Нимаи аввали имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар фазои созанда ва дӯстона сарони ду кишвар оид ба вазъи кунунӣ, дурнамо ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мушаххас бо таваҷҷуҳи хосса ба таҳкими равобити бисёрҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Қазоқистон дар суҳбати телефонии худ ба масоили байналмилаливу минтақавӣ ва мавзуоти мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо дахл намуданд.