Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 60-солагии Созмони Милали Муттаҳид

17.09.2005 21:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Рӯзи 12-уми сентябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ҷиҳати иштирок дар Саммити бахшида ба ҷашни 60-солагии Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар кард.

14- уми сентябри соли 2005 дар таърихи навини Тоҷикистон боз як рӯйдоди басо муҳимму арзишманди байналмилалҷ ба вуӣӯъ пайваст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бори дигар аз минбари олитарин ташкилоти бонуфузи олам - Созмони Милали Муттаҳид суханронҷ намуда, диӣӣати аҳли толорро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарҷ ҷалб намуд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ёдовар шуд, ки панҷ сол муӣаддам дар ин толор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдории худро аз арзишҳои Сулҳ, Озодҷ ва Баробарҷ таъкид намуда, барои барҳам задани бенавоҷ ва таъмин намудани рушди саросарҷ дар тамоми олам ӯҳдадорҷ ӣабул карданд. Ин амалҳои нек дар Эъломияи Њазорсола таҷассум ёфтаанд.

Тайи ин солҳо - зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - барои татбиӣи Њадафҳои рушд корҳои зиёде ба сомон расиданд, вале пешравҷ ҳанӯз кофҷ нест. Беш аз як миллиард аз сокинони сайёра дар ӣашшоӣҷ умр ба сар мебаранд, даҳҳо ҳазор нафар кӯдакон ҳар рӯз аз гурӯснагию беморҷ ҳалок мегарданд, мушкилиҳои экологҷ афзоиш меёбад.

Терроризм, тиҷорати маводи нашадор ва ѓуломдории муосирро Сардори давлати Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷиддитарин хатарҳои глобалҷ арзёбҷ намуда, пешниҳод кард, ки талошҳои муштарак барои решакан кардани ин падидаҳои нанговар пурзӯр карда шаванд. Бахусус зарур аст, ки, - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, - ба таври дастаҷамъҷ ба саволи вобаста ба сабабҳои афзоиши зиёди зӯровариҳои террористҷ дар ҷаҳон посухе биёбем ва аз масъалаи содда кардану умумиятбахшҷ ва тобиши мафкуравию динҷ додан дур бошем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки ҳангоми аз лиҳози сиёсҷ ва ҳуӣуӣҷ арзёбҷ намудани амалиёти террористҷ меъёри дугонаро набояд истифода кунем. Террористон наметавонанд «худҷ» ва «бегона», ё худ «мӯътадил» ё «номӯътадил» бошанд.

Сардори давлат таъкид намуд, ки мубориза ба муӣобили истеҳсол ва паҳн кардани маводи нашъадор, ки ѓизобахши терроризм ва ҷинояткории байналмилалҷ ба шумор рафта, монеаи ҷиддҷ дар роҳи рушди устувор эҷод менамояд, бояд дар баробари мубориза бо терроризм аз масъалаҳои глобалии рӯз бошад. Дар ин росто, - таъкид намуд ӯ, - зарурати таъсиси шарикии глобалии самарбахши зидди маводи нашадор таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид афзун мегардад.

Эмомалй Раҳмонов иброз дошт, ки Тоҷикистон нишонаи равшан ва мусбати робитаи байни Амният ва Рушд ба ҳисоб меравад. Бо кӯмак ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид мо аввалин шуда, барои расидан ба Њадафҳои Рушди Њазорсола эҳтиёҷи кишварамонро ҳамаҷониба арзёбҷ намудем.

Фишори ӣарзҳои хориҷҷ яке аз монеаҳои ҷиддҷ дар роҳи рушди кишвари мо ба шумор меравад. Барои Тоҷикистон, - пешниҳод намуд Сардори давлат Эмомалй Раҳмонов, - усули инноватсионии ҳалли мушкилоти ӣарзҷ, ба мисли ба ҳисоб гирифтан аз рӯи шакли «ӣарз ба хотири рушди устувор» метавонад аз усулҳои самарбахш бошад.

