Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Давлати Кувайт шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ

23.06.2013 20:33, Кувайт

Қабл аз музокироти сатҳи олӣ, ки бо иштироки сарони ду давлат баргузор мегардад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Давлати Кувайт  шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад  Ассабоҳ низ мулоқот намуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳким ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад Ассабоҳ изҳор дошт: “Боздиди навбатии Шумо ба Давлати Кувайт пурбаракат аст”.

Зимнан ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони љањонии савдо барои густариши чунин ҳамкорӣ муҳим дониста шуд.

Доир ба роҳҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ дар соҳаҳои роҳсозӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, мусоидат ба бозсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Давлати Кувайт  шайх Ҷобир Муборак Алаҳмад  Ассабоҳ даъват намуд, ки моҳи августи соли равон барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи олӣ доир ба об ба шаҳри Душанбе ташриф биёрад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520