Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев

10.10.2008 17:00, Қирғизистон

Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқоти судманд анҷом дод.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон моҳи августи соли равон ба имзо расида буданд, баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариш додани ҳамкории бисёрсоҳа, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон, амнияту мудофиа ва илму маориф таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520