Дар раванди рушд аҳамияти ҳамкории минтаӣавҷ махсусан дар Осиёи Марказҷ баѓоят бузург аст. Тоҷикистон ҳамеша аз фаъол ва пурзӯр намудани ҳамгироии минтаӣавҷ, аз ҷумла тавассути чунин механизмҳо ба мисли Созмони Њамкории Осиёи Марказҷ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аврупою Осиё ҷонибдорҷ менамояд.
Кишварҳои минтаӣаи мо, – ӣайд намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, – ба инкишофи мусбати равандҳои мураккаб дар Афѓонистон ба таври амиӣ манфиатдор мебошанд. Боварҷ дорем, ки ҳамкориҳои минтаӣавии гуногунҷабҳа бояд дар чорчӯбаи консепсияи «Осиёи Марказии бузург», ки дар он ҳамаро диди муштарак ба ҳам мепайвандад, ба таври комил Афѓонистонро ҳам фаро бигирад.

Яке аз сарватҳои муҳимми сайёраи мо, ки на танҳо асоси тавозуни экологҷ, балки муҳимтарин василаи некӯаҳволҷ мебошад, захираҳои обҷ ба шумор меравад. Бо назардошти аҳамияти мушкилии об барои кишварҳои Осиёи Марказҷ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов пешниҳод намуд, ки таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид механизми байналмилалии ҳамоҳангсозии кӯшишҳо ба маӣсади коҳиши оӣибатҳои марги баҳри Арал созмон дода шавад, то ин ки тавассути он амалҷ намудани лоиҳаҳои идоравии минтаӣавҷ барои расидан ба Њадафҳои Рушди Њазорсола муяссар гардад.

Ба сифати яке аз ӣадамҳои аввалин дар татбиӣи Њадафҳои даҳсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов пешниҳод намуд, ки соли 2010 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалҷ оид ба оби тоза баргузор гардад, то ки якҷоя ҷараёни татбиӣи амалии «Рӯзномаи байналмилалии об» - ро баҳо диҳем.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов изҳор дошт, ки Тоҷикистон бемайлон аз минбаъд баланд бардоштани наӣши Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси анҷумани марказии байналмилалҷ, ки ба эҷоди мавӣеъгирии муштарак дар ҳалли масъалаҳои рушд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ва татбиӣи он нисбат ба шароити мушаххас дар ҳар як кишвар равона гардидааст, ҷонибдорҷ менамояд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов мавриди пуштибонии амиӣи иштирокчиёни саммит ӣарор гирифта, тавассути шабакаҳои гуногуни иттилоотҷ дар саросари ҷаҳон паҳн гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов дар чаҳорчӯбаи ҷаласаи 60-ӯми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид субҳи рӯзи 13 сентябр дар мулоӣоти ѓайрирасмии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои олам, ки доир ба муколама ва ҳамкорҷ байни тамаддунҳо, фарҳангҳо ва динҳо ба хотири сулҳ бахшида шудааст, иштирок ва суханронҷ намуд.

Сардори давлати Тоҷикистон зимни баромадаш аз саҳми бузурги Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷаҳонҷ ёдовар шуда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани соли 2003-ро соли байналмилалии оби тоза ва солҳои 2005-2015 эълон шудани даҳсолаи амалиёти об барои ҳаётро ҳамчун падидаи арзишманд арзёбҷ намуд.

Тоҷикистон,- таъкид кард Эмомалй Раҳмонов,- омода аст, ки бо ҳама кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯбаи ин чорабинии бузурги ҷаҳонҷ идома бахшад. Зеро наӣши Тоҷикистон дар рушду инкишофи тамаддуни умумибашарҷ назаррас аст. Ба аӣидаи Эмомалй Раҳмонов ягон халӣ ва давлат, ҳатто минтаӣаҳо ва ӣитъаҳо худро аз арзишҳои умумибашарҷ дур гирифта наметавонанд, зеро танҳо дар маҷмӯъ инсоният муӣтадиру шикастнопазир аст.

