Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия

06.04.2005 19:05, Россия

Робитаҳои дӯстонаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия таърихи қадима дошта, дар марҳилаи навини инкишоф бо касби тобиши қавитару ба ҳар ду тараф манфиатнок ривоҷи бештару беҳтар пайдо менамояд.

Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин солҳои даврони соҳибистиқлолӣ бо назардошти пайванду робитаҳои наздики мурдумони ҳар ду кишвар нияту нақшаҳои созандаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Федератсияи Россияро шарики боэътимоду стратегӣ қарор дод. Дар навбати худ роҳбарияти олимақоми ин мамлакати муқтадиру тавоно дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов – сиёсатмадори сулҳпарвару бунёдкор ва устувормавқею қавииродаро мебинад.

Соли 2004 дар таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия марҳилаи наву ояндадор ибтидо гирифт.

Рӯзи 16-уми октябри соли 2004 Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ин аввалин ташрифи расмии роҳбари олимақоми Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Имзои созишномаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумати Федератсияи Россия дастоварди муҳими сиёсати берунии Давлати Тоҷикистон, натиҷаи ибтикору талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аст, зеро нақши ин шахсияти таърихӣ мавқеи давлати навини Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои аҳамияти стратегӣ боз ҳам таҳким бахшид.Дар асоси мувофиқаҳое, ки қаблан бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин моҳҳои май ва июни соли 2004 дар шаҳрҳои Сочи ва Маскав ба даст омада буданд ҷониби Федератсияи Россия бори дигар шарики боэътимоду стратегӣ будани худро собит кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар сатҳи олӣ бо назардошти манфиатҳои миллии тарафҳо роҳҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, заминаҳои қарордодию ҳуқуқӣ ва кафолатбахши боварию эътимоди сармоягузориро пайдо карданд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодию тиҷоратии арзишманд мебошанд.

Дар шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, инчунин роҳбарони вазорату идораҳои ҳарду ҷониб имзо шуданд.

Дар асоси созишномаи оид ба ҳамкориҳои дарозмӯҳлати миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии Русалюминий ин ширкати бонуфуз дар рушди соҳаҳои гидроэнергетика, кимиё, металургияи ранга ва ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо барои ин соҳаҳо ширкати фаъол меварзад.

Аз ҷумла, бо назардошти ӯҳдадорӣ нисбати ҷалби сармоягузориҳо ба маблағи 550 млн. доллари ШМА, ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Русский Алюминий» сохтмони навбати аввали Нерӯгоҳи обии барқи Роғунро, ки иқтидораш дар як сол 4 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад, то соли 2009 ба истифода медиҳад.

Ширкати мазкур, бо назардошти ӯҳдадории он нисбати ҷалби сармоягузориҳо ба маблағи 600 млн. доллари ШМА, сохтмон ва ба истифода додани ду навбати заводи нави алюминийро дар вилояти Хатлон, ки иқтидори солонаи ҳар яки он 100 ҳазор тонн алюминийро ташкил медиҳад, ба ӯҳда дорад. Сохтмон ва ба истифода додани навбати аввали заводи нави алюминӣ то охири соли 2010 ва навбати дуюм – дар мӯҳлати то охири соли 2013 бояд амалӣ гардад.

Инчунин ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Русский Алюминий» дар мӯҳлати то охири соли 2007 бо мабалағгузории умумии 150 млн. доллари ШМА сохтмон ва ба истифода додани ду корпуси электролизии Заводи Алюминии Тоҷикро, ки иқтидори умумии лоиҳавии онҳо дар як сол 100 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад, ба ӯҳда гирифтааст.

Матлаби созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиб даровардани фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи ин Созишнома ба шаҳрвандоне нисбат дорад, ки дар асоси қонунӣ дар ду давлат кору фаъолият мекунанд ва дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ амал менамоянд.

Ба имзо расидани Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки минбаъд равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба низом даромада, ҳуқуқҳои меҳнатию ичтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия ба кор мераванд, таъмин гардад.

Аз ҳама муҳимаш он мебошад, ки собиқаи меҳнатии кормандон, ки дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави давлати қабулкунанда ба даст овардаанд, аз ҷониби тарафҳо мутаносибан эътироф мегардад ва ин собиқа бо ҳуҷҷати зарурӣ тасдиқ карда мешавад. Корманд дар мувофиқа бо қонунгузории давлати қабулкунанда ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.

