Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои хизматрасонии ТОҶ СИТИ дар шаҳри Хуҷанд

19.06.2013 14:39, шаҳри Хуҷанд

Дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои хизматрасонии ТОҶ СИТИ-ро ифтитоҳ намуд.

Чунонки зикр гардид, ин бинои панҷошёна бо харҷи қариб сеюним миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 130 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд.

Дар таҳхонаи бино толорҳои варзишӣ, намоиши кино ва утоқҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи якум дорои толори таомҳои зудомодашаванда бо 70 ҷойи нишаст ва толори хизматрасонӣ мебошад. Дар ин толор хатнасури 21 нафар писарча аз хонаи кӯдакони Хуҷанд ва аз оилаҳои камбизоат ороста шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яки онҳо тӯҳфаҳои арзишманди хотиравӣ тақдим намуд.

Ошёнаи дуюми барои толори ороиши занона ва фурӯшгоҳи либосҳои омехтаи замонавӣ ва ошёнаҳои болоӣ барои утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳҳо ва дигар утоқҳои иҷоравӣ пешбинӣ шудаанд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520