Ӣарори Созмони Милали Муттаҳид, ки чанд сол ӣабл бобати эълони Соли байналмилалии гуфтугӯи тамаддунҳо ӣабул гардида буд, ӣабл аз ҳама бо назардошти эҳтирому омӯзиши ҳамаҷонибаи анъанаҳои миллҷ, фарҳангҷ ва динию таърихии кулли халӣу миллатҳои олам тавлид ёфта буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов пешниҳод намуд, ки дар доираи гуфтугӯи тамаддунҳо баробари рушди муносиботи фарҳангҷ таҳкими робитаҳои иӣтисодию тиҷоратҷ, фароҳам овардани шароитҳои пешрафту шукуфоҷ, барҳам додани омилҳои нанговари ҳазорсолаи сеюм, аз ӣабили ӣашшоӣҷ, нодорҷ, мушкилоти демографию экологҷ, амалҳои таҳдидбори террористҷ, бадбинию шиканҷа бояд дар мадди аввал гузошта шаванд. Андешаҳои асосноку башардӯстонаи Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби аҳли толор бо ӣаноатмандии комил пазируфта шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов рӯзи 15 сентябр дар шаҳри Ню-Йорк бо истифода аз имконияти мусоид дар ҳузури роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мададрасон, ки ба масъалаи дастовардҳои Њадафҳои Рушди Њазорсола бахшида шуда буд, иштирок ва суханронҷ кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ба асосгузори вохӯрҷ профессор Ҷефри Сакс, ки тобистони ҳамин сол ба Душанбе ташриф оварда буд, сипосгузорҷ намуд.
Сарвари Давлати Тоҷикистон ёдовар шуд, ки бо татбиӣи ислоҳоти маӣсадноки иӣтисодиву иҷтимоҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои назарраси пешрафт ба даст омада, тайи 5 соли охир афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилҷ 10 фоизро ташкил дод, сатҳи камбизоатҷ бошад 16 фоиз кам гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов изҳор дошт, ки мо андешаҳои профессор Ҷефри Саксро дар мавриди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти васеи расидан ба Њадафҳои Рушди Њазорсоларо то соли 2015 дорад, ҷонибдорҷ менамоем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамдастии Созмони Милали Муттаҳид омӯзиши фарохи ниёзмандиҳо барои расидан ба Њадафҳои Рушди Њазорсола гузаронида шуда, дар ҳамин асос стратегияи миллии инкишоф барои солҳои 2006 – 2015 ва стратегияи боз ҳам мукаммалтари паст кардани сатҳи камбизоатҷ барои солҳои 2006 – 2008 таҳия шуда истодаанд, - гуфт Сарвари Давлат.

Ба андешаи Сарвари Давлати Тоҷикистон камбизоатию нодорҷ асоси ҳамагуна нобаробарию муборизаҳои глобалҷ, мушкилоту таҳдидҳои нав мегардад. Аз ин рӯ фароҳам овардани шароитҳои мусоиди инкишоф дар ҳама ӣитъаҳо ва кишварҳо бояд ҳамеша аз мадди назари ҷомеаи ҷаҳонҷ дур намонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки мувофиӣи далелҳои гурӯҳҳои экспертҷ барои расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Њадафҳои Рушди Њазорсола ҳамагҷ 13 миллиард доллари ИМА зарур аст.

Сарони Давлатҳои мададрасони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорҷ ва ҳамфикрии андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ба раванди ислоҳоти бобарори иӣтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои ҳамаҷониба баҳри таҳкими суботу амнияти минтаӣа ва ҷаҳон изҳор доштанд, ки ҳама имкониятҳои мавчудаи хешро баҳри саҳмгузорҷ дар татбиӣи лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳанд кард.

