Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

11.06.2010 17:00, Узбекистон

Рўзҳои 10 – ум ва 11 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон қарор дошт.

Сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошкант бо мулоқоти ў бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао оғоз ёфт.
Дар вохўрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлўи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«ҷумҳурии Мардумии Чинро мо шарики стратегӣ ва муътамади Тоҷикистон шумурда, ба таҳкиму густариши муносибот бо он манфиатдорем», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон.

Ху Тсзинтао дар навбати худ изҳор намуд, ки «ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ҳамаи тадбирҳои Тоҷикистонро баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар устуворона дастгирӣ намояд».

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, қабл аз ҳама аз татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки иқтисодию инфрасохторӣ, ки барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Ба суръат ва сифати кори ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва корхонаҳои саноати кўҳкорӣ машғуланд, баҳои баланд дода шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҳаҷми мубодилоти моли миёни Тоҷикистону Чин дар соли 2009 қариб ба 1,5 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд.

Ху Тсзинтао ба нақши байналмилалии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми намоёнаш дар омодасозии ин ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва умуман таҳкими эътибори ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ арзи сипос намуд.

Раиси ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва ҳавасмандии кишварашро оид ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла барои маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумори иқтисодӣ таъкид намуд.

Зикр гардид, ки масъалаи аз ҳисоби сандуқи қарзии Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳаҷми умумии маблағаш 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дода, барои кишварҳои аъзои ин созмон пешбинӣ шудаааст, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба Тоҷикистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дорад. Ху Тсзинтао изҳор дошт, ки имсол ҳукумати ҷумҳурии Мардуми Чин барои дастгирии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон 80 миллион юани чинӣ (6,7 юан =1$) грант ва барои бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ 5 миллион юани чинӣ кўмаки башардўстона ҷудо мекунад. ҳаҷми ҳаҷми умумии ин маблағҳо ба зиёда аз 13 миллион доллари амрикоӣ баробар аст.

ҳарду ҷониб изҳор доштанд, ки барои такмили техникии гузаргоҳи сарҳадии Кулма-қаросу ва таъмини кори он дар ҳамаи фаслҳои сол ва ҳамчунин баҳри густариши робитаҳои Тоҷикистон бо минтақаи Синсзян-Уйғури ҷумҳурии Мардуми Чин кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ, аз ҷумла масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Худи ҳамон рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзо, нозир, шарик ва меҳмони ин созмон дар консерти бошукўҳи устодони санъати Узбекистон, ки ба ифтихори ин ҳамоиши бузург таҳия шуда буд, иштирок дошт.

Субҳи рўзи 11 – июн Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ин ҳамоиш масоили вобаста ба авзои қирғизистону Афғонистон, тадбирҳои муштараки кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба таъмини сулҳу суботи минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ густариши ҳамкориро дар соҳаҳои амният, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии кори Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ намуд. Ба андешаи ў «фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар самти таъмини кори бемонеа ва босуботи роҳҳои нақлиётӣ бояд такмил дода шавад».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ даъват намуд, ки «корҳо барои таъсис додани Фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхай тезонда шаванд».

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини кори ҳадафмандонаи минбаъда пешниҳод намуд, ки «Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2020» таҳия ва дар ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳо қабул карда шавад.

Аз рўйи натиҷаи ҳамоиш як қатор санадҳо, аз ҷумла қарор дар бораи тасдиқи Низомномаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба қабули аъзои нав ба узвияти созмон ва созишномаҳо дар бораи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ба имзо расид.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мулоқотҳои судманди дуҷониба анҷом дод.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов масоили кунунии ҳамкорӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар дар фазои ошкоро ва ҳавасмандии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба масоили мубрами ҳалталаб дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар, аз ҷумла ба масъалаҳои рушди энергетикаи Тоҷикистон ва фаъолияти босуботи инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионии миёни ду кишвар, зоҳир гардид.

ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки маводи хўрока, сўзишворӣ ва дигар молҳо, ба ҷуз борҳое, ки барои сохтмони нерўгоҳи Роғун пешбинӣ шудаанд, ба ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути қитъаи роҳи оҳани Термез-Амузанг-қурғонтеппа бемонеа интиқол дода шаванд.

Масоили сохтмони нерўгоҳи Роғун мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро баҳри гузарондани ташхиси мустақили байналмилалии ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва экологии бунёди ин иншооти гидротехникӣ бори дигар таъкид намуд.

Аз рўйи масоили дигари баррасишуда сарони ду давлат ба мувофиқа омаданд, ки баҳри нигаҳдошти фазои ошкору шаффоф дар муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон робитаҳои пайваста дошта бошанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев доир ба масоили кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев қарор доданд, ки масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишварро моҳи августи соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия муфассал баррасӣ намоянд.

Дар шаҳри Тошкант Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқоти сеҷониба анҷом дод.

Таваҷҷўҳи зиёд ба масоили таҳкими амнияту субот ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавии сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ зоҳир карда шуд.

Масоили омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Россия, ки ба наздикӣ бояд баргузор шавад, низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд.

Ин ва дигар мавзўъҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон ҳамчунин дар мулоқоти дуҷонибаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ муҳокима шуд.

Мулоқотҳои судманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Муғулистон Элбегдорҷ Тсахиагийн ва Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Соманаҳалли Малайя Кришна анҷом дод.

Бо ҳамин сафари кории Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷумҳурии Узбекистон ба поён расид ва шоми рўзи 11 июн Сарвари давлат аз шаҳри Тошкант ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520