Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Владимир Путин

17.08.2006 17:00, Русия

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти як бо як анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбати доманадору пурмӯҳтаво маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба рушди муносибатҳои ба ҳарду тараф манфиатноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика ва истихроҷи гази табиии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд.

Дар мулоқот аз густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамчунин атрофи масоили минтақавӣ аз ҷумла раванди барқарорсозии Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520