Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар маркази ноҳияи Шаҳринав

20.07.2013 09:51, ноҳияи Шаҳринав

Дар маркази ноҳияи Шаҳринав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як толори наву муосири варзиширо ифтитоҳ намуд.

Чунонки зикр гардид, ин толори масоҳати умумиаш 1200 метри мукааб бо харҷи қариб 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ бунёд ёфта, барои 22 намуди варзиш пешбинӣ шудааст.

Толор ҳамчунин дорои 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Тавре иттилоъ доданд, ин панҷумин чунин толори зебою муҷаҳҳази варзишӣ дар ноҳияи Шаҳринав аст. 4 толори дигар дар ин ноҳия пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд ёфтааст.

Натиҷаи муҳайёшавии шароити мусоид аст, ки сол ба сол дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бештару беҳтар мегарданд. Онҳо дар соли 2012 54 медал, аз ҷумла 9 то мусобиқаҳои байналмилалӣ ба даст овардаанд. Дар 6 моҳи соли равон бошад, ба 45 медал сазовор дониста шудаанд. Дастовардҳои варзишгарони ин ноҳия бештар дар риштаи таэквондо ИТФ назаррас будааст. Ҳоло ду нафар таэквандогарони ин ноҳия барои иштирок дар чемпионати ҷаҳон дар Булғористон қарор доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520