Бегоҳии рӯз дар ноҳияи Бохтар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти пурсамари яке аз корхонаҳои ширкати хусусии дорусозии Мину Фарм шинос шуд.
Тавре зикр гардид, ин ширкат соли 2009 таъсис ёфта, дар аввал бо ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, беш аз ҳама решаи ширинбияву шираи камол ва омодасозии маводи доруворӣ аз онҳо машғул будааст. Ҳоло бошад дар ин ширкат ҳамчунин ҷамъоварӣ ва парвариши морҳои заҳрдор барои омодасозии доруворӣ аз заҳри онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар ин корхонаи дорусозии ин ширкат то имрӯз истеҳсоли 6 намуди маҳсулот аз шираи камол ва як намуд экстракт аз решаи ширинбия, ки асосан маҳсулоти нимтайёр барои дорусозӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоташон бештар ба давлатҳои Покистону Ҳиндустон, Чин, Япония ва Малайзия содирот карда мешавад.
Барои ҷамъоварию парвариши морҳои заҳрдор, гирифтани заҳри онҳо ва омодасозии чанд намуд дору аз он ин ширкат иҷозатномаи байналмилалӣ низ ба даст овардааст.
Ҳоло дар ин ширкат 30 нафар мутахассисони баландпояи табиатшиносу дорусоз бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Ғайр аз ин беш аз 600 нафар аз аҳолии деҳот дар мавсими ҷамъоварии ашёи хом ба кор ҷалб карда мешаванд.
Ба иттилои роҳбарияти ширкат, онҳо бо истифода аз захираю имконоти беканори табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз фаъолияти пурсамари фоидабахш ба роҳ монда ҳам ба нафъи худ ва ҳам буҷети кишвар хизмат мекунанд.