Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин, ки дар заминаи собиқ фароғатгоҳи Уқобча–и корхонаи воҳиди давлатии Востокредмет бунёд ёфтааст, ифтитоҳ ёфт.
Навсозии куллӣ ва дубора ба истифодаи васеъ додани ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Маркази солимгардонии ҷавонон ва кӯдакони Шоҳин дар масоҳати умумии 19 га доман паҳн намуда, аз биноҳои дуошёнаи маъмурият, хобгоҳ, бинои таълимӣ, ошхона, майдончаи бачагона, се ҳавзи шиноварӣ, майдони футбол, амфитеатр ва ҳашт хобгоҳи тобистонаи якошёна иборат мебошад. Ин иншооти истироҳатию солимгардонӣ, ки бо тарҳи зебою дилкаш дорои шароити хуби замонавӣ гардидааст, дар як вақт метавонад наздики 600 нафар кӯдакону наврасонро фаро бигирад.
Корҳои ободонию кабудизоркунии марказ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Соли равон дар ҳудуди он наздики 10 ҳазор бех дарахтҳои ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шудааст.
Тибқи супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оянда дар ҳудуди ин марказ толори варзишӣ, аквапарк, маркази компутерӣ ва дигар биною инфрасохтори иловагӣ бунёд хоҳад ёфт.
Ба ифтихори ифтитоҳи марказ ва ташрифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон истироҳаткунандагони он барномаи зебою дилнишини фарҳангӣ намоиш доданд.