Дар мулоӣоти роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои мададрасон, инчунин Президенти Сенегал Абдула Вадэ, Президенти Гана Ҷон Куфуор, Президенти Ҷумҳурии Доминикан Феркандез Рейна, Сарвазири Эфиопия Мелес Зенаве, Вазири банаӣшагирҷ ва рушди Кения Питер Нуонго ва Сафири Яман Абдулло ас-Саиди иштирок ва суханронҷ намуданд.

Масъалаи тавсиа ва густариши ҳамкорҷ бо барномаи тараӣӣиёти Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бо роҳбари мудирияти барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Камол Дарвеш ба таври даӣиӣ арзёбҷ гардид.

Барои мо,- зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,- ҳамчун кишвари дар ҳолати гузариш ӣарордошта, вазифаҳои барӣарорсозии иӣтисодиёт, бартараф намудани камбизоатҷ, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рушди дарозмуддати инкишоф дар мадди аввал меистанд.

Идомаи мантиӣии талошҳои мутаӣобилаи Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид имзои меморандуми ҳамкорҷ дар моҳи июли соли 2005 бо маӣсади дастгирии ибтикороти Тоҷикистон оид ба таҳияи стратегияи умумимиллии тараӣӣиёт ба шумор меравад, ки ба Њадафҳои Рушди Њазорсола асоснок гардида, дар назди худ вазифаи ҳарчи зудтар паст кардани сатҳи камбизоатиро гузоштааст.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти ҳукумат, - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов,- ташкили фазои мусоиди сармоягузорҷ мебошад. Ба туфайли талошҳои Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷҷ батадриҷ афзуд.

Дар вохӯрҷ Эмомали Раҳмонов ду барномаи бузурги дигар аз ҷумла Барномаи идораи сарҳадот дар Осиёи Марказҷ ва Барномаи инкишофи ҷамоаҳоро ёдовар шуда, онҳоро намунаи самарабахши ҳамкорҷ миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ номид.

Сардори давлати Тоҷикистон ба Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои мусоидат дар баргузории конфронси байналмилалҷ оид ба ҳамкориҳои минтаӣавҷ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар, ки моҳи майи соли ҷорҷ дар Душанбе баргузор гардида буд, арзи сипос намуд.
Камол Дарвеш изҳор намуд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифтааст, ки дар оянда доираи ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таӣвият диҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов дар шаҳри Ню- Йорк ба Конвенсияи байналмилалии зидди терроризми ядроҷ имзо гузошт. Ин аввалин ҳуҷҷатест, ки дар асоси пешниҳоди Федератсияи Россия аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ӣабул шудааст. Ба он Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ва роҳбарони 63 давлати ҷаҳон имзо гузоштанд.

Дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бо роҳбарони як ӣатор мамолики олам ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонҷ мулоӣоту вохӯриҳо анҷом дод.

Робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, ки ба сифати бузургтарин ташкилоти байналхалӣҷ эътироф шудааст, ривоҷу равнаӣи тозаро касб менамояд. Ин мавзӯъ дар ҷараёни мулоӣоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, ки рӯзи 16 сентябр дар ӣароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ба саҳм ва наӣши Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими сулҳу субот дар минтаӣа, рушди Тоҷикистон ва амнияту пойдории Осиёи Марказҷ баҳои баланд дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр сохт, ки маҳз таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид сулҳи тоҷикон ба марҳилаи ниҳоии худ расид ва имрӯз Тоҷикистон дар радифи кишварҳои пешрафта торафт мавӣеи устуворро касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи санаду ҳуҷҷатҳои ӣабулшуда идома диҳад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба кӯшишҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов дар ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарҷ ва таҳкими амнияти минтаӣавҷ баҳои баланд дод. Таъкид сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти мамлакат Эмомалй Раҳмонов бо маҳорати фавӣулодда баланди роҳбарҷ ба ҷаҳониён намунаи ибратомӯзи сулҳофариро нишон дод. Таҷрибаи Тоҷикистон дар баланд бардоштани пояҳои фарҳанги сулҳ омӯзанда буда, саҳми Тоҷикистон дар пешгирҷ ва мубориза бар зидди ҳамагуна падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир, аз ӣабили терроризму экстремизм ва гардиши ѓайриӣонунии маводи нашадор калон аст. Кофи Аннан аз натиҷаҳои сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ду сол ӣабл ба вуӣӯъ пайваста буд, изҳори ӣаноатмандии комил намуда, зикр сохт, ки Тоҷикистонро ояндаи неку дурахшон дар пеш аст.

