Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо нишондодҳои рушди намоёни шаҳри Норак

13.08.2013 11:42, шаҳри Норак

Дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Норак Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 660 хонанда дар як баст оғоз бахшид.

Ин мактаб аз 22 синфхонаи ба таври муосир муҷаҳҳаз, аз ҷумла 7 синфхонаи дарсҳои озмоишӣ, толору утоқҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, толорҳои маҷлисию варзишӣ ва майдони варзишӣ иборат хоҳад буд. Тавре иттилоъ доданд, ҳамин рӯзҳо дар шаҳри Норак сохтмони боз як то ҳамин гуна мактаб оғоз меёбад. Барои ҳарду мактаб, ки дар маҷмӯъ барои беш аз 2500 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудаанд, ҷудо намудани наздики 70 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар маркази шаҳри Норак бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои панҷошёнаи маркази хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфт, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муродалӣ Ятимов бунёд ёфтааст. Танҳо дар 2 ошёнаи омодагаштаи ин бино беш аз 40 нафар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ошёнаи якуми бино барои маркази савдо ва хизматрасониҳои дигар пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюми он коргоҳи дӯзандагӣ омода гардидааст, ки дар он 23 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар ошёнаҳои болоии бино, ки ба наздикӣ омода хоҳанд шуд, меҳмонхона, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир шуда, дар онҳо қариб 30 нафари дигар соҳиби кор мегарданд.

Дар паҳлӯи ин бино бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бозори нави шаҳри Норак ифтитоҳ ёфт, ки аз ду бинои дуошёна ва як бинои сеошёна иборат буда, дорои беш аз 300 ҷойи корӣ мебошад. Ин бозори зебою мураттаб аз ҷониби бародарони соҳибкор Назаровҳо бо харҷи қариб 5,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он фурӯшгоҳҳои маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, либосворӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, супермаркет, меҳмонхона ва коргоҳҳои дӯзандагию заргарӣ ҷойгир карда мешаванд.

Коргоҳи дӯзандагии он аллакай омода буда, дорои 50 ҷойи корӣ аст. Дар ин ҷо дӯхти либосҳои гуногуни мардонаю занона, кӯдакона, корӣ, мактабӣ, либосвории арӯсӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Бунёдгузорон бозор бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки то охири сол дар ҳамин коргоҳ боз 50 ҷойи кории дигар бунёд намоянд.

Коргоҳи заргариаш, ки филиали корхонаи заргарии шаҳри Кӯлоб хоҳад буд, бо 50 ҷойи корӣ то охири соли равон бояд омода шавад. То он вақт шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар ин бозори замонавӣ ба 400 хоҳад расид.

Меҳмонхонаи он бо 21 ҳуҷра дорои 42 кати хоб ва шароити хуби замонавӣ хоҳад буд.

Зимни шиносоӣ бо корхонаи хусусии Тоҷикгидромонтаж Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.

Ин корхонаи дар гузашта барои сохтмони нерӯгоҳи Норак бунёдёфта, дорои таърихи пурифтихор аст. Бо вуҷуди ин, корхона дар солҳои 90 уми асри гузашта бо сабабҳои маълум қариб аз кор боз монда, ба ҳолати ногувор рӯ ба рӯ омада буд. Вале аз пас хусусӣ шудан он умри дубора пайдо намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғул шуд.

Ҳоло танҳо дар коргоҳҳои коркарди метал беш аз 30 нафар кафшергарони моҳир ва дигар мутахассисони баландпоя бо истеҳсоли конструксияҳои гуногуни оҳанию пулодӣ барои нерӯгоҳҳои барқӣ, дигар иншооти гидротехникӣ, роҳу пулҳо, нақбҳо ва дигар иншоот машғуланд.

Ғайр аз корхона вобаста ба шароити замони муосир ба истеҳсоли дигар маҳсулоти бозоргузар низ машғул аст. Аз ҷумла дар коргоҳи дӯзандагии он бо ҷалби 20 нафар занону духтарони хонашин дӯхти либосвории гуногун, пеш аз ҳама либосҳои корӣ барои бинокорон ва коргарони дигари худи корхонаи Тоҷикгидромонтаж ба роҳ монда шудааст. Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона уҳдадор шуд, ки дар давоми 5 моҳи оянда боз як коргоҳи дӯзандагӣ бо 40 ҷойи корӣ омода намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520