Дар ҳошияи ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастачамъӣ ва Шӯрои байнидавлатии ҷомеаи иқтисодии ЕврАзия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳалталаби ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таваҷӯҳи махсуси Сарони ду давлат ба тезонидани ҷараёни ҳамкориҳои иқтисодӣ бахусус дар мавриди сохтмони иншооти инфрасохторӣ аз ҷумла бунёди Нерӯгоҳи Барқи Обии «Роғун» ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.
Тарафҳо дар рафти гуфтушунид ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мароқ зоҳир намуданд.
Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи феврал ба Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом диҳад.
Дмитрий Медведев Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин даъват намуд, ки дар соли равон ба Федератсияи Россия бо сафари давлатӣ ташриф орад.