Дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 16 синфхона барои 800 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия бунёд ёфта, мизу курсӣ ва бисёр ашёи дигари он аз корхонаҳои истеҳсолии ҳамин ноҳия харидорӣ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар назди мактаб боз як бинои таълимӣ бунёд намоянд ва синфхонаҳои махсуси фанҳои физика, кимиё, биология ва дигар фанҳои дақиқро бо олоту воситаҳои техникӣ ва озмоишӣ таъмин намоянд.