Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иди зардолу

19.06.2013 14:42, шаҳри Хуҷанд

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд омада, дар тантанаҳои иди Зардолу иштирок намуд.

Чунонки аён гардид, дар ин ҷо навъҳои гуногуни зардолуро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш баровардаанд. Дар ин ҷо тамоми навъҳои зардолуи тару тоза ва зардолую дигар меваҳои шаҳдбор дар шакли хушк ва консерва ба чашм мерасид.

Хотиррасон бояд намуд, бо дастуру супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна барқарор гардид. Ин аст, ки фаровонии меваю сабзавот дар бозори дохилӣ сол ба сол бештар гардида, нишондодҳои содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ рӯй ба афзоиш овардаанд. То имрӯз дар вилояти Суғд 54 ҳазор тонна зардолуи тару тоза ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳосили пурраи соли 2012 7 ҳазор тонна зиёд аст. Танҳо дар 5 моҳи соли равон беш аз 40 ҳазор тонна зардолуи хушк аз ҳосили солҳои пешин аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар содир карда шудааст. Хушксозии ҳосили имсола бошад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо васеъ ба роҳ монда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғутокпарварӣ, васеъ намудани боғоти олуи сиёҳ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон метавонад дар соҳаи парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад.

Дар ин намоишгоҳ, ҳамчунин намунаҳои беҳтарини тамоми навъҳои меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти замбури асал, гулу гулбуттаҳои ороиши хона ва кӯчаю хиёбонҳо ба чашм мерасид. Дар воқеъ ин намоишгоҳ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди зардолу табдил ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520