Дар Созишнома масоили хизматрасонии тиббии муҳоҷирон низ ҳалли худро ёфтаанд. Ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ дар қаламрави Россия ва маҳз ба зиммаи корфармо гузоштани ҳалли он барои муҳоҷирони тоҷик аҳамияти хоса дорад.

Дар баробари ин тарафҳо ба муҳоҷирон пардохти музди меҳнат ва шароити меҳнати сазоворро таъмин менамоянд.

Тарафҳо ба муҳофизати меҳнати ошкоро (қонунӣ), фароҳамоварии шароити мувофиқ ҷиҳати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон мусоидат хоҳанд кард.

Дар Созишнома ташкили гурӯҳи кории дуҷониба барои тартиб додани механизми татбиқи Созишнома, оғози ҳамкориҳо дар миқёси минтақавӣ ва байнимуассисавӣ, ба расмият даровардани фаъолият ва пардохти музди меҳнат, риояи қоидаҳои воридшавию хориҷшавӣ, истиқомати кормандон дар ҳудуди давлати қабулкунанда, муайян намудани талаботи миқдории кормандон ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат ба таври возеҳ таъкид шудааст.

Дар асоси Созишномаи дигар «Русал» ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ва сохта ба истифода додани ду агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 4,0 млрд кВт соат дар як сол пешбинӣ шудааст.

Маблағи умумии сармоя, ки аз тарафи Федератсияи Россия барои ин корҳо сафарбар карда мешавад, беш аз 2,0 млрд доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Дар асоси Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи танзими қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Федератсияи Россия доир ба қарзҳои давлатӣ аз 9 декабри соли 2002 дар бораи пеш аз мӯҳлат баргардонидани қарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия қарзи ҷумҳурӣ ба Федератсияи Россия дар ҳудуди 300 млн доллари ШМА пардохташуда ҳисоб гардид, ин барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти боз ҳам бештарро фароҳам хоҳад овард. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар як соли охир дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 млн.доллари ШМА кам гардид.

Илова ба Созишномаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ дар асоси мувофиқаи вазорату идораҳои марбута Ҳукумати Федератсияи Россия тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳар сол таҳсили 200 нафар ҷавонони тоҷикро дар донишгоҳу донишкадаҳои олии низомии Федератсияи Россия аз ҳисоби буҷети хеш ба ӯҳда гирад.

Протоколи табодули ваколатнома ва тасдиқномаи Аҳднома оид ба мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин имзо карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ба фаъолият шурӯъ кардани пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои истиқрори сулҳу оромӣ дар минтақа ҷавобгӯ буда, ба манфиатҳои стратегии дарозмуддати ҳар ду давлат хизмат мекунад, ва хусусияти мудофиавӣ дошта, бар зидди кишварҳои дигар равона нагардидааст ва ба ғайр аз вазифаҳои ҳифзи манфиатҳои Федератсияи Россия, инчунин ба қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ мусоидат менамояд.

Моҳи октябри соли 2004 ҳамзамон Созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин имзо карда шуд. Ин Созишнома масъалаи ҳамкории ду давлат дар соҳаи ҳифзи сарҳад, тайёр намудани кадрҳо барои қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубодилаи иттилоот доир ба ин самт ва ғайраро ба танзим медарорад.

Созишнома давра ба давра супоридани қитъаҳои Сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Давлати Интиқолии Исломии Афғонистон, ки аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти амнияти федеролии Федератсияи Россия ҳифз карда мешаванд, ҳамчунин масъалаҳои амволеро, ки аз тарафи Хадамот истифода мешавад, ба тартиб медарорад.

Қабули ин созишномаҳо барои Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад ва барои ҳарду ҷониб фоидабахш мебошад, зеро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёре, ки сарҳади давлатии хешро мустақилона муҳофизат мекунад, баҳои сиёсии байналмилалӣ дода мешавад ва ин нуфузи кишварамонро дар байни давлатҳои дигар баланд мекунад.

Ин омили афзоиши боварии як қатор кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ёрии моддию техникии худро дар мустаҳакам намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ мерасонанд.

Дар як соли охир бо талошу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ҳарду кишвар пешравиҳои амиқу афзун ба амал омаданд. Мулоқоти навбатӣ дар қароргоҳи муваққатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Сочӣ, ки 6 апрели соли 2005 бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба вуқуъ пайваст, бо изҳори қаноатмандии Владимир Путин ба Сарвари Давлати Тоҷикистон аз қабули даъват ҷиҳати ташрифи корӣ ба ин мамлакат оғоз ёфт.

