Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев

28.05.2013 11:52, Қирғизистон

Дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев мулоқот намуд.

Дар мулоқот паҳлӯҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар дар партави санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти ҳосилгардида баррасӣ шуд.

Жанторо Сотиболдиев, аз ҷумла таъкид дошт, ки  “Ҳукумати Қирғизистон барои татбиқи амалии саривақтӣ ва пурраи санадҳои дирӯз имзошуда аз ҳама имкону захираҳо босамар истифода мебарад”.

“Мо хоҳони рушди бештари робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҳамгироӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳои барои ҳарду кишвар афзалиятнок ҳастем”, - изҳор дошт Сарвазири Қирғизистон.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз 37 миллион доллари амрикоии соли 2011 дар соли 2012 ба 80 миллион расид ва дар се моҳи соли равон бошад ин нишондод аллакай аз 35,5 миллион гузашт.

Бо ишора ба чунин рушди тиҷорати дуҷониба изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар бо суръати аз ин бештар густариш меёбанд.

Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки корҳоро барои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди минтақавӣ ва хатти барқии CASA-1000 тавассути қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон суръат мебахшанд, то ки қудрати транзитии худро тақвият бахшанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520