Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: “Истеҳсоли маҳсулот дар комбинати қолинбофии Қайроққум бояд ба 5-6 миллион метри мураббаъ расонда шавад”

19.06.2013 15:47, шаҳри Гулистон

Аз шаҳри Хуҷанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, бо фаъолияти комбинати қолинбофии он бевосита шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, қолинбофони Қайроққум давомдиҳандагони анъанаҳои миллии қадимаи қолинбофӣ буда, зиёда аз ним аср бо истеҳсоли қолинҳои хушсифату зебо машғул мебошанд.

Тайи чанд соли охир корхонаи Қолинҳои Қайроққум, пеш аз бо шарофати талабу пофишориҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё карда шуд. Дар ин давра тамоми таҷҳизот ва хатҳои технологӣ тармиму таҷдид гардид.

Дар муқоиса бо ҳаҷми миёнаи истеҳсоли маҳсулоти солҳои 2000-2005 соли 2012 истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона дуюним баробар зиёд шуд. Аз соли 2009 то соли 2013 барои таъмини кори пурсамар ва мунтазами корхона корҳои зиёд ба анҷом расонда шуд. Ин буд, ки соли 2009 маҳсулоти корхона дар озмуни умумиҷумҳуриявии Маҳсулоти беҳтарини сол сазовори ҷойи аввал гардид.

Новобаста ба мушкилоти молиявӣ аз ҷониби роҳбарият барои беҳтар намудани некӯаҳволии кормандон, фароҳам овардани шароити корию маишӣ диққати хоса зоҳир карда мешавад. Музди кори кормандон вобаста ба ҳаҷми кори иҷрошаванда ва дараҷаи ихтисоcнокӣ аз 350 сомонӣ то 1800 сомониро ташкил медиҳад. Шумораи рӯйхатии кормандони корхона 1055 нафар буда, вобаста ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ 350-400 нафар кормандон ҳамарӯза машғули кор мебошанд. Аз шумораи умумии коргарон 52 фоизашро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳоло дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти гуногун, аз ҷумла риштаҳои пашмин ва нимпашмин, қолинҳои пашмин, нимпашмин ва кимёвӣ, матоъҳои техникӣ аз нахи сунъӣ ва коркарди пашми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Қолинҳои баландсифат дар дастгоҳҳои муосири сохти давлатҳои Олмон, Италия, Япония, Фаронса, Полша ва Федератсияи Русия бофта мешаванд.

Корхона бо иқтидори кунуниаш дар як сол 1 миллиону 300 ҳазор метри мураббаъ қолин ва дигар маҳсулот истеҳсол менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки “то як соли оянда ин иқтидор ба 2 миллиону 600 ҳазор метри мураббаъ ва дар оянда ба 5-6 миллион расонда шавад”.

Иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ барои ба кор даровардани як коргоҳи иловагии қолинбофӣ дастгоҳҳои нави технологӣ аз Белгия ворид мегардад ва танҳо дар ин коргоҳ ҳар сол 660 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот тавлид хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520