Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корхонаи таҷрибавӣ-механикии Норак умри дубора пайдо намудааст

13.08.2013 12:32, шаҳри Норак

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кори ба замони муосир мутобиқгардидаи корхонаи дигари машҳур, ки дар бунёди нерӯгоҳи Норак ва дигар нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон саҳми намоён гузоштааст, яъне корхонаи таҷрибавию механикӣ аз наздик шинос шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, ин корхонаи тамоман аз фаъолият бозмонда соли 2006 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ харидорӣ гардида, умри дубора пайдо намуд.

Аз соли 2006 ба ин сӯй дар ин корхона вобаста ба ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва талаби фармоишгарон аз 80 то 150 нафар машғули кор мегарданд. Ҳоло дар ин ҷо 115 нафар коргарону мутахассисони баландпоя бо кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар коргоҳҳои гуногуни ин корхона ҳоло 25 намуд масолеҳи сохтмонии аз метал ва сим омодашаванда, аз қабили сеткаҳои соҳилбандию деворсозӣ, панҷараҳои оҳанин, конструксияҳои металлӣ барои бунёди биноҳои таъиноти мухталиф, иншооти бузурги гидротехникӣ, мустаҳкамсозии канораҳои роҳҳои мошингард дар минтақаҳои кӯҳистон ва ғайра истеҳсол мегардад.

Роҳбарияти корхона мутахассисони қаблии ин корхонаро сарфи назар аз синну соли нафақавиашон бо маоши калон ба кор ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ мутахассисони хуби ҷавонро омода карда, кори рақобатпазири муассисаро ба роҳ мондаанд.

Дар натиҷа корхона қарзҳои пешинаро пурра пардохт намуда, аз нав фоидаовар шуд. Аз ҳисоби даромади корхона ҳоло дастгоҳҳои технологияи навтарин ворид шуда, коргоҳҳои нави истеҳсолӣ омода мегарданд.

Як дастгоҳи муосири оҳанбурӣ, ки бо нерӯи барқ кор мекунад, бо камтарин масраф метавонад оҳани ғафсиаш то 10 см роҳат буридан гирад ва аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла бо ороиши зебо омода намояд.

Коргоҳи нави истеҳсоли электрод, коргоҳи тавлиди гази оксиген ва гази азот бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, маҳсулоташон дар бозори дохилӣ харидорони бешумор доранд.

Дар коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз сим ва тунукаи оҳанин фаъолияти ибратбахшу фоидаовар ба роҳ монда шудааст. Масолеҳи сохтмонии тунукагӣ, ки асосан борои пӯшондани бому болопӯшҳои биною иншооти гуногун истифода мешавад, аз ҷумла, ба истилоҳ, металочерепитса дар ин корхона бо сифати баланду эътимодбахш истеҳсол мегардад.

Яке аз корҳои ибратбахши дар ин корхона роҳандозишуда ҷамоварии скутерҳои барқӣ аст, ки бе сарфи сӯзишворӣ бо нерӯи барқи аккамулятор ҳаракат мекунад. Суръати аз ҳама зиёди ин скутерҳо 60км/соат буда, бо як қуввагирии акамулятор то 60 км мегардад. Аккамуятори он мисли телефонҳои ҳамроҳ дар шароити одии хонагӣ аз хатҳои барқ қувва мегирад. Нархаш ҳам ҳамагӣ аз 3 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ аст, ки барои аксари табақаҳои аҳолии Тоҷикистон дастрас аст. 

Дар ҳудуди ҳамин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намунаҳои гуногуни маҳсулоти ҳамаи корхонаҳои саноатии шаҳри Норак бевосита шинос шуд.

Тавре аён гардид, ҳоло аксари корхонаҳои ин шаҳри саноатӣ фаъолияти самарабахш ба роҳ мондаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхонаи Бофандаи Норак бо назардошти имкониятҳои мавҷудааш дастур дод, ки дар муддати кӯтоҳ 300 ҷойи корӣ бунёд намуда, шумораи умумии коргаронро ба 400 нафар расонанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520