Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ дар маркази ноҳияи Ҷ. Румӣ

07.07.2013 13:52, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои сеошёнаи маркази хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, дар ин бино 150 нафар бо кори доимӣ таъмин ҳоҳанд шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳи дӯзандагии он, ки дорои 40 мошини либосдӯзӣ аст, ба соҳибкорони соҳибмулк маслиҳат дод, ки ҳамаи толорҳои биноро пурра ба коргоҳҳои дӯзандагӣ табдил диҳанд. “Дар ин сурат 500 ҷойи корӣ, асосан барои занону духтарони маҳаллӣ омода мегардад, ки кори хайру савоб хоҳад буд”, - таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520