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод мулоӣот кард.

Дар мулоӣот мавзӯи марбут ба таҳкими муносибатҳои гуногунҷабҳаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасии амиӣ ӣарор гирифтанд.

Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов Ҷаноби Маҳмуд Аҳмадинажодро ба муносибати пирӯзҷ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику шодбош гуфта, изҳори умед кард, ки муносибатҳои ҳасанаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон минбаъд низ дар асоси принсипу меъёрҳои бйналмилалҷ ҷараён хоҳанд гирифт.

Дар мулоӣот зикр гардид, ки иштироки Эрон дар бунёди Нерӯгоҳи обии барӣии «Сангтӯда - 2», наӣби Анзоб ва дигар барномаҳо аз иӣдомоти арзишманд дар роҳи татбиӣи амалии аҳду паймонҳое ба шумор меравад, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 ба даст омада буданд.

Роҳбарони Тоҷиикистону Эрон ба масъалаҳои боз ҳам фаъолтар сохтани ҳамкориҳои иӣтисодҷ чи дар чорчӯбаи робитаҳои дуҷониба ва чи дар доираи созмону ташкилотҳои байналмилаливу минтаӣавҷ аҳамияти хосса доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод даъват ба амал овард, ки бо сафари расмҷ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо хушнудҷ пазируфта шуд ва мӯҳлати он бо роҳҳои дипломатҷ муайян карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод бунёди Нерӯгоҳи обии барӣии «Сангтӯда-2» ва наӣби аѓбаи Анзобро аз самтҳои асосии татбиӣи барномаҳои иӣтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбҷ намуд.

Њамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов дар ҷараёни сафари корҷ ба ИМА бо ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон Аҳмад Зиё Масъуд мулоӣот намуд.

Дар ҷараёни мулоӣоти пурмӯҳтаво маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкорҷ, татбиӣи амалии созишномаҳои дуҷониба дар бахшҳои иӣтисодиву тиҷоратҷ ва илмиву фарҳангҷ мавриди баррасҷ ӣарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов аз рушди муносиботи дӯстонаи ҳамкорҷ бо Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон изҳори ӣаноатмандҷ намуда, тазаккур дод, ки баъди имзои созишномаҳо дар сатҳи олҷ дар шаҳри Кобул миёни ду мамлакати ҳамсоя марҳилаи сифатан созандаи пешрафт ибтидо ёфт.

Амалҷ намудани лоиҳаҳои муштараки стратегҷ бахусус дар соҳаи гидроэнергетика ва коммуникатсия бо маӣсади саҳмгирҷ дар раванди барӣарорсозии иӣтисодиёти Афѓонистон аз талошҳои рӯзафзуни Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, - таъкид гардид дар мулоӣот.

Ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон Аҳмад Зиё Масъуд аз номи халӣи Афѓонистон ба Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов барои талошу заҳматҳои пайгирона ва арзишманди вобаста ба вусъати раванди барӣарорсозии иӣтисодии Афѓонистон изҳори сипос кард ва афзуд, ки дар мавриди татбиӣи ба ҳар ду тараф манфиатбахши созишномаҳои байниҳукуматии моҳи апрели соли 2005-ум дар шаҳри Кобул ба имзо расида ҳамаҷониба талош хоҳад кард.

Дар сӯҳбат ҳамзамон ба як ӣатор масъалаҳои фарогири инкишофи ҳамкориҳои минтаӣавҷ, вусъати муборизаҳои байналмилалҷ бар зидди терроризм ва гардиши ѓайриӣонунии маводи мухаддир диӣӣати хосса дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов дар доираи ин сафар бо валиаҳди мамлакати Арабистони Саудҷ, муовини сарвазир, вазири дифоъ ва ҳавопаймоии мамлакат Амир Султон ибни Абдулазиз мулоӣот намуд.

