Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

28.05.2013 21:15, Қирғизистон

Бегоҳии рӯз дар шаҳри Бишкек ҳамоиши ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қазоқистону Қирғизистон ба ҳам омаданд.

Дар нишасти ғайрирасмӣ масоили вобаста ба рушди ҳамгироӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мувофиқасозии тадбирҳои муштарак вобаста ба дурнамои авзои Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар дар соли 2014 зоҳир гардид.

Сарони давлатҳо омодагии худро ба мусоидат ба таҳкими амният дар марзҳои ҷанубии манотиқи зери  масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, аз ҷумла дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон таъкид доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520