилхоҳ медиҳад ва мо шоҳиди боз ҳам баландтар гардидани обрӯю эътибор ва нерӯю имкониятҳои он хоҳем гашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520