Ҷонибҳо инкишофи робитаҳои Тоҷикистону Россияро натиҷаи муваффақонаи хоҳишҳои мардуми ҳарду кишвар арзёбӣ карданд. Тазаккур дода шуд, ки табодули гардиши мол миёни мамлакатҳо ду баробар зиёд гардида, татбиқи маҷмӯи созишномаҳои дар ҷараёни аввалин ташрифи расмии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 дар сатҳи олӣ ба имзо расида вусъати бештар пайдо менамояд.

Дар мулоқот ба масоили муҳоҷиратӣ меҳнати Тоҷикистониён ба Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Агар ҷониби Тоҷикистон дар мавриди аз лиҳози танзимию ҳуқуқӣ таъмин намудани равандҳои муҳоҷирати меҳнатиро таъкид карда бошад, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мустақиман баъд аз мулоқот ба сохторҳои марбутаи Россия супориш дод, ки дар мавриди мусоидати лозима ба муҳоҷирин аз ҷумла дар бораи дароз намудани мӯҳлати гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Таҳким бахшидани робитаҳои низомию техникӣ ва дар ҳамин замина қонеъ намудани ниёзҳои нерӯҳои мусаллаҳи т ва идомаи ҳамкориҳо байни марзбонон низ мавзӯи асосии мулоқот қарор гирифт. Ҷониби Федератсияи Россия изҳор дошт, ки мусоидати хешро дар ин самтҳо дареғ надошта, барои таҳким бахшидани қудрати мудофиавии т аз ҷумла мустаҳкам намудани сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон талош хоҳад кард.

Ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ ҳамчун заминаи мусоидат ба оромию суботи мамолики аъзои созмон ва талоши ҳамаҷонибаи баҳри саҳмгузорӣ дар мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалии сайёра, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маънидод гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ва Владимир Путин ба раванди омодагии комил ҷиҳати оғози сохтмонҳои стратегии нерӯгоҳҳои обию барқии «Сангтӯда» ва «Роғун», инчунин фароҳам овардани шароитҳои қавитари истеҳсоли алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқи хоса зоҳир намуда дар ин маврид ба фаъолияти босамари ширкатҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду тараф баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимию тӯлони ҳамзамон ба масъалахои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар доираи ташкилоти ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ, созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ташкилоти ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар ҳамин замина мусоидати муштарак ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба хотири раҳои аз бӯҳрони мавҷуда ва бо назардошти халалдор нашудани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон амалӣ гардонидани раванди ба ихтиёри сарҳадчиёни тоҷик зина ба зина супоридани минтақахои сарҳадӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ карда шуд.

Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин натиҷаҳои мулоқотро бобарору таконбахши робитаҳои ба ҳарду ҷониб манфиатнок арзёбӣ карданд:

Ба андешаи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ҳама соҳаҳои муносиботи ду кишвар нишондиҳандаҳои рӯзафзун эҳсос мегардад. Мо дар мавриди таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, тарбияи мутахассисони маҳаллӣ дар макотиби олии ҳарбии Россия ва таъминоти техникии нерӯҳои сарҳадии тоҷик дар оянда низ талош хоҳем кард, афзуд Владимир Путин.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов вусъати ҳамдастиҳои на танҳо Тоҷикистону Россия балки кулли мамолики сулҳпарвари чаҳонро амри воқеию талаби марҳилаи кунунии афзоиши таҳдидҳои глобалӣ номид:

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар ҷавоби саволи хабарнигорон доир ба рафти татбиқи амалии созишномаҳои тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе имзогардида, қаноатмандӣ баён дошта, илова кард, ки Думаи давлатии Федератсияи Россия бо эҳсоси зарурату афзалияти инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ҳар ду кишвар ба ҷонибдории созишномаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Федератсияи Россия қарорҳои дахлдор ба тасвиб расонид. Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар фазои ҳусни тафоҳуми созанда ба поён расид ва бешубҳа қадами устуворе дар тақвияти робитаҳои мантиқан стратегию ояндадори сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистону Федератсияи Россия хоҳад буд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов ҳамроҳӣ намуданд.

Баъди анҷоми сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов шоми 6 апрели соли 2005 аз шаҳри Сочӣ ба Душанбе баргашт. Дар фурудгоҳи пойтахт Сарвари Давлатро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов истиқбол гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520