Дар мулоӣот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бори дигар ба тамоми мардуми Арабистони Саудҷ бо сабаби вафоти Малик Фаҳд, ки аз шахсиятҳои сиёсии варзида ва обрӯманди ҷаҳон ба шумор мерафт, таъзия баён карда, изҳори умед намуд, ки аълоҳазрат Амир Султон ибни Абдулазиз роҳи шодравонро идома дода, ба густариши муносибот бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳд хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоӣот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов таъкид дошт, ки солҳои охир дар раванди муносибатҳои дуҷонибаи мо иӣдомоти лозима амалҷ гашта истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи майи соли 2003-юм дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудҷ Созишномаи умумии ҳамкорҷ дар соҳаи иӣтисод, тиҷорат, сармоягузорҷ, техника, фарҳанг, саёҳат, варзиш ва масъалаҳои ҷавонон ба имзо расид.

Амир Султон ибни Абдулазиз бори дигар омодагии Арабистони Саудиро ҷиҳати таҳкими муносиботи дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошта, гуфт, ки ҷиҳати сармоягузорҷ дар инкишофи робитаҳои серҷабҳаю бисёрсамта бо Ҷумҳурии Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Эмомалй Раҳмонов дар Ню-Йорк ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Африӣои Ҷанубҷ Тако Мбеки мулоӣот намуд.

Дар ҷараёни сӯҳбати пурмӯҳтаво, ки дар фазои созанда сурат гирифт, ҷонибҳо асосан ба масъалаҳои барӣарор намудани муносибатҳои ҳамкорҷ дар соҳаҳои мухталифи барои ҳарду тараф манфиатнок мубодилаи афкор намуданд. Дар ин ӣарина роҳбарони давлатҳо бештар ба масоили рушду тавсеаи робитаҳои фарҳангҷ, ки зимни нишасти сарони давлату ҳукуматҳои ҷаҳон дар Ню-Йорк ба миён омад, мароӣ зоҳир намуданд.

Эмомалй Раҳмонов ва Ҷаноби Тако Мбеки омодагии худро дар ривоҷу равнаӣи ҳамкориҳои мутаӣобилан судманд бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи иӣлимию табиҷ изҳор доштанд.

Роҳҳои тавсеаю густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИМА дар соҳаи энергетика зимни мулоӣоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов бо роҳбарони ширкатҳои энергетикии ИМА, таҳти сарварии Президенти ширкати энергетикии «ASF» Пол Њанраҳан дар Ню-Йорк мавриди таҳлил ва гуфтугӯи амиӣ ӣарор дода шуд.

Захираҳои гидроэнергатикии Тоҷикистон ва бунёди иншооти обию барӣҷ дар дарёҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст, таъкид рафт дар мулоӣот.

Тоҷикистон, ки ба густариши ҳамкориҳо бо тамоми кишварҳо дар соҳаи энергетика манфиатдор аст, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо истифода аз имкониятҳо дар ин самт комёб шавад. Аз ин лиҳоз дар ҳар вохӯриву мулоӣот ҷониби Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки бо соири кишварҳо дар ин бахш ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ монад, зикр намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов.

Намояндагони ширкатҳои энергетикии ИМА ба масъалаҳои иштирок дар бунёди иншооти гидроэнергетикҷ дар Тоҷикистон ва мавзӯоти марбут ба сармоягузории онҳо мароӣи хос зоҳир намуданд.

