Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар қасри фарҳанги шаҳри Норак бо роҳбарият ва фаъолони шаҳр мулоқот намуд.
Зимни мулоқот дастовардҳои шаҳри Норак дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар солҳои охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои таъмини рушди босуботу босуръати минбаъдаи ин шаҳри ҷавон вале бисёр машҳуру овозадор ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир маҳфили тӯлонии пурсишу посух ҷараён гирифт, ки зимни он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархостҳои сершумори аҳли толор ҷавоб гуфт. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар муддати кутоҳи оянда бо ҷалби маблағҳои зарурӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ беш аз 18 километр роҳҳои дохилии шаҳри Норак навсозӣ хоҳанд шуд.