Дар вохӯрҷ таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифодаи иӣтидори васеи гидроэнергетикҷ метавонад на фаӣат дар таъмини кишварҳои ҳамсоя, балки дар маҷмӯъ тамоми мамлакатҳои минтаӣа бо ӣувваи барӣ ҳиссагузор бошад. Намояндагони бахшҳои энергетикии ИМА омодагии худро дар мусоидат ва ҳалли ин масъала таъкид сохтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов дар доираи барномаи ташрифи худ ба ИМА бо директори генералии ташкилоти озӯӣаворҷ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Жак Диуф дидор ва мулоӣот кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати аграрҷ ба рушди ҳамкориҳо бо ташкилоти озӯӣаворҷ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид манфиатдор аст, гуфт дар оѓози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ва афзуд, ки 75 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот маскан дошта, ба корҳои кишоварзҷ шуѓл меварзанд. Бо шарофати ислоҳоти дурусти кишоварзҷ ва ривоҷи шаклҳои нави ѓайридавлатии хоҷагидорҷ истеҳсоли маҳсулоти аграрҷ 70 фоиз афзуд, - ёдрас шуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов.

Дастгирии кормандони соҳаи илмҳои кишоварзҷ, ҷорҷ намудани технологияи муосир, таъмини тухмиҳои хушсифат, воситаҳои мубориза алайҳи ҳашароти зараррасон низ бояд аз самтҳои муҳимми ҳамкории Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти озӯӣаворҷ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид бошад, - таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов.

Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки бо талоши рӯзафзун дар оянда низ рушди ҳамкориҳо ба татбиӣи боз ҳам бобарори ислоҳоти кишоварҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳошияи Саммити Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмоновро ҳамроҳҷ дошт, бо вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Непал Рамиш Нат Пандей ба Баёнияи ҳамкорҷ оид ба барӣарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Непал имзо гузоштанд.

Ба имзо расидани ин санади байнидавлатҷ барои ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкориҳои мутаӣобилан судманди ду кишвар заминаи боэътимоди ҳуӣуӣҷ гузошт.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров ҳамчунин бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Даниэл Фред мулоӣот анҷом дод.

Дар мулоӣот масъалаҳои вобаста ба ҳамкорҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар соҳаҳои иӣтисод, амният ва мубориза ба муӣобили терроризм мавриди баррасҷ ӣарор гирифтанд.

Ҷониби Амрико ба Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории самарабахш дар соҳаи мубориза бо терроризми баналмилалалҷ ва гардиши маводи нашъадор изҳори ташаккур ва ӣадрдонҷ намуд.

Њангоми мулоӣот ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои вобаста ба дурнамои муносибатҳо, ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои муҳимми минтаӣавию байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи муштарак мубодилаи назар сурат гирифт.

Ин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ба ИМА ва иштироку суханронҷ дар саммити бахшида ба 60-солагии таъсиси мӯътабартарин созмони ҷаҳонҷ – СММ ифодаи устувору барҷастаи болоравии нуфузи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиӣлол дар арсаи ҷаҳонҷ ва таҳкими мавӣеи мамлакати мо миёни давлатҳои сулҳпарвари сайёра мебошад.

Мулоӣоту вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо роҳбарон ва ҳайатҳои расмии мамолики дуру наздики олам, муҳокимарониҳои асосноку фарогири муҳимтарин масоили глобалҷ, пешниҳодоти мушаххаси муайянсози самтҳои афзалиятноки мушкилоти минтаӣавию байналмилалҷ ва мавӣеи башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ҳамчун сиёсатмадори некназиру ояндабин бори дигар ҷаҳониёнро мутмаин сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиӣлол баробари бунёди муваффаӣонаи ҷомеаи озоду демократҷ ҳамзамон ба манфиати кулли халӣу миллатҳои дучори мушкилоти сиёсию экологҷ талош менамояд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмоновро вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷҷ Эркин Раҳматуллоев, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралҷ Наҷмиддинов, Раиси бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалҷ Алимардонов, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Додихудо Саймуддинов, Сафири фавӣулодда ва мухтори Тоҷикистон дар ИМА Њамрохон Зарипов, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Рашид Олимов ва дигар шахсони расмҷ ҳамроҳҷ намуданд.
Шоми рӯзи 17 - уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалй Раҳмонов ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520